Дар Иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум, ки 27 декабри соли равон таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, беш аз 10 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳимтарини он фаъолияти МИМҲД — и вилоят дар 11 моҳи соли 2018 буд, ки доир ба он раиси вилоят маърӯза кард.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд, — зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
- Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои судманд рушди босуръати соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, соҳаи саноат, таъмин гардид, ки зиёдшавии саҳми он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ мушоҳида мешавад. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят моҳҳои январ — сентябри соли 2018 ба 12 миллиарду 766,2 миллион сомонӣ расид ва ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ 32,1 фоизро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10 миллиарду 300,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ба 108,7 фоизи ҳамин давраи соли 2017 баробар мебошад, — афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба гуфтаи раиси вилоят, соли равон 88 корхонаи нави саноатӣ бо 1406 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд.
- Соҳаи дигари муҳим кишоварзӣ мебошад, — гуфт ӯ. — Дар 11 моҳ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 7 млрд. 476,9 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд ва суръати афзоиш 107,6 фоиз таъмин гардид. Кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузошта, ба маблағи 9,5 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот намуданд.
Р. Аҳмадзода илова намуд, ки ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6000 иншоот пешбинӣ гардидааст.
Вакилон, инчунин лоиҳаи қисми даромаду хароҷоти буҷети вилояти Суғдро барои соли 2019 баррасӣ намуданд. Маълум гардид, ки буҷети вилоят соли оянда 2 миллиарду 404 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва хароҷот беш аз 1,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз рӯи масъалаҳои дигар ҳисоботи масъулини Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Адрасмон», №16 Бахтиёр Маҷидов дар бораи иҷрои ваколатҳои вакилиаш, ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят шунида шуд.
Оид ба номгузории объектҳои ҷуғрофӣ муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ гузориш дод. Зикр гардид, ки бо дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва зиёиёну сокинони деҳаи Сартуқай номи ин деҳа ба Зарбоғ иваз карда мешавад. Ҳамчунин, вакилон нақшаи генералии шаҳри Бӯстон ва якчанд карори раиси вилояти Суғдро тасдиқ карданд.
Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»