Ифлосиҳои пӯсту пашм дар Тоҷикистон мемонаду маҳсулоти тозаву тайёри он берун меравад
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ маҳсуб меёбад, парвариши чорвои хурду калон аз манфиат холӣ нест. Зеро, агар аз як тараф ширу гӯшти он маҳсулоти ниёзи ҳаррӯзаи мардум бошад, аз тарафи дигар, пӯст ва пашми чорво дар баробари дигар боигариҳои давлат ашёи стратегӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки чанд сол пештар Ҳукумати кишвар бо як қарор содироти пашм ва пӯсти коркардношударо ба хориҷи ҷумҳурӣ манъ кард. Дар натиҷа, корхонаҳои нави саноатии коркарди ин намуди маҳсулот бунёд шуданд. Зеро дар ҷумҳурӣ заминаи ин гуна ашёи хом фаровон аст ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола тақрибан 1 млн. 200 ҳазор — 1 млн. 800 ҳазор пӯст ва 2500- 3000 тонна пашм ҷамъоварӣ мешавад.
Муовини сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Киромова дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки солҳои пеш ҳамагӣ 8-10 ҳазор адад пӯст ва 150 – 200 тонна пашм дар дохили кишвар коркард ва боқимондааш ба хориҷи кишвар бе мамоният содирот мешуд. Аз ин рӯ, истифодабарии иқтидорҳои корхонаҳои ватании коркарди пӯст ва пашм қариб, ки ба назар намерасид.
Ин омил боиси аз байн рафтани як қатор корхонаҳо гардид. Вобаста ба ин, зарурати қабули Барнома оид ба коркарди пурраи пӯст ва пашм дар дохили кишвар ба миён омад. Ҳамин буд, ки бо дастгирии Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 таҳти №663 оид ба «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» қабул гардид. Мақсади асосии Барномаи мазкур аз фароҳам овардани шароити мусоид барои дар дохили кишвар дар давраи то соли 2015 таъмин намудани коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) — и дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли саноатӣ иборат мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо дар Нақша — чорабиниҳои Барномаи мазкур дар ҳамаи корхонаҳои соҳаи коркарди пӯст ва пашм ҷорӣ намудани технологияи пешқадами истеҳсолӣ, муҷаҳҳазгардонии корхонаҳои амалкунандаи саноатии коркарди ашё, сохтмони корхонаҳои нав ва дар ин асос зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда, афзоиш бахшидани иқтидорҳои истеҳсолот пешбинӣ шудааст.
Мавлуда Киромова ҳамчунин изҳор дошт, ки ба ҳолати нимсолаи аввали соли ҷорӣ 12 корхонаи коркарди пӯсти чорво бо иқтидори солонаи коркарди 2 млн. 530 ҳазор адад пӯст ва ду корхонаи коркарди пашм фаъол буд. Айни ҳол дар се корхонаи коркарди пӯст корҳои таъмирӣ ҷараён дорад, аммо дар нуҳтои дигари он кор идома дорад. Корхонаҳои коркарди пашм бошад, аз фаъолият бозмондаанд.
Бино ба гуфти Мавлуда Киромова, набудани фармоишгар ва талабот надоштани корхонаҳои соҳа ба пашми коркардшудаи дағал истеҳсоли он дар нимсолаи аввали соли равон ба назар намерасад. Аммо Акмал Ҷӯраев — собиқ директори ҶДММ «Ростои Суғд», ки ҳамагӣ пас аз як соли фаъолият дар самти коркарди пашм шакли фаъолияташро дигар намудааст, мегӯяд: «Сабаби кор накардани корхонаи мо дар манъ кардани содироти маҳсулот мебошад». Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки ҳангоми шурӯъ ба фаъолият дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ нуқтаи қабули пашмро ташкил карда, ин намуди маҳсулотро аз аҳолӣ дастрас менамуд. Дар корхона 70 нафар соҳиби ҷойи кор буданд. Азбаски айни ҳол талабот ба пашми дурушт ва сиёҳ дар дохили ҷумҳурӣ кам аст, он пас аз шустушӯ ва коркарди аввалия ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон содирот мешуд. Баъд аз қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки содироти пашму пӯсти коркарднашударо ба хориҷи кишвар манъ мекунад, мақомоти дахлдор иҷозат надоданд, ки пашми шусташудаи онҳо низ содирот шавад. Бино ба гуфти номбурда, 14 фоизи қолинҳои бозори ҷаҳонӣ нархи гарон доранд, ки он қолинҳои пашмин ва дастӣ бофташуда мебошад. Ҳамсуҳбатам афзуд, ки чун дар Тоҷикистон ба қолинҳои қимат таваҷҷуҳ камтар аст, пашмро дар ин соҳаи саноат камтар истифода мебаранд. Пас аз он, ки ҶДММ «Ростои Суғд» натавонист пашмро ба хориҷи кишвар содирот намояд, фаъолияташро дигар намуд. Корхона акнун ба воридоти ашёи хом барои ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи он машғул аст. Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки ният доранд бо ворид намудани техникаву технологияи замонавӣ дар солҳои наздик фаъолияти пешинаи корхонаро барқарор намоянд. Аммо, Корхонаи коркарди пӯсту пашми Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар шаҳри Ваҳдат мушкилоти дигар дорад. Роҳбари ин корхона Рустам Ҳусаинов иброз дошт, ки барои содироти пашми шусташуда ягон мушкилоте садди роҳи ӯ нест, вале дастгирии молиявӣ надоштани корхона сабаби фаъолият накардани он гаштааст. Азбаски корхонаҳо фаъолият намекунанд, пашм аксар вақт партов мешавад. Номбурда муътақид аст, ки қисми зиёди пашми дар дасти аҳолибуда ё дар анборҳояшон ҷамъ шудааст ва ё нобуд шуда истодааст. Зеро корхонаҳои соҳа ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳанд, ки наметавонанд пашмро харидорӣ намуда, баъд аз коркард ба дигар ҷумҳуриҳо содирот намоянд.
Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз вазъи ҷамъоварии пашм ба сарчӯпон Сарбоз Авезов, ки 1500 сар моли аҳолиро дар ноҳияи Айнӣ дар ихтиёр дорад, муроҷиат намудем. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳамасола аз моҳи июн то моҳи август мавсими тароши мол идома меёбад ва қариб ҳамаи пашми тарошидашуда дар саҳро партофта мешавад, чунки пашм харидор надорад. Молро бошад, танҳо ба хотири обутоб ёфтанаш метарошанд.
Сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон Муллоҷон Амирбеков низ ба ин андеша аст, ки 90 фоизи пашм дар ҷумҳурӣ партов шуда истодааст. Ба андешаи ӯ, на танҳо корхонаҳои коркарди пӯсту пашм, балки корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пашму пӯстро низ дар ҷумҳурӣ бояд ба роҳ монд. Мавсуф дар идома афзуд, ки пашму пӯст дар ҷумҳурӣ баъди коркарди аввалия 70-80 фоиз содирот мешавад. Дар хориҷ аз он молу маҳсулоти босифат истеҳсол намуда, бо нархи гарон боз ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки тамоми ифлосии он, яъне заҳрхимикатҳо ва дигар унсурҳое, ки дар шустани пӯсту пашм истифода мешаванд, дар Тоҷикистон монда, маҳсулоти тозаву тайёр танҳо барои истеҳсоли мол ба хориҷ содирот мешавад. Ба қавли ин олими шинохтаи соҳаи байторӣ — аз пашм истеҳсол кардани чандин намуди маҳсулот, ҳатто хӯроки паранда имкон дорад. Масалан, дар дигар давлатҳо равғани навъи аъло, ки барои ракетаҳо истифода мегардад, аз пашми чорво, ҳатто беҳтарин хушбӯйиҳо (дезодорант) низ аз он ҳосил мешавад.
Иқтидори Корхонаи коркарди пӯсту пашми Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар шаҳри Ваҳдат шустани нуҳ тонна пашм дар ҳашт соат аст ва соли аввали ба фаъолият шурӯъ намуданаш 20 нафар коргар доштааст. Ҳоло, ки корхона ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ гардидааст, коргаронро ба рухсатии бемузд ҷавоб додаанд.
-Айни ҳол, — мегӯяд Рустам Ҳусаинов, — дар корхона 100 тонна пашми титкардашуда мавҷуд аст, вале мо наметавонем, ки онро ба харидорон пешниҳод намоем.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки имрӯз пашм низ дар баробари дигар ашёҳо дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад. Ҳолатҳое буданд, ки қимати як килограмм пашми шусташуда то 8 доллари ИМА баланд шуда буд. Номбурда мегӯяд, барои бо иқтидори пурра кор кардани корхона, аввал бояд сохтмони онро, ки айни ҳол 85 фоиз анҷом ёфтааст, пурра ба охир расонида, баъдан то як муддат аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намуд, то ин ки корхона тавонад аз ҳисоби даромади худ фаъолияташро пеш барад.
-Зеро, — мегӯяд Рустам Ҳусаинов, — вақте ки хориҷиён меоянд, пеш аз он ки пули молро пешпардохт кунанд, бояд ба кори мо бовар намоянд.
Номбурда дар идома афзуд, ки соле пеш ҳиндуҳо омода буданд, ки ба маблағи 10 миллион доллари ИМА аз мо пашми шусташуда харидорӣ намоянд. Ҳамчунин аз Украина низ барои 1000 тонна пашм дархост намуда буданд, вале ҳолати корхонаро дида, аз раъяшон баргаштанд.
Баъдан, лозим аст, ки дар паҳлуи корхонаи коркарди пашм заводи истеҳсоли маҳсулоти пашмиро бунёд созанд, то ин ки пашми дар кишвар истеҳсолшударо пурра коркард намуда, ҳамчун маҳсулоти тайёр ба аҳолии ҷумҳурӣ ва берун аз он пешниҳод намоем. Ӯ муътақид аст, ки бо сохтмони заводи пуриқтидор Тоҷикистон дар ин самт ҳамаҷиҳата бурд менамояд, зеро захираи ашёи хом дар мамлакати мо ба қадри кофӣ мавҷуд аст. Ба илова, мо метавонем, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ барои коркард ва маҳсулоти тайёр ба ҷумҳурӣ пашм ворид намоем. Вале ҳоло як сол шудааст, ки корхонаи зикршуда фаъолият намекунад.
-Агар мақомоти дахлдор дастгирӣ мекарданду корхона дар ин мавсим фаъолият мекард, зимистон пашми шусташударо бо нархи гарон ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия мефурӯхтем, зеро дар давлатҳое, ки зимистон нисбатан сардтар аст, ба молу маҳсулоти пашмин сахт эҳтиёҷ доранд, — муътақид аст Рустам Ҳусаинов.
Доир ба ҳолати корхонаҳои коркарди пӯст бошад, Мавлуда Киромова мегӯяд, ки ҷиҳати беҳтар намудани истеҳсолот, сифати маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнатӣ ҳамаҷониба тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳоло корҳо дар самти ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, таъмири биноҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон дар корхонаҳои амалкунанда идома доранд. Мавсуф барои тақвияти гуфтаҳои боло изҳор дошт, ки то солҳои 2000-ум дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ чор корхона (ҶСШК «Куҳандиз», ҶСШК «Интерфёр», ҶСШК «Пойафзолдӯзи Хуҷанд» ва Заводи пӯсти Данғара) бо иқтидори коркарди 1 млн. 300 ҳазор адад пӯст дар як сол фаъолият доштанд. Ҳоло бошад, дар мамлакат 12 корхона бо иқтидори солонаи коркарди 2 млн. 530 ҳазор адад пӯсти чорво вуҷуд дорад. Тибқи маълумотҳо, ҳамасола дар ҷумҳурӣ тақрибан 1,2-1,8 млн. адад пӯст ҷамъоварӣ мегардад, ки 55- 60 фоизи он дар ин корхонаҳо коркард мешаванд. Соли 2013 аз ҳаҷми пӯсти дар корхонаҳои соҳа коркардшуда 1114 ҳазор дм2 чарм истеҳсол намудаанд. Соли 2012 ба маблағи 3 млн. 284,2 ҳазор доллари ИМА ва ё 497 361 адад, соли 2013 бошад, ба маблағи 2 млн. 860,7 ҳазор доллари ИМА ва ё ба миқдори 602 259 адад пӯсти коркардшуда (ветблю) ба хориҷи кишвар содирот гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли 2014 ин намуди маҳсулот ба маблағи 1 млн. 706,6 ҳазор доллари ИМА (291 896 адад) аз қаламрави кишвар содирот шудааст.
-Ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми чорво то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ҷониби корхонаҳои соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Айни ҳол, истеҳсоли маҳсулоти чармии тайёр-пойафзол, сумкаҳо, курткаҳои чармӣ ба роҳ монда, истеҳсоли боз як қатор маҳсулоти чармӣ ба нақша гирифта шудааст,-изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
-Аз корхонаҳои соҳа ҶДММ «Пойафзоли чармӣ», ҶДММ «Пойафзолдӯзи Хуҷанд», ҶДММ «Тоҷик Эко Чарм» ва ҶММ «Ҷаҳоннек» коркарди ашёи хоми чорво – пӯстро то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ расонида, чарм, пойафзол, сумкаҳо, кӯлоҳҳо, дастпӯшакҳои чармин истеҳсол менамоянд. Инчунин дар ҶММ «Сармоягузории Байналмилалии Дубай» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли пӯстинчаҳои чармин ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда шудааст, — гуфт дар идома номбурда.
Директори Корхонаи «Кафши Данғара» Илёс Абоев дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки корхонаи онҳо бо истифода аз пӯсти ватанӣ аслан пойафзоли пошнабаланди ҳарбӣ ва корӣ истеҳсол мекунад, ки сифати баланд дорад. Бино ба гуфти номбурда пӯст дар Заводи пӯсти Данғара коркард шуда, дар Корхонаи «Кафши Данғара» дӯхта мешавад. Иқтидори корхонаи зикршуда истеҳсоли 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол мебошад, ки айни ҳол то 10 ҳазор ҷуфт истеҳсол карда истодааст. Илёс Абоев сабаби бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаро дар надоштани бозор арзёбӣ кард. Вай зикр кард, ки дар ҳолати пайдо шудани харидор имкони то 20 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карданро дорад. Заводи пӯсти Данғара айни ҳол дар ихтиёри покистониҳо буда, ҳамасола то 100 ҳазор адад пӯсти чорвои хурдро коркард намуда, ба Ҷумҳурии Исломии Покистон содирот менамояд.
Аз гуфтаҳои ҳамсуҳбатонамон хулоса кардан мумкин аст, ки гарчанде ба хотири рушди соҳаи мавриди назар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш намояд ҳам, ҳанӯз кор дар ин самт қонеъкунанда нест. Зеро, аз гуфтаи мутахассисон пай бурдем, ки имрӯз молу маҳсулоти гаронарзиши истеҳсоли Ҷумҳурии Туркия, ки дар бозорҳои кишвар зиёд ба чашм мерасанд ва талабгори зиёд доранд, аслан аз пӯсти Тоҷикистон истеҳсол мешаванд. Сабабаш он аст, ки дар кишвар корхонаҳои коркарди пӯсту пашм фаъолият доранду корхонаҳои истеҳсолӣ камтаранд, аксаран маҳсулоти коркардшудаи тозаву тайёр ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад. Аз ин рӯ, мақомоти марбутаро мебояд барои бунёди заводҳои истеҳсоли маҳсулоти пӯстиву пашмӣ ҳар чӣ зудтар иқдом намоянд, зеро аллакай барои ин кор заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Масалан, корхонаҳои коркарди пӯсту пашм фаъолият доранд, вале тавре дар боло ишора кардем, харидор надоранд. Агар корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти истифодаи пашм вуҷуд медошт, корхонаҳои коркард ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ намегардиданд. Ғайр аз ин, дар қонунгузории андози ҷумҳурӣ низ барои ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ сабукӣ ва имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, ташкили заводҳо, агар аз як тараф, барои мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои коркарди пӯсту пашм мусоидат намояд, аз ҷиҳати дигар, садҳо ҷойҳои кории нав ташкил мегардад, ки боиси болоравии сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва иқтисодиёти кишвар хоҳад шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»