Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Буғи шифобахши «Хоҷаобигарм» дар ҷаҳон ҳамто надорад»-ро, ки 3 апрели соли 2018 дар рӯзномаи «Садои мардум» шумораи №41 (3835) ба чоп расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба андозсупории ҶСК «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм», ки дар мақолаи мазкур дарҷ гардидаанд, чунин иттилоъ медиҳад:
Дар асоси талаботи қисми 1 моддаи 270 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм» супорандаи андози замин буда, асос барои муайян намудани андози замин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин (ҳуҷҷатҳои кадастрӣ) ба ҳисоб меравад.
Омӯзиши ҳисоботи ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи ҶСК «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм» муайян намуд, ки масоҳати заминҳои дар асоси ҳуҷҷатҳои кадастрӣ ба Ҷамъият вобастабуда 70,04 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи талаботи моддаҳои 273-279 Кодекси андоз ва қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёри индексатсияшудаи андози замин дар ноҳияи Варзоб бо дарназардошти ҳудуди минтақаи кадастрӣ муқаррар гардида, дар соли 2017 маблағи андози замини ҷамъият 716,24 сомониро ташкил намуд.
Аз тарафи мақомоти андоз ҷой доштани ҳолатҳои бидуни қайди давлатӣ аз тарафи шахсони алоҳида истифода намудани оби родонӣ дар маҳалли ҶСК «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм» баррасӣ гардида, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ тадбир андешида мешаванд.
Нусратулло Давлатзода,
раиси Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон