Маслиҳати муфид

Чӣ тавр неруи барқ ва гармиро метавон сарфа кард?

№ 12.01.2023

Маслихати муфид барои сайтДар зимистон талабот ба неруи барқ ва гармӣ бештар мешавад. Аз сабаби сарбории зиёд бо барқ баъзан трансформаторҳо аз кор мебароянд. Дар зер чанд маслиҳати муфид­ро ҷиҳати  пешгирии талафоти барқу гармӣ пешкаш менамоем:

- Рӯзона, ҳар қадар метавонед, аз рӯшноии табиӣ бештар истифода баред. Агар хонаатон аз тарафи ҷануб тиреза дошта бошад, пардаи тирезаро яктарафа намуда, чароғро хомӯш кунед. Рӯзҳои офтобии зимистон нури офтоб хонаатонро равшану гарм нигоҳ медорад.

- Ба ҷои фурӯзонакҳои тасфон чароғакҳои светодиодиро истифода намоед, зеро як чароғи 20- ваттаи светодиодӣ баробари як фурӯзонаки 100- ватта рӯшноӣ медиҳад. Яъне, қувваи барқро 5 маротиба камтар истифода мебарад.

- Агар девори хонаҳо ранги сафеду равшан дошта бошад, барои рӯшноии он чароғи тавоноияш кам низ кофӣ аст.

- Танӯрчаи микромавҷӣ («микроволновка») нисбат ба танӯрчаи одии барқӣ («духовка») 50 фоиз камтар неруи барқ сарф менамояд.

- Нерупуркунаки барқӣ ҳангоми холӣ дар разетка будан низ неруи барқ масраф мекунад. Аз ин рӯ, баъд аз неруи лептопу телефонатон пур шудан онҳоро аз розетка гиред.

- Ҳангоми ҳавои хунук яхдонро аз розетка ҷудо кардан беҳтар аст. Шумо бо ин рафторатон «умр»-и яхдонро дароз мекунед.

- Зимни дар пилтаи барқӣ пухтани таом болои дегчаро бо сарпӯш маҳкам кунед. Дар ин ҳол бо сарфи  ками барқ хӯрокатон зудтар мепазад. Яъне, барқ се маротиба камтар масраф мешавад.

- Либоси тарро болои радиатори барқӣ нагузоред, ки гармидиҳии он паст мешавад.

- Барои 3-4 либос  мошини ҷомашӯиро истифода набаред. Танҳо ҳангоми зиёдтар шудани либос аз он истифода намоед. Аз 3-4 либосро алоҳида шустан, як бор 10 — 12 либосро шустан се маротиба масрафи барқро кам мекунад. Ҳангоми либосшӯӣ дар реҷаи 30 дараҷа нисбат ба 40 дараҷа 35 фоиз камтар барқ масраф мешавад.

- Телевизор ва дигар таҷҳизоти барқиро баъди бо пулт хомӯш намудан аз розетка ҷудо намоед. Дилхоҳ таҷҳизоти барқии бо пулт идорашаванда дар ҳолати «интизорӣ» барқ масраф мекунад.

- Ҳар се моҳ обгармкунакро аз пасмондаҳои намаки об (накип) тоза намоед. Бо ин роҳ талафи барқ 15 -20 фоиз кам  мешавад.

- Агар фарши хона гилӣ ё бетонӣ бошад, аз поён гилеми куҳна ва аз болои он қолин ё гилеми навтар партоед.  Ҳуҷрае, ки кӯрпача партофта шудааст, нисбат ба хонаи бекӯрпача гармиро бештар нигоҳ медорад, зеро талафи гармӣ 10 — 15 маротиба кам мешавад.

- Ҳангоми аз ҳуҷраи корӣ ба танаффус баромадан чароғи онро хомӯш намоед. Компютерро дар ҳолати «хоб» гузоред. Дар реҷаи «хоб» гузоштан боиси 40 фоиз кам кардани талафи барқ мешавад.

- Тавассути деворҳои хона 40 фоиз, тиреза -20, бом -15 ва фарш 10 фоизи гармӣ талаф меёбад. Аз ин рӯ, дар девори хона овезон кардани қолин яке аз роҳҳои нисбатан осони нигоҳ доштани гармӣ дар манзил аст.

- Ҳангоми чойҷӯшонӣ ба андозаи чойник ё термос об ҷӯшонед. Агар чойник ним литр об бараду шумо 2 литр об ҷӯшонед, се маротиба зиёдтар барқ истифода мешавад.

- Аксар таҷҳизоти барқӣ тамғаи аз А то G доранд. Шумо тамғаи А ва В доштаашро интихоб намоед, зеро онҳо барқро кам масраф мекунанд.

- Агар кондитсионер дошта бошед, реҷаи ҳарорати онро баланд накунед. Ҳангоми 24 — 26 дараҷа гарм будани хона ё ҳуҷраи корӣ  нисбат ба 28 дараҷа будани он талафи барқ кам мешавад. Агар шумо фарз кардем соати 5 аз кор рафтанӣ бошед, на дар вақти рафтан, балки 20 дақиқа пештар кондитсионерро хомӯш кунед, зеро гармии мавҷудаи ҳуҷраи корӣ 20- 30 дақиқа боқӣ мемонад.

- Дар хона ё ҳуҷраи корӣ бо либосу ҷӯроби гарм будан низ боиси эҳсоси гармӣ шуда, аз меъёр зиёд баланд кардани ҳарорати кондитсионер ва талафёбии барқро пешгирӣ менамояд.

- Радиатори барқиро аз назди девор  дур аз он нигоҳ доред, зеро қисми зиёди энергияи он барои гармкунии девор меравад.

- Ҳангоми шустани дасту рӯй ва дандон, инчунин ришгирӣ обро аввал ба зарф гирифта, пасон истифода баред, зеро дар сурати истифода аз ҷумаки оби ванна (термекс) 10 баробар бештар оби гарм сарф мешавад, ки он ҳам талафёбии барқ аст.

- Аз обгармкунаки офтобӣ истифода бурдан нисбат ба термекси барқӣ (муддати 5 — 10 сол) арзонтар меафтад. Ҳарчанд дар мадди аввал обгармкунаки офтобӣ ба назар қиматтар намояд ҳам, дигар хароҷот талаб намекунад. Эҳтимоли хатари аз садамаи барқ «сӯхтан»-и он низ аз байн меравад.

Сайфиддин НАҶМИДДИНЗОДА,

«Садои мардум»