Чӣ гуна Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд?

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

7«Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар ҳама фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 21 декабри соли 2021)

Роҳҳо мисли шараёнҳои хунгард дар пайкари давлатанд. Аз ин рӯ, рушду тараққиёт ва пойдории дилхоҳ давлат ба ҳолати роҳҳои он рабт дорад. Дар замони Иттиҳоди  Шӯравӣ, бинобар тобеи як давлат будани кишварҳои Осиёи Марказӣ, рафтуомад ба минтақаҳо дар фасли сармо, ки аксари роҳҳои кӯҳӣ баста мешуданд, тавассути давлатҳои ҳамсоя амалӣ мегардид. Масалан, ҳангоми баста шудани роҳҳои дохилӣ ба вилояти Суғд тавассути Ӯзбекистон ва ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тариқи Қирғизистон сафар мекарданд. Пас аз истиқлолият ба даст овардани кишварамон зарурати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ба миён омад ва ин масъала яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон гардид.

Муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода изҳор дошт, ки бо ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 1997 марҳилаи сифатан нави рушди соҳа оғоз шуда, нишондиҳандаҳои маҷмааи нақлиёт таъмин гардид.

Сарвари давлат Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, ки «… дар хусуси бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидану дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои худмаблағгузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешад».

Ҳоло дар кишвар  26 ҳазору 286  километр роҳ мавҷуд аст, ки аз он 14 ҳазору 339 километр роҳҳои истифодаи умум мебошанд ва таъмиру нигоҳдории онҳо бар зиммаи Вазорати нақлиёти кишвар аст. Аз ин 3348 километр — байналмилалӣ, 2127 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 8864 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА, 59 лоиҳаи гуногунҷанбаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2400 км роҳ, 303 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 6 нақби  мошингузар бо дарозии 18 километр, 124 долони зиддитармавӣ бо дарозии 3,4 км, 219 км роҳи оҳан бо 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизот харидорӣ шуд.

Бино ба гуфти муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҳим Бобозода, корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, марҳилаи 1 (33,2 км), Душанбе-Бохтар марҳилаи 2 (39,6 км), роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаҳои Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин (А-32 км) ва Шкев-Қалъаихумб (F-26 км) ба анҷом расида, дар марҳилаи кафолатӣ қарор доранд. Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ва мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ (сохтмони пулҳо дар ВМКБ), идома доранд.

Корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои автомобилгарди «Обигарм-Нуробод», қитъаҳои 1 ва 2, роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар, Ҳулбук — Темурмалик — Кангурт, Данғара — Оқмазор босуръат пеш рафта истодааст.

 - Соли равон татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон оғоз гардида, лоиҳакашии таҷдиду сохтмони роҳҳои автомобилгард аз сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ, Хуҷанд — Конибодом, Балҷувон — Сарихосор, Ховалинг — Сангвор дар марҳилаи анҷомёбӣ аст. Илова бар ин, ҷиҳати омода намудани асосноккунии техникии лоиҳаҳои Хуҷанд – Ашт, Бохтар — Қубодиён — Шаҳритус — Айваҷ, роҳи оҳани Дӯстӣ — Панҷи Поён кор идома  дорад.

Ҷиҳати дарёфти сармоя барои таҷдиди роҳи Бохтар — Леваканд — Бохтар, Данғара — Гулистон, Гулистон — Кӯлоб, Панҷ — Дӯстӣ бо шарикони рушд гуфтушунид дорем, — изҳор дошт номбурда.

ТЕХНИКАИ РОҲНИГОҲДОРӢ — тавсеабахши фаъолият

Роҳсозиву роҳнигоҳдорӣ аз соҳаҳоеанд, ки бидуни техникаву технологияи замонавӣ пеш бурдани он ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузориҳои парки техникии  муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо куллан нав шудаанд. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ барои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 601 техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва пур­иқтидори роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардидаанд. Ҳоло дар мувозинаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вазорат 1381 техника ва таҷҳизоти роҳдорӣ мавҷуд аст, ки 986 адади он (71,4%) коршоям мебошад.

ДИЛИ КӮҲИ ХОРОРО ШИКОФТЕМ

Яке аз падидаҳои замони соҳиб­истиқлолӣ дар кишвари мо бунёди нақбҳои мошингузар мебошад. Соли 2006 аввалин нақбе, ки кор дар он ҳанӯз замони шӯравӣ шурӯъ шуда буд (нақби «Истиқлол»), ба истифода дода шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 6 нақби автомбилгузар ва 27 долони зиддитармавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Нақбҳои «Истиқлол» бо дарозии 4996 метр, «Шаҳристон» — 5253, «Дӯстӣ» – 1047, «Озодӣ» — 2223 метр ва «Хатлон»  4450 метр бехатарии ҳаракатро дар давоми сол таъмин мекунанд. Барои нигоҳдорӣ ва равшаннамоии нақбҳо моҳи октябри соли 2019 Муассисаи давлатии «Нигоҳдории нақбҳо, шабакаи равшанидиҳӣ ва иншооти чароғакҳои роҳнамо дар роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ» таъсис дода шуд.

ИСТИҚЛОЛ ВА РОҲИ ОҲАН

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нахустин лоиҳае, ки дар соҳаи роҳи оҳан амалӣ гардид, сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб мебошад. Сохтмони роҳи мазкур замоне шурӯъ шуд, ки иқтисодиёти кишвар заиф буд. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зикр кардаанд, нафароне буданд, ки ба амалишавии лоиҳаи мазкур шубҳа доштанд. Нияти нек ва азми қавӣ самар дод ва  соли 1999 роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ба истифода дода шуд. Дарозии умумии роҳи мазкур 132 километр буда, дар ин масир 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал сохта шудааст.

Бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар ин давра роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ сохта шудааст. Аз ҷумла, ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои Раҳим Бобозода, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ 219 км роҳи оҳан сохта шуд.

Баҳри мустаҳкам намудани иқтидори техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 937 вагон, аз ҷумла 769 вагони боркаш, 168  вагони мусофирбар, 2 вагон-тарабхона, инчунин 7 тепловоз, 2 вагон — тарабхона ва дизел-поезди мусофирбарӣ харидорӣ шуд. 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан азнавсозӣ шудаанд, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе 5 пули роҳи оҳанро таъмир кард.

НАҚЛИЁТЕ, КИ ХОСИ ҶУҒРОФИЯИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Дар шароити ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт афзалият дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ 1900 субъекти хоҷагидори нақлиёти автомобилӣ, ки дар асоси иҷозатнома фаъолият менамоянд, ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 227 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 99 мусофирбар, 76 боркаш, 52 омехта (бор+мусофир), 45 терминали мусофирбар, 8 терминали боркаш, 77 таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва 1543 нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва таъмир мебошанд.

Тибқи  маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷумҳурӣ 527 ҳазору 332 воситаи нақлиёт, аз ҷумла 42 ҳазору 145 боркаш, 463 ҳазору 939 сабукрав, 15 ҳазору 515 мусофирбар, 3411 мототсикл ва 2322 ядаку нимядак ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи хатсайрҳои мусофирбарии шаҳру ноҳияҳои мамлакат 876 ададро ташкил медиҳад, ки  аз ин 175 адад  хатсайрҳои шаҳрӣ мебошанд.

- Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои  4 конвенсия ва 5 созишномаи бисёрҷонибаи байналмилалӣ гардида, бо 15 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳои дуҷонибаи  байниҳукуматӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид.

Хатсайрҳои нави мусофирбарии байналмилалӣ 23 ададро ташкил дода, интиқоли  мусофирон бо истифода аз автобусҳои муосир ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқис­тон амалӣ шуда истодааст.

Илова бар ин, 37 ширкати нақлиёти ватанӣ дар ҳамбастагӣ бо  ассотсиатсияҳои байналмилалии боркашонӣ ҳамлу нақли борҳоро бо кишварҳои хориҷи дуру наздик амалӣ намуда истодаанд. Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ин самт  70 дарсадро ташкил менамояд, — зикр кард Раҳим Бобозода.

ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД

Қаблан, бинобар аз минтақаҳои баландкӯҳ убур кардан аксари роҳҳо хатарзо буданд. Шаш моҳ, баъзан зиёдтар робитаи заминӣ байни минтақаҳои шимол ва ғарб ба маркази ҷумҳурӣ қатъ мегардид.  Кишвар дар бунбасти шадиди коммуникатсионӣ қарор дошт. Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самар оварду чанд сол пеш Тоҷикис­тон аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо шуд. Имрӯз дар дилхоҳ фасли сол ҳаракати нақлиёт ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин аст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар соҳаҳо, ба рушди мунтазами соҳаи нақлиёти кишвар низ заминаи мусоид фароҳам овард.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»