Чаро ба истеҳсоли пилла берағбатем?

№15 (4435) 01.02.2022

20220123_145703Аз таҷриба ва имкониятҳо истифода бурдан ҳам ҳунар аст, вале аз он то андозае бенасиб мондем. Манзур коҳиши истеҳсоли пилла ва монеаҳои соҳаи кирмакпарварист. Рушди ин соҳаи сердаромад ва моҳияти стратегидошта аз назари масъулин ва мутахассисон хеле дур мондааст.

Вақте ки пилла мегӯем, пеш аз ҳама, номгӯйи зиёди атласу адрасу шоҳӣ пеши назар меояд. Аз соли 2001 то кунун дар бораи рушди кирмакпарварӣ ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷот дар соҳаи саноати абрешим як қатор қарору дурнамо, консепсия ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, 30 августи соли 2011 «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Мақсад аз ин иқдом фароҳам овардани шароит барои рушди соҳа, таъмин ва қонеъ гардонидани корхонаҳои саноати сабук бо ашёи хоми ватанӣ маҳсуб мешавад. Мутаассифона, тайи 11 сол камбудиҳо бартараф нашуда, ба комёбӣ ноил нагардидем. Мувофиқи барнома, то соли 2020 бояд дар кишвар 3,5 ҳазор тонна пилла истеҳсол мешуд.

Ин аст, ки масъала мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр карданд: «Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ­ҳазорҳо ҷойи нави кор, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд».

Саволи матраҳ он аст, ки мутахассисон ба чӣ кор машғуланд? Дар ҳоле ки дар минтақаҳо заминҳои зиёде ҳастанд, ки «интизор»-и сабзонидани дарахт, аз ҷумла ниҳоли тут, мебошанд. Дар бораи манфиати абрешим зиёд гап мезанем, вале ниҳоли тут намешинонем. Агар сабаби рушд наёфтани соҳаро дар паст будани сифати тухми кирмак қаламдод кунем, пас даҳ сол гу­зашт. Кай тухми кирмак хушзот карда мешавад, то маҳсулаш дар бозор рақобатпазир бошад? Хулоса ин аст, ки соҳа дар даврони бозаргонӣ ба имтиҳон тоб наовард. Сабаби дигари рушд наёфтани соҳаро мутахассисон дар таносуби нодурусти заҳмат ва арзиши он мебинанд. Мутахассисон бояд барои кирмакпарвар на ин ки ваъда диҳанд, балки шароит муҳайё созанд, технологияи нави парвариши кирмакро таври шоиста ба роҳ монанд.

Дар гузашта кирмакпарвар қадрдонӣ мешуд. Барои мисол, дар ноҳияи Муъминобод бобои Шарифи пиллакор дар мавсим 300 — 350 килограмм пиллаи хушсифат мегирифт.

Гуфта наметавонем, ки соҳаи кирмакпарварӣ ба мушкилоте рӯ ба рӯст, ки дар ҳалли он ноилоҷем. Дар ин соҳа таҷрибаи бой дорем ва метавонем мушкилиҳоро бартараф кунем, ба шарте ки мутахассисон фаъол бошанд.

Пиллапарварӣ шуғли мавсимӣ буда, дар маҷмӯъ, аҳли хонаводаро фаро мегирад. 50-60 сол қабл дар ҷумҳурӣ он хеле ривоҷу равнақ ёфта, яке аз соҳаҳои пешрафтаи хоҷагии қишлоқ маҳсуб мешуд. Мардум ба пиллапарварӣ рағбати хоса доштанд. Корхонаҳои саноатиро бо ашёи хом таъмин мекарданд. Зиёда аз даҳ навъи атласу адрас истеҳсол мешуд.

Дар навоҳии минтақаи Кӯлоб дар дилхоҳ деҳа 1500-2000 дарахти тут мавҷуд буд. Дар ду тарафи роҳҳо тут шинонда буданд. Аксари дарахтон 70 — сола буда, аз ҳосил мондаанд. Мувофиқи меъёрҳои агротехникӣ, дар як гектар замин аз 500 то 1100 бех ниҳоли тут шинондан мумкин аст. Пас чаро ин имкониятро истифода набарем? Ё интизорем, ки аз хориҷ омада, ба мо дарси кирмакпарварӣ меомӯзанд?

Барои ривоҷи соҳа бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардид. Тибқи он, тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод мебошанд.

Акнун мебояд барои рушди кирмакпарварӣ чораҳои мушаххас андешида шавад. Парвариши навъҳои беҳтарини тут ва тухми кирмак аз ҳамон ҷумлаанд.

Хушбахтона, аксар кирмакпарварони соҳибтаҷрибаи соҳа барҳаётанд, таҷрибаи онҳоро омӯхтан ва риояи технологияи муосири парвариши пилла шарти асосии пешрафти соҳа мебошад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»