Нигаронӣ

Чаро аксар ошхонаҳо ба одитарин талабот ҷавобгӯ нестанд?

№110 (4372) 04.09.2021

КоллажШумораи ошхонаю тарабхонаҳо нисбат ба солҳои пеш хеле афзудаанд. Ин хуб аст, ба шарте ки таомҳо босифат ва хизмат­расонии пешхизматҳо хуб бошад. Аммо ошхонаҳое ҳастанд, ки хизматрасонии пешхизматҳояш ба мизоҷон ҷавобгӯ нест.

Мушоҳидаҳо собит кард, ки чунин ошхонаҳо бештар дар КВД «Бозори саховат», КВД «Бозори деҳқон», ҶДММ «Султони Кабир» ва бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе, бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав фаъолият доранд.

Вазъи ғайрисанитарии ошхонаҳои КВД «Бозори саховат» ва «Бозори деҳқон»-ро дида, табъи кас хира мегардад. На танҳо мизу курсиҳо, балки косаву табақчаҳои хӯрокхӯрӣ, дегу дигар лавозимоти хӯрокпазӣ низ ба одитарин талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар даромадгоҳи ҳар ошхона деги калони ошпазӣ гузош­та шудааст, ки замони омодасозии хӯрок дуди ғализи он муҳити атроф­ро вайрон месозад. Пешхизматҳо пеши роҳи ҳар роҳгузарро гирифта, ба хӯрокхӯрӣ даъват мекунанд.

Чанде аз мизоҷони ошхонаҳои ду бозор гуфтанд, ки аз ноилоҷӣ дар ошхонаҳои он ҷо хӯрок мехӯранд. Ошпазҳо инсоф надоранд, кормандони бахши санитарӣ ба рафтори онҳо аҳамият намедиҳанд. Як қисмати онҳо кормандони ниҳодҳои назоратиро писанд намекунанд, зеро аз пушти пуштибонҳояшон худро «шоҳу» табъашонро «вазир» мешуморанд.

Вазъи санитарии ошхонаҳои бозорҳои «Корвон», «Султони Кабир» ва «Фаровон» низ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ошпазу пешхизматҳои онҳо низ талаботи санитариву эпидемиологиро риоя накарда, ба тозагии зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва мизу курсиҳо муносибати дуюмдараҷа дошта, бо сарулибоси ғайрикорӣ ба мизоҷон хизмат мерасонанд. Қисми зиёди ошхонаҳо на танҳо ҷои махсуси дегу табақшӯӣ надоранд, балки аз маҳлулҳои махсуси шустушӯӣ истифода намебаранд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ камбудии зиёд ба назар мерасад. Ҳамроҳи мутахассиси шуъбаи гигиенаи хӯрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Табаррукшо Қодиров вазъи хизматрасонии ошхонаҳои доимии маркази ноҳия ва ошхонаҳои сайёри дохили бозори «Ганҷ»-ро таҳқиқ кардем. Аён гардид, ки пешхизматҳо аз иҷрои вазифа хуб баромада наметавонанду ошпазҳо дар вақти омодасозии хӯрок ба тозагии дегу табақ ва ҷойи хӯрокпазӣ эътибор намедиҳанд.

Дар шаҳри Ҳисор низ хизмат­расонии ошхонаҳояш ғайриқаноатбахш аст. Барои мисол, дар мавзеи таърихии Қалъаи Ҳисор даҳҳо ошхонаву тарабхона ба мардум хизмат мерасонанд. Гарчанде намуди берунаи онҳоро зебо оро дода бошанд ҳам, вале ҳолати дохилашон дилгиркунанда аст. Мутахассиси шуъбаи гигиенаи хӯрокаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Ҳисор Умед Абдулҳадов зимни мушоҳида хулоса кард, ки ошхонаҳои доимӣ ва сайёри шаҳри Ҳисор ба меъёри талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд.

Дар ноҳияи Шаҳринав ҳолат аз ин бадтар аст. Дар ошхонаҳои сайёри дохили бозори он хӯрок дар ҳавои кушод омода мешавад. Гарду чанге, ки аз рафтуои одамон бармехезад, ба рӯи хӯрокҳо мешинанд. Кормандони бахши санитариву эпидемиологӣ ва байтории ноҳия ҷиддӣ назорат намебаранд.

Вазъи хизматрасонии ошхонаҳои шаҳри Ваҳдат ва ошхонаҳои сайёри дохили бозорҳои он низ мизоҷонро қаноатманд карда наметавонанд. Сарош­пазҳои якчанд ошхонаро хоҳиш кардем, ки номгӯи хӯрокҳо, ҳуҷҷатҳои санитарӣ ва китоби арзу шикоятҳоро пешниҳод намоянд, вале ин хоҳиши моро рад карданд. Ҳол он ки чунин ҳуҷҷатҳо бояд дар гӯшаи махсус ҷойгир бошанд.

Хулоса ин аст, ки фаъолияти ғайриқаноатбахши кормандони Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ ва дигар мақомоти назоратӣ хизматрасонии ошхонаҳоро ба чунин ҳол овардааст.

Вазифаи мо ошкори камбудиҳост. Умед дорем, ки масъулони идораҳои назоратӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баҳри рафъи онҳо иқдом менамоянд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»