Маҳфили журналистикаи иқтисодӣ «Тавозун», ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ба мавзӯи «Буҷетикунонии барномавӣ дар Тоҷикистон» бахшида шуд.
Сарвари ташкилоти зикршуда Шаҳло Акобирова зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки тибқи таҷрибаи кишварҳои рушдёфта роҳандозии буҷетикунонии барномавӣ ба сарфаи назарраси хароҷоти буҷет мусоидат менамояд.
- Буҷетикунонии барномавӣ методологияи банақшагирӣ, иҷро ва назорати иҷрои буҷет аст, ки робитаи хароҷот ва натиҷаи иҷрои барномаҳои дар асоси ҳадафҳои стратегию иҷтимоӣ — иқтисодии мамлакат коркардшударо таъмин менамояд. Афзалияти буҷетикунонии барномавӣ шаффофият, назорат ва таъсирнокии тақсимоти захираҳост. Дар буҷетикунонии барномавӣ ба иҷро ва назорати натиҷаҳо диққати махсус дода мешавад, — гуфт номбурда.
Ба гуфти коршинос оид ба идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинзода, дар ҷумҳурии Тоҷикистон буҷетикунонии барномавӣ аз соли 2010 оғоз ёфт. Он вақт се вазорат — Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври таҷрибавӣ интихоб гардиданд.
Таҳлилгари котиботи назди Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия дар доираи Барномаи «Дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон» Георгий Гридилян дар мавзӯи «Назорати парлумонӣ дар шароити татбиқи буҷетикунонии барномавӣ» маърӯза кард. Ӯ аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ёдовар шуда, гуфт, ки дар Канада вазорату идораҳо ба парламент дар бораи нақшаю афзалиятҳои буҷетӣ ҳисобот пешниҳод мекунанд. Дар он оид ба ҳар як барнома, ҳадафу вазифаҳо, баҳодиҳӣ ба натиҷаҳо маълумот дода мешавад. Вазоратҳо дар охири сол дар бораи натиҷаҳои бадастомада аз амалишавии барномаҳо ҳисобот медиҳанд. Чунин тарзи кор ба парламент имкон медиҳад, ки салоҳиятро оид ба назорати ҳадафҳои сиёсати буҷетию иқтисодии давлат самараноктар истифода намояд.
Дар Нидерландия бошад, ҳар як вазир барои тасдиқ, иҷро ва баҳодиҳии буҷети вазорат дар асоси барномаҳои мушаххас масъулияти шахсӣ дорад. Ӯ парламентро аз комёбӣ ё нокомии вазорат дар самти амалишавии барнома огоҳ месозад.
Сардори шуъбаи банақшагирии буҷети соҳаи тандурустии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзигул Мирзоева зикр намуд, ки шаффофият ва мустақилият принсипҳои асосии буҷетикунонии барномавӣ ба шумор мераванд.
- Мақсади гурӯҳбандии барномавии буҷетӣ дар доираи як барнома муттаҳид намудани тамоми он зербарномаҳое мебошад, ки амалиёти бо ҳам алоқамандро дар соҳаи муайяни фаъолияти мақомоти алоҳидаи давлатӣ дар бар мегирад, — гуфт номбурда.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»