АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БУҲРОН БА «ТОҶИКСУҒУРТА» ТАЪСИР НАКАРДААСТ

№106 (3586) 11.08.2016

DSC_0104Муовини якуми директори КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев панҷуми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  новобаста аз буҳрони молиявие, ки дар ҷаҳон идома дорад, дар шаш моҳ фарогирӣ ба суғуртаи ихтиёрӣ бештар шуда, нақшаи пешбинишуда 127,3 фоиз иҷро гардид.  Номбурда изҳор дошт, ки корхона аз рӯи 28 намуди суғурта хизмат расонида истодааст, ки аз он 13 намуд суғуртаи ҳатмӣ ва боқимонда суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.  Дар ин давра аз ҳисоби ҳама намуди суғурта  28 миллиону 792 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид шуда, нақшаи пешбинишуда 103,3 фоиз иҷро гардид. Корхона бо 616 ҳазору 802 шахси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаи суғуртавӣ баст, ки 163 ҳазору 924 шартнома намудҳои ҳатмии суғурта ва 425 ҳазору 878 шартнома намудҳои ихтиёрии суғурта мебошад.

- Ба 7 ҳазору 729 шахси ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, 6 миллиону 969 ҳазор сомонӣ пардохт шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳазору 400 сомонӣ зиёд аст, — изҳор дошт Абдулло Абдуллоев.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2016 «Дар бораи расонидани кумаки  яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯдакӣ»  сарфи назар аз надоштани  шартномаи суғуртавӣ ба 32 хоҷагии пурра зарардида 2 ҳазор сомонигӣ ва ба 72 хоҷагии қисман зарардида 500 сомонигӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расонида шуд. Ҳамин тариқ, 142 хоҷагии аз заминларза пурра зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 284 ҳазор сомонӣ ва 504 хоҷагии қисман зарардида 252 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ гирифтанд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»