Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати бо тартибу низоми нав идора кардани иқтисодиёти мамлакат ба миён омад. Бо сабаби гузаштан ба иқтисоди бозорӣ соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Мақсади хусусигардонӣ самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи муосир, зиёд шудани ҷойҳои корӣ, мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва тадриҷан афзудани Буҷети давлатӣ мебошад».
Мутаассифона, баъзе соҳибмансабон ин мақсади наҷибро бо ғаразу ошнобозӣ ва манфиатҳои хусусӣ омехта намуда, сабабгори ба дасти ашхоси нолоиқ афтодани иншооти давлатию ҷамъиятӣ гардиданд. Масалан, ҶСШК «Май», ки дар гузашта роҳбарии онро ман ба уҳда доштам, тибқи эътирофи собиқ сардори Нозироти андози ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор Ҳ. Зиннатов яке аз андозсупорандагони фаъол ба шумор мерафт ва дар он қариб 90 нафар кор мекард. Баъд аз он ки аксари саҳмияҳои корхонаи мазкур бо мусоидати «шогирдон» аз тариқи бозиҳои пасипардагӣ насиби собиқ мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДМТ Неъмат Абдуллоев гардид, корхонаи замоне машҳуру андозсупори фаъол ба як майдони бекорхобида табдил ёфт. Ба ҷойи зиёд намудани ҷойҳои корӣ ҳамон 90 нафар коргари собиқ ҳам бекор монданд. Имрӯз дар ин корхона чор аспро бастаанду чунин вонамуд мекунанд, ки фаъолият карда истодаанд. Магар офтобро бо доман пӯшонда мешавад?
Дар мавриди зимни хусусигардонии иншооти мазкур ба хатоҳо роҳ додани масъулон бошад, дар нашрияҳои ҷумҳурӣ мақолаҳои зиёде, аз қабили «Музояда бо усули тоҷикӣ» («Неруи сухан», 24 июни соли 2004), «Савдои пурмуаммо ё чӣ тавр нисфи корхонаро муфт фурӯхтанд» («Минбари халқ», 11 марти соли 2005), «Муаллим — ҳуқуқшинос ҳуқуқи бештар дорад» («Зиндагӣ», 28 апрели соли 2005), «Як «Поле чудес» кардем — да!» («Минбари халқ», 2 апрели соли 2005), «Особенности национальной приватизации» («Народная газета», 9 марти соли 2005) ба табъ расида буданд. Бо вуҷуди факту рақамҳои саҳеҳ пинаки масъулон вайрон нашуд. Мутобиқи талаботи моддаи 481 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон савдое, ки бе риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун гузаронида шудааст, дар асоси даъвои шахси манфиатдор аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад. Тибқи қисми 2 — юми моддаи 481 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, баъди беэътибор донистани савдо шартномаи бо шахси дар савдо бурдкарда басташуда эътибор надорад. Мо, гурӯҳи саҳомон, дар асоси моддаҳои 192, 193, 482 ва 521 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда, хоҳиш намудем, ки Протоколи музоядаи фурӯши 50 фоиз ва 20 фоизи саҳмияҳо аз 14 октябри соли 2002 ва №6/34 аз 15 июни соли 2004, инчунин, шартномаи хариду фурӯши 50 фоиз ва 20 фоиз саҳмияҳо аз 14 октябри соли 2002 ва таҳти №6/1-13 аз 28 июни соли 2004 беэътибор шуморида шавад. Аммо судяҳо, ки шогирдони Н. Абдуллоев буданд, устоди худро ҳақ бароварданду шикояти мо бе қаноат мононда шуд.
Ҳамин тавр, корхонае, ки то солҳои 2001 ва 2002 мутаносибан 230000 ва 178 000 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ андоз супорида буд, баъди сарварии Н. Абдуллоев соли 2003 ҳамагӣ 77727 ва соли 2004 — ум 12400 сомонӣ андоз супурд, ки он ҳам аз ҳисоби фурӯши 256 тонна шароби истеҳсолкардаи собиқ кормандони ин корхона аст.
Воқеан, мо 44 нафар саҳмиядор ба нақша гирифта будем, ки дар оянда хатҳои технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртиро ба кор андозем. Истеҳсоли казиноки ширини биринҷӣ ва нӯшобаҳои мевагӣ (морс)- ро ба роҳ монда будем. Солҳои 1997- 2000 боз 12 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Вале афсӯс, ки баъди ба дасти ғайримутахассис афтодани корхона нақшаҳои неки мо амалӣ нашуданд.
Дар ин муддат дарахтзори бунёдкардаи моро бурида, се ҳавзи моҳидориро нобуд карданд. Алҳол 30 фоизи саҳмия дар дасти мо аст, вале Неъмат Абдуллоев тайи 13 сол ягон бор маҷлиси саҳомонро нагузаронидааст. Қариб ду гектар замини обие, ки дар вақташ соле ду маротиба аз он ҳосил мегирифтем, чанд сол боз бекор хобидааст.
Дар хароб гаштани ҶСШК «Май» «саҳм»-и собиқ сардори Корхонаи воҳиди давлатии фурӯши амволи давлатӣ, мутасаддиёни музоядаи фурӯши корхонаи «Май», судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, ки манфиати 1 нафарро аз 44 нафар саҳмдор боло донистанд, зиёд аст. Ман номи онҳоро ин ҷо наовардам, зеро ин сатрҳоро хонда, ҳар кадом дарҳол худро мешиносад. Бигзор виҷдонашон онҳоро азоб диҳад, ки бо тарафгирии ноҷо ба ризқи 90 оила зомин шуданду буҷети давлатро аз миллионҳо сомонӣ маҳрум сохтанд.
Ду сол пеш, ҳангоме ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз канори ин майдон гузашта, ба Боғи интенсивии шаҳри Ҳисор мерафтанд, бо мақсади ба чашми Сардори давлат наафтодани манзараи майдони валангору бекорхобидаи корхона масофаи қариб 200 метрро пардаи кабуди синтетикӣ кашиданд. Ба назари мо беҳтар мебуд, агар бо пули парда трактореро киро намуда, замини бекорхобидаро ҷуфт мекарданд.
Солҳои пурошӯби навадуми асри гузашта мо ҳар шабонарӯз 10 — 15 нафарро бо навбат посбон мегузоштем, то силоҳбадастону дуздон аз бесарусомониҳо истифода бурда, дороии корхонаро ба яғмо набаранд. Яъне, дар ҳамон айёми пурошӯб муассисаро аз тороҷшавӣ нигоҳ доштем. Вале имрӯз, дар айёми осоишта, корхона тороҷ шуда истодааст.
Худ қазоват кунед, ки аз чунин хусусикунонӣ ба давлату ҷомеа чӣ манфиат расид? Чаро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги самаранок истифодабарии иншооти хусусигардондашударо намебарад? Магар танҳо бо фурӯхта шудани саҳмияҳои иншоот рисолати он поён меёбад? Пас мақсади хусусигардонӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, чӣ мешавад?
С. МАҲКАМОВ,
собиқ директори ҶСШК «Май»