Бунёдгузори сулолаи энергетикҳои тоҷик

№27 (4133) 29.02.2020

11Баҳром Сироҷев шахсиятест, ки на танҳо дар кишвар, балки дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур аст. Исботи ин гуфтаҳо унвонҳои ифтихории ӯ — «Аълочии энергетика ва электрофикатсияи СССР» (соли 1967), «Аълочии «Барқи Тоҷик»,  «Собиқадори энергетикаи Россия» (соли 1995) ва «Энергетики фахрии Украина» (соли 2010) мебошад.

Ӯ то синфи ҳаштум дар мактаби миёнаи №1 ба номи М. Горкийи зодгоҳаш-шаҳри Истаравшан ва сипас дар мактаби миёнаи №1 ба номи Островскийи ноҳияи Шаҳринав таҳсил намуда, мактаби миёнаро бо медали нуқра хатм кард. Соли 1963 факултети энергетикаи Донишкадаи политехникии ба номи Калинини шаҳри Ленинградро бо ихтисоси «Техники шиддатҳои баланд» ба поён расонида, ба Тоҷикистон баргашт ва ҳамчун озмоишгари калон дар шуъбаи энергетикаи АИ РСС Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Дертар ба истеҳсолот гузашта, солҳои 1963 — 1965 ба ҳайси сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ (шаҳри Қӯрғонтеппа) ифои вазифа намуд ва ҳамзамон ба корҳои илмӣ машғул шуд. Моҳи майи соли 1965 бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон Баҳром Сироҷев муовини сардори «Тоҷикглавэнерго» таъин гардид.Соли 1976 дар шаҳри Москва рисолаи номзадияшро дифоъ намуда, солҳои 1981 — 1983  дар Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР дар шаҳри Москва таҳсил кард.

Баъди хатми Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои вазирони СССР, бо дарназардошти дастовардҳои истеҳсоливу илмӣ, инчунин донишу малакаи касбӣ соли 1983, баъди ба нафақа рафтани В. И. Люлчак, ки аз соли 1951 ба системаи энергетикии Тоҷикистон роҳбарӣ менамуд, сардори «Тоҷикглав­энерго» таъин гардид.

Баъдтар «Тоҷикглавэнерго» ба Ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» табдил дода шуд ва то ба нафақа  баромадан (соли 2001)  Баҳром Сироҷев роҳбари он буд.

Баҳром Сироҷев дар даъватҳои солҳои 1987 — 1990 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон, солҳои 1990 — 1995 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҷаласаи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудааст.

Ҳамчун олими соҳаи энергетика муаллифи зиёда аз 40 асари илмист. Солҳои 1984 -1988 дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ», муҷаҳҳазгардонии Неругоҳи барқи обии «Норак» фаъолона ширкат ­дошт. Дар давраи роҳбарии ӯ тавоноии муқарраршудаи системаи энергетикии Тоҷикистон 26 фоиз афзуда, вусъати хатҳои интиқоли барқ ва шумораи зеристгоҳҳо 40 фоиз зиёд гашт.

Баҳром Сироҷев доимо дар андешаи истифодаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар буд. Соли 1985 бо пешниҳоди ӯ лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2» оғоз ёфт.

Ба ғайр аз ин, дар бобати аз як марказ ба неруи барқи баландшиддат таъмин намудани аҳолӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хидмати ӯ зиёд аст. Дар давраи фаъолият Баҳром Сироҷев тавонист, ки системаи энергетикии кишварро ба яке аз низомҳои пешрафтаи энергетикӣ дар байни собиқ ҷумҳуриҳои  ИҶШС табдил диҳад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Норак» ва таъсири роҳбариву чашмикордонӣ, инчунин самимияти Баҳром Сироҷев буд, ки дар Тоҷикистон сулолаи энергетикҳо пайдо шуд. Аксарияти мутахассисони энергетикаи кишвар дастпарварони Баҳром Сироҷев ва ё аз сулолаи дастпарварони Баҳром Сироҷов мебошанд. Беҳуда нест, ки 30 октябри соли 2000 — ум дар Женева дар маросими баррасии 25 — умин созишномаи байналхалқӣ ШСХК «Барқи Тоҷик»  ба мукофоти олии ин созмон — «Ситораи тилло барои сифат ва афзалият» сазовор гардид.

Вай аз соли 1991 узви вобаста, аз соли 1992 академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ, аз соли 1993 академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Президиуми Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2019 Академияи байналмилалии муҳандисӣ Баҳром Сироҷевро  ба нишони «Шуҷоати муҳандисӣ» қадр кардааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ӯ яке аз созмондиҳандагони Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва раиси фахрии он мебошад.

Корманди шоистаи Тоҷикистон Баҳром Сироҷев, чун дорандаи  ду ордени «Нишони фахрӣ», медали «100 — солагии В. И. Ленин», ду «Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон», медали «10 — солагии ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баъди нафақа низ аз соҳаи энергетика дур нашуд. Чун олими соҳа дар аксар ҳамоишҳои илмӣ иштирок карда, ҳамчун сармушовири Гурӯҳи амалисозии лоиҳаҳои энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани экспертизаи байналхалқии НБО-и «Роғун» ҳиссаи сазовор гузошт. Ин шахсият тарафдори ақида дар бобати ба минтақа манфиатовар будани Неругоҳи барқи обии «Роғун» буда, андешаҳояшро тавассути воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар бо далелҳо иброз намудааст.

Бист сол муқаддам, вақте дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекардам, бо Баҳром Сироҷев мусоҳиба орос­там ва он бо унвони «Барқи тоҷик» — нурбахши халқи тоҷик» нашр шуд. Сипас, ӯ маро ба кор таклиф намуд.Аввал розӣ нашудам, баъд ба ним воҳиди корӣ, ки он вақт иҷозат буд, розигӣ додам. «Хайр, як командировка-дия, — изҳор намуда буд устод: -Маъқул нашавад, бармегардӣ».

Баъдтар, пурра ба ШСХК «Барқи Тоҷик» гузаштам ва «командировка» то кунун идома дорад.

Устоди гиромӣ, шахси самимӣ ва пур аз фазилатҳои неки инсонӣ Баҳром Сироҷевро, ки 3 март 80 — сола мешаванд, ба ҷашни камолот самимона табрик намуда, таманнои тандурустию офияташонро дорем. Умед мекунем, ки боз солиёни зиёд бо таҷрибаи ғанӣ дар рушди соҳаи энергетика саҳм мегузоранд.

Нозир ЁДГОРӢнависанда