Бузургтарин кишвари нимҷазираи Араб

№ 23.09.2021

сауд арабДар иҷлосияи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе доир гардид, кишварҳои Арабистони Саудӣ, Миср ва Қатар ҳамчун шарикони муколамаи СҲШ пазируфта шуданд. Ба гуфтаи коршиносон пазируфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти СҲШ ва шарикони муколама гардидани се кишвари зикршуда нуфуз ва иқтидори созмонро боз ҳам қавитар мегардонад.

23 сентябр ҷашни миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аст. Аз ин рӯ, бо истифода аз манбаҳои гуногун дар бораи ин кишвари бузургтарини нимҷазираи Араб матлаберо омода намудем.

Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз рӯи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) соли 2020 дар ҷаҳон ҷойи 19-умро ишғол намуд. Ҳаҷми ММД дар ин кишвар 680,9 миллиард долларро ташкил дод. Тибқи иттилои сарчашмаҳои  гуногун, даромади миёна ба ҳар сари аҳолии шоҳигарӣ аз 20090 то 54100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аҳолии Арабистони Саудӣ ба 33 миллион нафар расидааст, ки 6 миллиони он кормандони хориҷианд. Ҳамин тавр, шоҳигарӣ яке аз кишварҳои бузурги қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор меравад.

Бо мақсади рушди босуръати мамлакат дар ин ҷо Нақшаи стратегии рушд таҳти унвони «Kingdom of Saudi Vision 2030» қабул шудааст. Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ба Агентии иттилоотии Саудӣ (SPA) иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат то соли 2030 ба иқтисодиёти кишвар 27 триллион риёл (7 триллион доллар) ҷалб хоҳад намуд, ки ин ҷаҳиши бузурги сармоягузорӣ маҳсуб меёбад.

Ҳоло 20 дарсади захираҳои кашфшудаи нефти ҷаҳон ба Арабистони Саудӣ рост меояд. Аввалин захираҳои бузурги нефт дар он кишвар соли 1938 кашф шуда буданд. Аз рӯи маълумоти сомонаи «Russian 7. ru» содироти нафт 90 дарсади даромади содиротӣ, 75 дарсади даромади буҷа ва 45 дарсади ММД-и шоҳигариро медиҳад.

Арабистони Саудӣ, инчунин захираи фаровони мис, нуқра, фосфатҳо ва дигар канданиҳои фоиданок дорад. Ширкати «Saudi Aramco» сердаромадтарин ширкат дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Соли 2018 даромади он аз 111 миллиард доллар гузашт. Даромади софи он аз ҷамъи даромади ширкатҳои машҳури «Apple» «Amazon» ва «Alphabet» ҳам зиёд аст.

Ҳарчанд Арабистони Саудӣ кишвари бе дарё ва барои рушди кишоварзӣ нобоб бошад ҳам, соҳаи мазкур сол то сол дар ин ҷо тараққӣ карда истодааст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна ба соҳаи кишоварзии мамлакат 53 миллиард доллар маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи асосии Барномаи миллии рушди соҳаи кишоварзии шоҳигарӣ таъмини пурраи сокинони мамлакат бо маҳсулоти озуқаи истеҳсоли ватанӣ мебошад. Таҳлили рақамҳо нишон медиҳанд, ки Арабистони Саудӣ дар ин ҷода ба пешрафтҳо ноил гашта истодааст. Чунончи, соли 2015 истеҳсоли мева дар он 1 миллиону 318 ҳазору 81 тоннаро ташкил медод. Ин рақам соли 2019 ба 1 миллиону 737,8 ҳазор тонна расид. Истеҳсоли хурмо бошад аз 1 миллиону 38,51 ҳазор тонна то ба 1 миллиону 921,7 ҳазор тонна зиёд шуд. Агар соли 2015 дар шоҳигарӣ 1 миллиону 847,1 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол шуда бошад, ин рақам дар соли 2019 ба 4 миллиону 402,7 ҳазор тонна расид, ки ҷаҳиши хеле бузург аст.

Арабистони Саудӣ яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони гӯшт миёни кишварҳои халиҷи Форс ба шумор меравад. Азгӯшти дар мамлакат истеҳсолшаванда талабот ба гӯшти мурғ бештар буда, аз миқдори умумии гӯшти истеҳсоли ватанӣ 74,5 дарсадро гӯшти мурғ ташкил медиҳад.

Фермаи ширии «Ал-марай»-и Арабистони Саудӣ калонтарин фермаи ширӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар он ҷо 95000 сар гови ҷӯшоӣ нигоҳубин карда мешавад. Истеҳсоли рӯзонаи шир дар ин ферма 1 миллиард литрро ташкил медиҳад.

Кишварҳои бузурги содиркунандаи маҳсулот ба Арабистони Саудӣ Бразилия, Ҳиндустон, ИМА, Амороти Муттаҳидаи Араб, Аргентина мебошанд. Маҳсулоти кишоварзии шоҳигарӣ бештар ба АМА, Кувейт, Урдун, Уммон ва Яман содирот мешавад.

Аз миёни кишварҳои узви СҲШ Арабистони Саудӣ бо Ҳиндустон, Покистон, Хитой ва Федератсияи Россия ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ дорад.

Тоҷикистон метавонад ба Арабистони Саудӣ асал, давоҳои табиӣ аз гиёҳҳои шифобахш, обҳои маъданӣ, гелосу анор, лиму ва ангуру хушкмева содирот намояд. Манзараҳои зебо ва чашмаҳои обашон шифобахши Тоҷикистон метавонанд барои сайёҳони саудӣ ҷолиб бошанд.

Тибқи иттилои сомонаи «Arab news», Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Исломӣ барои харидани ваксинаи зидди коронавирус 20 миллион риёли саудӣ (5,3 миллион доллар) ҷудо намудааст. Кумаки мазкур тавассути Маркази наҷот ва кумаки башардӯстонаи Малик Салмон ироа хоҳад шуд. Дар арафаи Иди Қурбон аз ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 500 000 доллари амрикоӣ кумаки тиббӣ (либоси махсус, дастпӯшак ва ниқоб) расонида шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Аррушайдон изҳор намуд, ки кишвараш минбаъд низ ба Тоҷикистон дар ин ҷода кумак хоҳад намуд. Умед мекунем, ки бо Шарики муколамаи СҲШ шудани Арабистони Саудӣ ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо бузургтарин кишвари нимҷазираи Араб аз пештара бештар хоҳад гашт.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»