Тавре сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурауф Пӯлотов изҳор дошт, бо фармоиши Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди дохилиидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар дастгоҳи марказии вазорат ташкил ва нақшаи чорабиниҳо таҳия шуд.
-Тибқи банди дахлдори нақшаи чорабиниҳои мазкур, корхонаҳои соҳаи саноати сабук муваззаф гардиданд, ки истеҳсоли ниқобҳои тиббиро роҳандозӣ намуда, талаботи мавҷударо қонеъ намоянд. Истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар 23 корхонаи саноатӣ дар як рӯз зиёда аз 260 ҳазор донаро ташкил медиҳад. То 15 майи соли 2020 4 млн. 745 ҳазору 520 дона ниқоб истеҳсол шудааст, — изҳор дошт А. Пӯлотов.
Доир ба истеҳсоли лавозимоти шустушӯӣ ва антисептикӣ сардори Раёсати мошинсозӣ ва химияи вазорати мазкур Амонулло Судров гуфт, ки дар ин самт 11 корхона фаъолият дошта, ҳар рӯз собуни мушкин ва хоҷагӣ, моеъҳои шӯянда, маҳлулҳои антисептикӣ ва хлор истеҳсол менамоянд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»