Бино ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард нафар яке аз навъҳои маъюбиро доранд, ки ин шумора 15 фоизи аҳолии кураи заминро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 80 фоизашон синни қобили меҳнат мебошанд.
Тавре дар суҳбат муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Бобохонзода зикр намуд, шахсони маъюб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ҳуқуқҳо бархӯрдор мебошанд. Аз ҷумла, дар моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».
Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо стратегия, барнома ва нақшаҳои миллӣ қабул гардидаанд. «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025», «Барномаи давлатии муҳити дастрас», «Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон» аз ҳамон ҷумлаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид буда, як қатор санадҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Протоколи иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро, ба тасвиб расонидааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми марти соли 2018 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ба Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон имзо гузошта шуд.
- Барои амалӣ гардонидани уҳдадориҳо қабул намудани меъёрҳои мутобиқ ба муқаррароти конвенсияи мазкур ва бекор кардан ё тағйир додани қонунҳое, ки боиси табъизи шахсони маъюб мегарданд, дар стратегия ва барномаҳо ба назар гирифтани ҳуқуқҳои маъюбон зарур аст,- зикр намуд Саидалӣ Бобохонзода.
Аз ин лиҳоз, дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ иборат аз намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд. Аз ҷониби ин гурӯҳ «Харитаи роҳ» ва дар асоси он «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024» қабул гардид.
Тавре С. Бобохонзода қайд намуд, айни ҳол дар ҷумҳурӣ биноҳои нави баландошёна қомат афрохта истодаанд. Барои дастрасии маъюбон ба биноҳои инфрасохторӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамасола дар панҷ шаҳру ноҳия санҷишҳо мегузаронанд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дастрасии маъюбон ва гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ ба бино ва иншооти инфрасохтории ҳудуди шаҳру ноҳияҳо мувофиқи мақсад нест. Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо барои бартараф кардани камбудиҳо тавсияҳо дода шуд.
Зикр шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилотҳоро муваззаф гардонидааст, ки барои дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти иҷтимоии инфрасохторӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва дигар иншооту муассисаҳо) шароит фароҳам оранд.
Талаботи шахсони маъюб барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ асосан дар шаҳрҳои калон ба назар гирифта мешаванд. Масалан, дар ин самт аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста чораандешӣ мешавад.
Таъмин шудан бо кор мушкили дигари маъюбон мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» оид ба муқаррар шудани квотаҳо барои маъюбон аз ҷониби корфармоён дар аксар ҳолат риоя намешавад.
Шояд мушкил дар он бошад, ки дар тасаввури ҷомеа шахси маъюб инсони нотавону эҳтиёҷманд аст. Барои аз байн бурдани ин ақида моро зарур аст, ки барномаву консепсияҳоеро, ки доир ба ҳуқуқҳои маъюбон қабул мешаванд, тарғиб намоем.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»