Дар ҷумҳурӣ осоишгоҳҳои зиёд ба мардум хизмат мерасонанд, ки метавонанд муаррифгари Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои инфрасохтори пешрафтаи соҳаи туризму сайёҳӣ бошанд. Яке аз онҳо «Хоҷаобигарм» аст, ки беш аз 80 сол боз дар барқарорсозии солимии одамон ва муаррифии табиати биҳиштосои кишвар ба мамолики дуру наздик саҳм дорад. Он соли 1935 бо ташаббуси нахустин роҳбарони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис ёфтааст ва ягона осоишгоҳ дар дунёст, ки дар он ба сифати воситаи табобатӣ об ва буғи радонии табииро бе иловаҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ин бартарияш «Хоҷаобигарм»-ро дар олам маълуму машҳур гардондааст. Айнан ҳамин элементҳои кимиёӣ дар кишвари Фаронса ҳам буд, аммо он бо сабабҳои номаълум солҳои 20-уми асри гузашта хушкид.
Дар суҳбат бо директори генералии осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» Давлаталӣ Самизода аз вазъи кунунии осоишгоҳ, дурнамои фаъолият ва дастоварду мушкилоти мавҷуда огаҳӣ пайдо намудем.
- Вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 чӣ нақша доред?
- Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» на танҳо масъулияти мо, балки масъулияти мардуми кишварро зиёд менамояд. Зеро Тоҷикистон кишвари афсонавист ва аз дилхоҳ минтақаи он имкон аст ҳамчун мавзеи сайёҳӣ истифода бурд. Аввалин тасмиме, ки гирифтем, таъмири пурраи қисматҳои «В» ва «Г»-и бинои асосии осоишгоҳ аст. Ҳоло корҳо босуръат давом доранд ва аз моҳи апрел қабули истироҳаткунандагон ба ҳуҷраҳои барҳавою ба таври замонавӣ ҷиҳозонидашуда оғоз меёбад. Ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ муроҷиат намудем, то барои мутахассисони осоишгоҳ курси бозомӯзии мутобиқ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ роҳандозӣ намояд. Тӯли як моҳ мутахассисони вазорат ба 33 корманди осоишгоҳ усулҳои нави хизматрасониро омӯхтанд. Шаш духтури дорои маълумоти олӣ ва дигар кормандони соҳаи тибби осоишгоҳ низ курсҳои такмили ихтисосро бомуваффақият хатм намуданд.
- То соли 2012 осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» дар тавозуни Кумитаи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ қарор дошту симо, сатҳи хизматрасонии он ҷавобгӯйи талабот набуд. Барои аз чунин ҳолат раҳо бахшидани осоишгоҳ бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ он ба тавозуни Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз он вақт то имрӯз дар самти ободонӣ, барқарорсозӣ ва хизматрасонӣ чӣ корҳоро анҷом додед?
- Дар ин муддат бинои «А», ки аз 8 ошёна иборат аст ва ҳуҷраҳои табобатӣ, ки дар бинои асосӣ ҷойгиранд, аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Барои ҷалби истироҳаткунандагон усулҳои нави табобатро ба роҳ монда, навъҳои табобатро ба 19 намуд расондем. Дастгоҳҳои муосири тиббӣ- табобатӣ харидорӣ намудем. Дар маҷмӯъ, барои барқарорсозӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва корҳои ободонӣ 20 миллион сомонӣ сарф гардид. Агар соли 2012 шумораи умумии кормандони осоишгоҳ 99 нафарро ташкил медод, ҳоло ба 142 нафар расидааст. Музди миёнаи меҳнат сол аз сол зиёд мешавад. Соли 2016 музди миёнаи меҳнати кормандони осоишгоҳ, ки 862 сомониро ташкил медод, алҳол ба 1002 сомонӣ баробар аст. Мувофиқи ҳисоби оморию муҳосибӣ, ки дар бойгонии осоишгоҳ мавҷуд аст, «Хоҷаобигарм» дар чор сол, то соли 2012, дар маҷмӯъ ба буҷети мамлакат 1 миллион сомонӣ андоз пардохт намудааст. Баъди ба тавозуни Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштан маблағи андози ба буҷет воридшуда танҳо дар соли 2017- ум 1 миллиону 817 ҳазору 676 сомониро ташкил дод. Даромади умумии осоишгоҳ соли гузашта ба 9 миллиону 670 ҳазору 334 сомонӣ расид. Соли 2015-ум 10078 ва 2017 15400 нафар дар осоишгоҳ истироҳат ва табобат карданд.
- Дар масъалаи ҷалби сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ чӣ тадбир андешидед?
- Сомонаи осоишгоҳ фаъол аст ва ҳар хоҳишманд метавонад бо сатҳи хизматрасонӣ, шароити маишии осоишгоҳ ва табиати минтақа аз наздик ошно шавад. Ният дорем, ки бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонем. Варақа ва дискҳои таблиғотӣ омода намудаем, ки ҳар истироҳаткунандаи хоҳишманд ҳангоми ба анҷом расидани муҳлати истироҳату табобат онҳоро аз қабулгоҳи осоишгоҳ метавонад дастрас намояд. Ҳамчунин, телевизиони хусусии осоишгоҳ пайваста бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таърихи осоишгоҳ, намудҳои табобат ва тарзи дурусти қабули онҳо барнома пахш менамояд.
- Оё дар «Хоҷаобигарм» имконияти ба роҳ мондани саёҳати кӯҳӣ вуҷуд дорад?
- Албатта. Дар ин самт мо таҷриба дорем ва ба роҳ мондани он ҳеҷ мушкил нест. Дар ҳар вақти барои хоҳишмандон мусоид мо метавонем ин намуди саёҳатро роҳандозӣ намоем.
- Чизе, ки ба чашми истироҳаткунанда аз айвони ҳуҷраҳои барҳавои осоишгоҳ зуд ба чашм мерасад, ин дар масофаи хеле наздики осоишгоҳ зиёд будани биноҳои хурду калони ба меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯнабуда аст. Онҳо дар атрофи биноҳое, ки замоне хобгоҳ ва манзили истиқоматии кормандони осоишгоҳ буданд, қомат афрохтаанд. Аз ин бармеояд, ки ин ҳудуд дар тавозуни осоишгоҳ аст…
- Охирҳои соли 2013, баробари ба вазифа шурӯъ намудан, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки харитаи ҳудуди осоишгоҳро пешниҳод намоянд. Маълум шуд, ки ҳудуди осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» 70 гектарро ташкил менамояд ва дар ҳақиқат замини ҳама иморати ёдшуда ба ҳудуди осоишгоҳ шомиланд. Дар ҳуҷҷат мо ҳамчун соҳибмулк барои дарёфти сертификати замин бо мактуби расмӣ ба МИМҲД ноҳияи Варзоб ва Кумитаи замини ноҳия муроҷиат намудем. Мутаассифона, то имрӯз бо сабабҳои бароямон номаълум ба мо муяссар нашудааст, ки ҳуҷҷатро дастрас кунем. Ҳол он ки ҳар сол маъмурияти осоишгоҳ барои 70 гектар замин андоз месупорад. Ин як тарафи масъала аст. Мушкили асосӣ он аст, ки оғози солҳои 2000- ум биноҳои мазкур шахсӣ шудаанду баъзе аз сокинони деҳаҳои гирду атроф соҳиби сертификати қитъаи замине мебошанд, ки аз ҳудуди осоишгоҳ барояшон ҷудо гардидааст. Дар фаслҳои баҳору тобистон ва тирамоҳ атрофи осоишгоҳ ба чарогоҳи чорвои сокинон табдил меёбад, ки албатта, ҳусни онро мекоҳонад. Аксари сокинони манзилҳо, ки сохтмони иншооти шахсияшонро то ҳол идома медиҳанд, аз оби радонӣ- бойигарии асосӣ ва ифтихори осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва ба даст овардани фоида истифода мебаранд. Онҳо дар ҳуҷраи биноҳои истиқоматӣ бе фароҳам овардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ қабули одамонро барои табобат бо оби радонӣ ба ивази маблағ ба роҳ мондаанд. Ҳол он ки тибқи Низомномаи осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» истифодаи чашмаҳои оби гарм барои шахсони алоҳида ва дигар субъектҳо қатъиян манъ мебошад. Аммо солҳои охир худсарона кашидани қубурҳои обгузар аз махзани оби нодир зиёд шудааст ва баъзан норасоии оби радониро ҳангоми табобати истироҳаткунандагон ба вуҷуд меорад. Мо чанд маротиба ба сокинони манзилҳои гирду атрофи осоишгоҳ, масъулони деҳоти «Варзобқалъа»-и ноҳияи Варзоб вохӯрӣ намуда, оид ба ғайриқонунӣ будани ин амал корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем. Вақте вохӯриҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд, ба МИМҲД ноҳияи Варзоб мактуби расмӣ ирсол карда, огаҳ намудем, ки нуқтаҳои қубурҳои берун аз осоишгоҳ ҷоришавандаро мебандем. Ҳамин тавр, 19 декабри соли гузашта ҷоришавии оби радониро ба берун аз осоишгоҳ қатъ намудем.
- Тавре мушоҳида мешавад, истироҳаткунандагон имкон доранд, ки дар ҳуҷраҳои истироҳатӣ давоми рӯз аз оби гарми радонӣ истифода баранд…
- Бале. Солҳои қаблӣ оби гарм ва гармӣ ба ҳуҷраҳо тавассути шабакаи барқии гармидиҳии осоишгоҳ дода мешуд, ки боиси масрафи аз ҳад зиёди қувваи барқ ва маблағи калон мегардид. Дар ҳолати сар задани садама дар пойгоҳҳои барқдиҳӣ ҳуҷраҳо аз оби гарм ва гармӣ маҳрум мешуданд. Инро ба назар гирифта, шабакаи гармидиҳии осоишгоҳро ба қубурҳои оби радонӣ пайваст намудем, ки табиатан то 98 дараҷа гармӣ дорад. Дар натиҷа, истифодаи неруи барқ бамаротиб кам гардида, сарборӣ ба зеристгоҳи барқии осоишгоҳ коҳиш ёфт. Бояд гуфт, ки манзилҳои гирду атрофи осоишгоҳ қувваи барқро то ҳол аз зеристгоҳи осоишгоҳ мегиранд. Баъзан сарбории бавуҷудомада сабаби садамаҳои барқӣ мешавад. Аз ин рӯ, чанде қабл ба раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода ҷиҳати аз зеристгоҳи осоишгоҳ ҷудо намудани хатти барқи манзилҳои хусусӣ муроҷиат намудем. Номбурда барои дастрас кардани трансформатори алоҳида мусоидат намуд ва рӯзҳои наздик он ҳал мешавад.
- Табиист, ки дар сурати ба истифода додани ҳуҷраҳои нави таъмиршуда шумораи истироҳаткунандагон меафзояд. Оё захираи тиббию табобатии осоишгоҳ барои сари вақт хизмат расонидан ба истироҳаткунандагон кифоя аст?
- Ин тамоюлро ба назар гирифта, мо толорҳои навро барои гирифтани табобат бо сандалии барқӣ ва парафин омода намуда истодаем, ки сарбориро комилан аз байн мебарад. Аз ин ҳисоб даҳҳо нафари дигар соҳиби ҷойи кор ва маоши муносиб мешаванд. Бояд гуфт, ки захираи биноҳои мавҷудаи осоишгоҳ барои боз ҳам васеъ намудани толору ҳуҷраҳои ҳама навъи табобат кофист ва хароҷоти зиёдро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки аз он самаранок истифода бурда, шумораи ҳуҷраҳои табобатиро афзун намоем.
Мусоҳиб С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»