Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили гуногуни хоҷагии халқи кишвар сухан гуфтанд ва аз ҷумла боғ ва боғпарварӣ дар канор намонд:
«Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори мамлакат то ба 360 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 241 ҳазор гектар ё се баробар зиёд буда, дар таҳкими амнияти озуқавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом саҳми арзишманд гузошт. Вале хотирнишон месозам, ки мо дар ин ҷода ҳанӯз имкониятҳои зиёд дорем ва бояд бо истифода аз онҳо, аз ҷумла дар заминҳои ғайриобии доманакӯҳҳо майдони боғу токзорро беш аз ду баробар афзоиш диҳем».
Рашт ноҳияи аграрӣ ба шумор рафта, дар бахши кишоварзӣ зиёда аз 75 фоизи аҳолии қобили меҳнат шуғл дорад. Боғдорӣ соҳаи асосӣ барои хоҷагиҳои ноҳия буда, 95 фоизи хоҷагиҳои инфиродӣ ба парвариши себу нок машғуланд.
Замони Ҳукумати Шӯравӣ дар ноҳия беш аз 70 фоизи даромади аҳолӣ аз фурӯши мева буд. Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аксари боғҳои ноҳия аз сабаби нагузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ, бахусус коркарди кимиёвӣ ба муқобили касалиҳо ва ҳашароти зараррасон, камҳосил гардиданд.
Солҳои охир бо ҳидояти Сарвари давлат барои барқарор намудани боғоти куҳна ва бунёди боғҳои нав аз ҷониби мақомоти дахлдори ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои судманд амалӣ шуда, масоҳати боғҳои нав аз даврони шӯравӣ ду маротиба васеъ гардид.
Дар ин хусус бо собиқадори соҳа Ҳодӣ Сайхуҷаев суҳбат доштем. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Сангвор ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №1-и шаҳраки Ғарм гирифтааст. Академияи хоҷагии ба номи Темирязеви шаҳри Москваро бо ихтисоси агроном -иқтисодчӣ хатм намуда, солҳои зиёд дар вазифаҳои сардори раёсати кишоварзӣ, директори совхоз ва ғайра кор кардааст. Соли 1999, баъди ба нафақа баромадан дар деҳоти «Қалъаи Сурх» дар майдони 3 гектар боғ бунёд намуда, ҳоло ба парвариши ниҳолҳои себу нок ва нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда машғул аст. Аз боғи бунёднамудааш ҳар сол 15- 20 тонна ҳосили себу нок ба даст меорад.
- Талаботи имрӯза тақозо менамояд, ки маҳсулоти дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол шавад. Себу ноки Рашт нисбат ба навъи меваи дигар минтақаҳои кишвар ва хориҷ болазаттар буда, зоҳиран ҳам зебост. Аммо ҳоло бозори меваи ин минтақа касод гардидаст. Зиёда аз 100 касал ва 400 намуди ҳашарот онро таҳдид мекунад. Ҳамрадиф ба ин, вақтҳои охир касалиҳои хавфноки хушккунандаи дарахтон ва ҳашароти зараррасон зиёд гардид, ки барои рушди соҳа монеа эҷод мекунад, — афзуд Ҳ. Сайхуҷаев.
Ҳамсуҳбатам аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар ноҳияҳои водӣ то ҳол ҳатто як хоҷагии деҳқонии парвариши донаи ниҳолҳои мевадиҳанда ташкил нашудааст. Аз ин рӯ, боғдорони ноҳия аз минтақаҳои дигар ниҳол харидорӣ мекунанд, ки ба иқлими ноҳия тобовар нестанд.
Дар назди Вазорати кишоварзӣ Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химиккунонии кишоварзӣ фаъолият дорад, вале аксари заҳрохимикатҳо тариқи қочоқ ворид мешаванд.
- Эътироф бояд кард, ки дониши касбии боғдорони имрӯза дар сатҳи паст қарор дорад. Аксари онҳо сабаби хушкшавӣ ва камҳосилии дарахтонро муайян карда наметавонанд. Кадом намуди заҳрхимикат ва кадом намуди нурӣ кай истифода бурданро намедонанд. Тамоми намуди заҳрхимикатҳоро бамавриду бемаврид истифода мебаранд. Агар дар як деҳа чанд нафар аз заҳрҳои зидди ҳашарот истифода баранд, дигарҳо ин корро намекунанд. Дар натиҷа, баъди гузаштани муҳлати кӯтоҳ ҳашарот рӯ ба афзоиш оварда, боғҳои коркардшударо низ фаро мегирад. Аз ин рӯ, дар ноҳия зарурати ташкили гурӯҳи махсуси пешгирӣ аз паҳншавии ҳашарот ва ҳимояи маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи усулҳои агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба миён омадааст, — гуфт дар хатми суҳбат Ҳодӣ Сайхуҷаев.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»