Чархи зиндагии як гурезаи тоҷик

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

1Махфират Саидраҳмонова яке аз онҳоест, ки соли 1992 бинобар муташанниҷ шудани вазъ ва таҳдиди хатар ба Афғонистон рафта буд. Ҳоло ин зани 52 — сола дар ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ мекунад. Дар он солҳои мудҳиш шоҳиди ҳаводиси гуногун буду мушкилиҳои зиёдро аз сар гузаронд. Ба наздикӣ бо ӯ доир ба он айёми пурошӯб ҳамсуҳбат шудем.

- Соли 1992 дар Ватанамон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҳар рӯз садои тир ба гӯш мерасид. Моҳи октябри ҳамон сол қариб ҳама сокинони ноҳияи Шаҳритус гуреза шуда, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтем. Дар шаҳри Мазори Шариф таваққуф кардем. Тӯли шаш моҳе, ки дар Афғонис­тон будем, моро дар хонаҳову хаймаҳояшон ҷо карданд. Созмони Милали Муттаҳид ба мо кумакҳои башардӯс­тона равон мекарданд, — ба ёд меорад Махфират Саид­раҳмонова.

Ӯ ва аҳли оилааш дар кишвари ҳамсоя ҳамеша дар ёди Ватан буданд ва барномаи «Хоки Ватан» — и Радиои Тоҷикистон ягона муттакои дилашон гашта, аз тариқи он мардум хешу ақрабояшонро меҷустанд. Гуфторҳои ин барнома дар он сол то андозае ба захмҳои гурезаҳои тоҷик марҳам мешуд.

- Орзу доштем, ки кай Ватанамон ором мешавад, то боз ба хонаҳоямон баргардем, — гуфт ҳамсуҳбати мо ва афзуд: — Худованд ба ҳеҷ бандааш дигар он рӯзҳоро наорад. Дар он рӯзҳои даргирӣ ҳама дар фикри ҷони худ буданд. Ҳангоми аз хонаҳоямон баромадан бо худ ҳатто ҳуҷҷатҳоямонро гирифта натавонистем. Бадбахтона, дар ҷанги хонумонсӯз ман се фарзанди падарро аз даст додам. Хонаву дар, ҳуҷҷату дигар лавозимотро дубора барқарор кардем, вале наздиконро пайдо карда намешавад. Дар он вақт мо ҳамеша радио гӯш мекардем ва ниҳоят рӯзе расид, ки дер боз интизорӣ мекашидем. Бо даъвати Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргаштем. Бо дастгирӣ ва дастури Сарвари давлат хонаҳои харобу валангори мо аз нав  обод гашт.

Ба нақли Махфират Саидраҳмонова, аз оилаи онҳо 5 нафар ба Афғонистон ва боқимондаҳо ба Ӯзбекистон рафта буданд. Баъд аз се сол аҳли оила сарҷамъ шуда, зиндагиро дар Ватан ба роҳ монданд.

- Соли 1993 мо баргаштем. Ростӣ, пеш аз баргаштан ба Ватан ҳамеша тарсу ҳарос дош­тем. Вақте ки ба Тоҷикистон омадам, ҳанӯз ҷанг давом дошт, лекин аз омаданамон пушаймон набудем, зеро Давлату Ҳукумат пойбарҷо шудаву моро дастгирӣ мекарданд.

Соли 1996 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуд. Чун диданд, ки Махфират Саидраҳмонова фаъол асту таҷрибаи кор дорад, ӯро раиси занҳо интихоб карданд. Вақте ки корҳои хоҷагӣ  ривоҷ ёфту зиндагии мардум беҳтар гашт, номбурда паи гирифтани маълумоти олӣ шуд.

Бале, ин зани қавиирода, ки яке аз гурезаҳои солҳои нооромӣ буд, дар бадтарин шароит ҳам ноумед нашуд, бо боварӣ ба Сарвари давлат шабу рӯз меҳнат кард ва ба рӯзҳои  нек расид.

Аз соли 2008 инҷониб раиси Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Хоҷагии онҳо 8 гектар замин дорад, ки 1 гектари он боғ буда,  дар 7 гектари дигар сабзавот мекоранд. Дар хоҷагӣ 14 нафар бо кори доимӣ ва маош таъминанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»