Имконият ҳасту таваҷҷуҳ нест

Чаро ба маҳсулоти моҳӣ кам дастрасӣ дорем?

№13 (4596) 16.01.2023

61bc4fabc4589d00121dbba6-3478xМувофиқи меъёри физиологии ғизо истеъмоли моҳӣ ба як кас дар як сол нуҳ кило тавсия мешавад.

Дар Тоҷикистон чанд соҳаи дар гузаш­та рушдёфта буданд, ки дар марҳилаи гузариш ва тағйир ёфтани шаклҳои нави хоҷагидорӣ дучори заъфи истеҳсолӣ гардиданд. Хушбахтона, дар даврони истиқлолият рисолати истеҳсолиро барқарор карда, ба арсаи иқтисоди бозорӣ роҳ ёфтанд. Мутаассифона, то ҳол баъзе аз соҳаҳо ба нисфи иқтидори қаблиашон маҳсулот истеҳсол намекунанд. Агар соҳаи кирмакпарварӣ ва пахтакориро истисно кунем, шояд моҳипарварӣ, ки мавриди баёни матлаб аст, сеюмин соҳае бошад, ки рушди он эҳёталаб аст.

Мувофиқи иттилои Раёсати савдо ва хизматрасонии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 189 тонна моҳии зинда ба маблағи 67 ҳазору 596 доллар ва 4 ҳазору 184 тонна моҳии яхкардашуда ба маблағи 8 миллиону 651 ҳазору 215 доллар ворид гардидааст. Яъне, воридоти ин маҳсулот ба дараҷае нест, ки ба нарх таъсиргузор бошад.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ ба истифодаи оқилонаи об вобастагӣ дорад. Ҳоло ин боигарии бунёдӣ побарҷост ва толиби соҳибкорони худ аст. Вақте ки обу дарё мегӯем, моҳӣ пеши назар меояд, вале ба маҳсулоти моҳӣ дастрасии кам дорем. Истифодаи мақсадноки об на танҳо дар истеъмол ва соҳаи кишоварзӣ, балки дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла моҳипарварӣ, зарур аст. Дар кишвар захираю имконоти фаровон мавҷуд аст, ки интизори истифодабарианд. Фақат дар сурати дар самтҳои гуногун мақсаднок истифода бурдан метавонем «истифодаи оқилонаи об» гӯем. Он чӣ бо сӯз дар бораи истифодаи оқилонаи об мегӯем, инъикоси он дар истеҳсолот кам ба чашм мерасанд. Моҳӣ маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ беҳамто буда, хусусиятҳои зиёди шифобахшӣ дорад. Гарчанде ба 16 навъи маҳсулоти асосии ниёзи аввал дохил нашавад ҳам, таркиби физиологии инсон ба он сахт ниёз дорад. Бояд зикр кард, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як рӯзро «Рӯзи моҳӣ» эълон мекарданд.

 Сокини шаҳри Душанбе Муҳаммад­ёқуб Каримов иброз дошт, ки духтур барои тавоноии чашм ба писарам истеъмоли моҳиро тавсия дод. Дар бозор моҳии яхнии воридотӣ 25 сомонӣ, моҳии зинда аз 40 то 100 сомонӣ. Кӣ медонад, ин моҳиҳои яхнӣ, ки бозоргиранд, «умр» — и чандсола доранд. Ҳоло бозори моҳӣ гардиши заиф дошта, бештар аз хориҷ ворид шуда, санаи забҳи онҳоро касе намедонад. Кӣ гуфта метавонад, ки моҳии чандвақтаро ба бағоҷ ҷо кардаанд ва таркиби он чӣ гуна ферментҳои шифобахшро дорост? Воқеан, нахуст истеъмолкунанда сифати маҳсулотро муайян мекунад ва ба он баҳо медиҳад. Баъд ниҳодҳои дигар чора мебинанд ва кори ин ниҳодҳо ҳам назаррас нест.

Соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи моҳипарварӣ» мавриди амал қарор гирифт, ки ба инкишофи ин соҳаи сердаромад равона шудааст. Дар кишваре, ки аз саргаҳи об будани он ифтихор дорем, моҳӣ ва маҳсулоти моҳиро аз хориҷи кишвар ворид мекунем, вале аз ин касе дар хиҷолат нест. Воридот ҳам аз даҳ як ҳиссаи таъминоти меъёри истеъмолии аҳолиро ташкил намекунад. Ҳол он ки бо ин обу замин бояд андешаи содироти ин навъи маҳсулотро дошта бошем. Ин андеша он гоҳ самар медиҳад, ки ҳар як ваҷаб замин ва ҳар як каф обро оқилона истифода барем.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳдошти соҳаи моҳипарварӣ эътибори хоса зоҳир менамояд. Сеюми марти соли 2001 бо мақсади бо хӯроки серғизои омехта таъмин кардани соҳа қарори махсус қабул гардид, ки тибқи он, 1000 гектар замини обӣ ҷудо шуд. Аз он вақт зиёда аз 20 сол гузашт.

Мутахассисон истеҳсол ва истеъмоли моҳиро ҳар хел шарҳ медиҳанд. Бархе онро таъсири тағйирёбии иқлим мегӯянд, вале тағйирёбии иқлим дар кишвари мо чандон асар накардааст. Сабаби дигари кам гардидани истеҳсоли моҳиро номзади илмҳои иқтисодӣ Назрулло Амиров дар кам будани самараи иқтисодии соҳа рабт медиҳад. Моҳипарварӣ он гоҳ самарабахш мегардад, ки мо неруи зеҳниамонро ба он равона карда, технологияи нави парвариш ва таҷрибаи муосири ҷаҳонро ба роҳ монем.

Гурӯҳи дигари мутахассисон аз байн, рафтани хоҷагиҳои махсуси моҳипарвариро сабаб медонанд. Мутахассисон масъулиятро аз худ дур карданӣ нестанд, вале кадом омиле ҳаст, ки имкон намедиҳад, то соҳа ба таври кофӣ рушд ёбад? Об ҳамон, замин ҳамон, собиқаю таҷриба низ…

 Шояд набудани рӯҳияи собитқадамӣ дар соҳа бошад? Бояд касе бори ин масъу­лиятро ба дӯш бигирад. Чаро дар кишвар соҳаҳои парандапарварӣ, боғдорӣ рушд ёфтанд. Семент, ки технологияталаб аст, содирот мешавад, вале моҳипарварӣ ба иқтисоди бозорӣ тоб наоварда истодааст? Ҳол он ки мо бояд ба назар гирем, як қисмати анвои хӯроки паранда – равған ва орди моҳӣ аз самари маҳсули ин соҳа мебошад.

Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020 нисбат ба соли 2017-ум 35 дарсад ва истеҳсоли он 5,5 баробар афзудааст, вале аз истеҳсоли соли 1990 — чӣ? Дар бозор тағйири нарх ба чашм намерасад. Солҳои навадуми асри гузашта истеҳсоли моҳӣ зиёда аз 4 ҳазор тонна буд. Ба замми ин, дарёҳо сермоҳӣ буд ва як қисмати мардум ба ин восита аз ин маҳсулоти серғизои парҳезӣ баҳраманд мешуд.

Мо дар парвариш, истеҳсол ва коркарди саноатии моҳӣ таҷрибаю собиқаи зиёд доштем. Мардум аз моҳӣ ва коркарди саноатии он яксон истеъмол мекарданд. Ҳанӯз дер нашудааст, ки мо онро эҳё кунем.

93 дарсади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар ин сарзамини камзамин дар 75 ҳазору 306 гектар обанбор ва 27,05 гектар кӯл ва ҳавзҳо мавҷуд аст. Тибқи омори расмӣ истеҳсоли моҳи то моҳи декабри соли 2022 ба 3 ҳазору  423 тонна расидааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ба соҳибкорон дар самти истеҳсоли маҳсулот мустақилият додааст. Мудом ки истеҳсол ихтиёрӣ бошад, чаро дар заминҳои камҳосили дар ихтиёрдошта ин соҳаро ривоҷ намедиҳанд?

 Мувофиқи иттилои Раёсати кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб, дар 137,9 гектар моҳӣ парвариш мешавад, ки дар 11 моҳи соли 2022-юм 153,9 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Кӯлоб 58 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар санглохзамин ва заминҳои камҳосил бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ аз дилхоҳ зироат дида фоидаовартар мебошанд. Санглохзамине, ки мавриди моҳипарварӣ қарор мегирад, метавон чанд сол пас онро ба гардиши кишоварзӣ ворид кард, чунки лойоба такшин шуда, таркиби хок фарбеҳ ва ба замин табдил меёбад.

Чунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон таъкид карданд: «Аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои обӣ масъалаи ҷиддии ҳалталаб аст».

Дар ноҳияи Муъминобод соли 1958 обанборе сохта шуд, ки ғунҷоишаш 30 миллион метри мукааб об буд. Он дар қатори муҳимтарин обанборҳои ҷумҳурӣ ном бурда мешуд ва аз он ҳазорҳо гектар заминро обёрӣ карда, то ҳудуди ноҳияи Восеъ ҷорӣ мегардид ва дар он моҳӣ низ парвариш меёфт. Ин иншооти барои кишоварзӣ ниҳоят фоидаовар аз назарҳо дур мондааст. Он як намунаи истифодаи оқилонаи об мебошад. Аз ин обанбор, ки канали он зиёда аз 70 километр буд, моҳӣ шикор мекарданд.

Ба мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ин обанбор бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҶДММ «Меҳвари Душанбе» хоҷагии муосири моҳипарварӣ ташкил шуд, ки барои ҷалби сайёҳон мусоидат менамояд.

Бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар самти моҳипарварӣ эъмори обанбор дар саргаҳи дарёи Ёхсу ба мақсад хеле мувофиқ мебошад. Сохтмони обанбор боис мегардад, ки аз деҳаи Хонободи шаҳри Кӯлоб то ноҳияи Восеъ садҳо гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардад.

Инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли хӯроки моҳӣ, бунёди корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти моҳӣ ва чанд омили дигар ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Мо набояд даст болои даст монда, интизор шавем, ки кай аз хориҷа омада роҳи захира кардани об, истифодаи мақсадноки он ва парвариши моҳиро ба мо тавсия медиҳанд.

Баҳри рушди соҳаҳои дигар барномаҳои зиёди давлатӣ қабул кардем. Дуюми июли соли 2008 «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009 – 2015» қабул гардида бошад, соли 2017 «Барномаи маҷмӯавии чорводорӣ барои солҳои 2018 – 2022» қабул гардид, ки ин барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ басанда набуда, татбиқи барномаҳо мувофиқи мақсад нест.

- Боиси хурсандист, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» 19-уми июли соли 2022 қабул гардид. Инчунин, дар ин самти парвариш ва хӯронидани моҳиҳо корҳои илмию тадқиқотӣ рафта истодааст. Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт хоҷагии моҳипарварӣ ба истифода дода шуд, ки он 72 гектарро ташкил медиҳад ва дар оянда ба 85 гектар расонида мешавад. Соҳа метавонад дар оянда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад, — гуфт ходими калони илмии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ Акрам Ҳоҷиев.

Сабаби дигари рушд наёфтани соҳа кофӣ набудани корҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоишӣ барои ҷорӣ кардани технологияҳои нав дар соҳа мебошад. Ҳоло парвариши моҳӣ бо усули анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Роҳҳои истифодаи ин боигариҳоро бояд ёфт. Парвариши зотҳои фоидаовари наслдеҳ, камхӯрок, сергӯшт, сернасл, камсук ва тез калоншаванда дар ин самт ба мақсад мувофиқанд. Барои ин, пеш аз ҳама, барномаҳои соҳавии мутобиқ ба таҷрибаи ҷаҳони муосирро бояд қабул кард. Дар замони муосир таҷрибаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар соҳаи моҳипарварӣ кластеркунонӣ пурра амалӣ шуда истодааст.

Тибқи низоми содакардашудаи андоз­бандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда аз пардохти андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, арзиши иловашуда, аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шуданд. Ҳадаф аз ин иқдом таври шоиста ба роҳ мондани рушди соҳа ва ҷалби бештари соҳибкорон ба моҳипарварӣ мебошад.

Зарур аст, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду равнақи соҳаро мутобиқ ба таҷрибаи замони муосир мавриди назар қарор дода, ҷиҳати таҳия ва қабули барномаҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад. Амалисозии маҷмӯи тадбирҳои пешгирифта дар ин самт имкон медиҳад, ки талаботи аҳолиро ба маҳсулоти моҳӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ бештар таъмин созем ва ба ин васила, ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ, ноил гардем.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»