Ҳифзи муҳити зист

Чаро дар истифодаи нақлиёти барқӣ таъхир мекунем?

№95 (4357) 22.07.2021

Usluga-karsheringa-elektromobiley-v-valensii-ispaniyaЧанде пеш вакилони Олий Маҷлиси Ӯзбекистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон»- ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар он зимни харидан ва ворид кардани нақлиёти барқӣ сабукиҳои андозӣ пешбинӣ шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки моҳи декабри соли гузашта дар кишвари ҳамсоя қарори Девони вазирон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба харидан ва ба иҷора додани воситаҳои нақлиёт, истифодаи электромобил ва рушди саёҳат бо велосипед дар мамлакат» қабул шуд. Тибқи он, истеҳсоли электромобил дар муассисаҳои АО «Узавтосаноат» пешбинӣ гардидааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки корхонаи  мошинбарории воқеъ дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд»-и вилояти Фарғона дар ҳамкорӣ бо ширкати «Silk Road Company»-и Хитой соли равон истеҳсоли электромобилро ба роҳ мемонад. Нархи электромобил муодили 3000 доллар хоҳад буд, ки он баъд аз мошини барқии «Mahendra E-20» — и истеҳсоли Ҳиндустон электромобили арзонтарини ҷаҳон хоҳад шуд.

Дар Ӯзбекистон аз якуми июни соли ҷорӣ ба нақлиёти бо барқ ҳаракаткунанда рақами сабз дода истодаанд. Рақамҳои то ин вақт додашудаи электромобилҳоро ройгон иваз мекунанд. Бо мақсади ҳавасмандкунии сокинон ба соҳибони электромобил барои ҳаракат дар қисмати марказии шаҳрҳои Ӯзбекистон имтиёз муқаррар шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳоло дар Ӯзбекистон воридкунандагони электромобил аз аксиз ва боҷи гумрукӣ озоданд.

Дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Украина аз ҷиҳати болоравии суръати гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар ҷои аввал меистад. Ҳукумати ин кишвар тасмим гирифтааст, ки то соли 2025 теъдоди электромобилҳоро дар мамлакат ба 246 000 адад расонад. Радаи Олии  Украина вобаста ба рушди нақлиёти барқӣ моҳи сентябри соли 2020 қонуни махсус қабул намуд. Мувофиқи он, то 31 декабри соли 2028 ворид кардани таҷҳизот барои васлу  насби нақлиёти барқӣ аз андози арзиши  иловашуда ва боҷи воридотӣ озод аст. Инчунин, то 31 декабри соли 2033 корхонаҳои истеҳсолкунандаи нақлиёти барқӣ, қисмҳои эҳтиётии нақлиёти барқӣ, аккумулятор ва таҷҳизоти  нерудиҳӣ аз андози даромад озоданд. Илова бар ин, то 31 декабри соли 2025 воридкунандагони электромобил, электробус, мошинҳои боркаши барқӣ ва техникаи махсуси бо барқ ҳаракаткунанда аз андози арзиши иловашуда озоданд.

Шаҳрвандоне, ки электромобил мехаранд, муваққатан, аз андози даромад ва пардохти суғуртаи ҳатмии нафақа озод мешаванд.

Дар қонуни мазкур омадааст: «Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба кам кардани ихроҷи партов ба атмосфера, беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳрҳо, инчунин, кам кардани вобастагии иқтисодиёт аз воридоти нефт ва маҳсулоти нефтӣ, давлат то 1 январи соли 2030 гузаштан ба нақлиёти автомобилии барқиро аз афзалиятҳои худ  мешуморад».

Вакилони  парлумони Украина боварӣ доранд, ки бо зиёд шудани  теъдоди электромобилҳо талабот ба  сӯзишворӣ камтар мешавад. Аксиз аз воридкунии сӯзишворӣ ба Фонди роҳ интиқол дода хоҳад шуд. Ҳоло дар Украина зиёда аз 3000 нуқтаи нерудиҳии электромобилҳо фаъолият мекунанд. То 31 декабри соли 2024 ба операторони ин нуқтаҳо гирифтани литсензия зарурат надорад. Ҳар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки  берун аз шаҳрҳо ҷойгиранд, вазифадор шудаанд, ки камаш як таҷҳизоти нерудиҳии пуркунии электромобил насб намоянд.

Вакили мардумӣ Александр Кравтсов ба хабарнигори сомонаи «News Infocar. ua» иброз доштааст, ки дар панҷ соли охир дар Украина «инқилоби электромобил» рӯй дод. Мардум дарк намуданд, ки нигоҳдорию истифодаи электромобил арзонтар аст. Ҳоло дар Украина теъдоди нуқтаҳои нерудиҳӣ аз кишварҳои ҳамсоя бештар аст. То соли 2030 Украина метавонад ба он ноил гардад, ки фурӯши нақлиётро танҳо электромобил  ташкил диҳад. Ин нақша пурра амалишаванда аст.

Таваҷҷуҳ ба нақлиёти барқӣ дар кишварҳои мутараққӣ торафт бештар мегардад.  Норвегия тасмим гирифтааст, ки то соли 2025 пурра ба электромобил гузарад. Дар Германия пешниҳод намуданд, ки соли 2030 ҳаракати  мошинҳои бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо  мамнӯъ шавад. ­Британияи Кабир аз соли 2032, Ҳиндустон — 2030 ва Фаронса аз соли 2040 ин нақшаро амалӣ карданианд.

Ҳатто Ҳукумати Федератсияи Россия — кишвари бузурги содиркунандаи нефт тасмим гирифтааст, ки барои рушди нақлиёти сабукрави барқӣ то соли 2030 беш аз 418 миллиард рубл ҷудо намояд. Пешбинӣ шудааст, ки дар мамлакат 150000 нуқтаи нерудиҳӣ сохта, дар мошинсаройҳо гузоштани электромобилро ройгон намоянд. Москва, Санкт- Петербург, Сочи, Севастопол, Қазон ва Калининград шаҳрҳои пилотӣ хоҳанд шуд. Амалисозии консепсияи мазкур ба зиммаи консорсиуми миллӣ бо роҳбарии «КамАЗ» вогузор шудааст.

Электромобили «Кама — 1»-и истеҳсоли Федератсияи Россия бо як нерудиҳӣ 300 километр ҳаракат намуда, дар зарфи 20 дақиқа 80 дарсад неру мегирад: нархи як адади он қариб як миллион рубл буда, истеҳсоли солона 20000 адад пешбинӣ шудааст.

Дар корхонаи мошинбарории шаҳри Толятти низ истеҳсоли электромобили тамғаи «Zetta» дар назар аст. Коршиносон ҳисоб кардаанд, ки дар Федератсияи Россия барои тай кардани 100 км бо мошини бензинӣ камаш 280 рубл, дизелӣ -222, газӣ — 170 ва барқӣ 36,75 рубл сарф мешавад. Яъне, ҳангоми бо электромобил тай кардани 100 километр камтар аз нархи як литр бензин пул сарф мешавад.

Тибқи иттилои нашрияи «Евразия эксперт», дар Ҷумҳурии Беларус низ барои гузаштан ба нақлиёти барқӣ иқдомҳои ҷиддӣ роҳандозӣ мешавад. Соли 2018 фармони Президенти ин кишвар А. Лукашенко «Дар бораи ҳавасмандгардонии истифодаи электромобил» ба рушди нақлиёти барқӣ такони ҷиддӣ бахшид. Мувофиқи он, ворид кардани таҷҳизоти нерудиҳӣ аз андози арзиши иловашуда озод шуда, касоне, ки электромобил мехаранд, боҷи давлатӣ намесупоранд. «Беларуснефт» тасмим гирифтааст, ки то соли 2024 дар шаҳрҳои ин кишвар нуқтаҳои нерудиҳӣ бунёд кунад. Дар маҷмӯъ, то соли 2030 теъдоди чунин нуқтаҳо ба 1304 адад хоҳад расид. Ғайр аз электромобил, дар Беларус истеҳсоли электротрактор, электросамос­вал ва электробус низ ба нақша гирифта шудааст. Соли равон корхонаи «Беҷи»-и Беларус истеҳсоли электромобили тамғаи «Geometry A»- ро бо тавоноии 163 қувваи асп ба роҳ мемонад. Он бо як неругирӣ 500 километрро тай менамояд. Дар нақша аст, ки имсол корхонаи мазкур 1000 адад электромобил истеҳсол кунад.

Баъд аз он ки кишварҳои содиркунандаи сӯзишворӣ нархи бензину соляркаро баланд намуданд, Лукашенко тасмим гирифт, ки бояд Беларус мисли дигар кишварҳои Аврупо  ба нақлиёти барқӣ гузашта, вобастагии иқтисодиётро ба сӯзишвориҳои нефтӣ кам намояд. Солҳои  наздик дар ин кишвар теъдоди электромобил ба 100000 адад хоҳад расид.

Дар ҷумҳурии мо бо мақсади ривоҷу равнақ додани электромобил ҳанӯз ягон иқдоми ҳавасмандкунӣ сурат нагирифтааст. Аҳёнан дар кӯчаҳои пойтахт ва шаҳрҳои калони мамлакат электроскутер ва  электромотороллерҳои истеҳсоли Ҷумҳурии  Халқии Хитойро дучор омадан мумкин аст.  Шумораи электромобил ангуштшумор аст.

Хуб мешуд, ки парлумони мамлакат бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ба Ҳукумати мамлакат дар бобати додани баъзе сабукиҳо ба воридкунандагону истифодабарандагони электромобил пешниҳод ироа мекард.

Шояд баъди додани имтиёзҳо соҳибкорони мамлакат воридоти электромобилро ба роҳ монанд. Таҷрибаи мамолики пешрафтаи ҷаҳон  нишон медиҳад, ки электромобилҳо партови дуду газҳои зарарнокро пешгирӣ намуда, талабот ба сӯзишвориро тадриҷан кам мекунанд. Ин, махсусан, барои кишвари  мо, ки сӯзишвориро аз хориҷа ворид мекунаду неруи барқи арзон дорад, муфидтар хоҳад буд.

Пас чаро мо дар ин ҷода таъхир мекунем?

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»