Нуқтаи назар

Чаро дили як идда бо забон як нест?

№№ 97 (4517) 05.08.2022

HZAAAgHBSeA-192Бо хулоса аз рафтору гуфтор ва кирдори баъзе ҳамватанон дар зеҳн андеша, бобати он ки «кам шуда ҳамсуҳбате, ки аз дилаш гӯяд сухан» шакл мегирад. Муътақид мегардем, ки дар сари аксарият андеша дигар, вале алфозашон хилофи он аст. Иддае дар бобати ифтихори миллӣ мегӯянду вале аз он бӯе набурдаанд. Вобаста ба худшиносии миллӣ «вазъ» мехонанду то ҳол худро намешиносанд, чӣ расад ба шинохти дигарон…

Дар бобати ватандӯстӣ «амри маъруф» мекунанду Ватан ва муқаддасоти ба он алоқаманд барояшон арзиш надорад. «Эҳтиёткорӣ» ва «дурандешӣ» — и баъзеҳо, ки алъон соҳибмансабанд, далели он аст, ки мехоҳанд «фурудгоҳи эҳтиётӣ» дошта бошанд…

Дар маҷмӯъ, шиорпароканӣ шеваи фаъолияти зиндагии ба ном ватандӯстони дар асл «обшинос» (манзур шахси замонасоз) аст. Яқин аст, ки ин қабил суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш кардаанд, ки фармудаанд: «Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дӯст бояд дошт».

Ифтихори миллии баъзеҳо то ҳаддест, ки аз амалисозии одитарин иқдом вобаста ба ҳифзи муқаддасоти миллӣ «худдорӣ» мекунанд. Дар ин бобат далелҳои зиёд дорам…

Аслан ифтихори миллӣ бояд рукни асосии зиндагиву фаъолияти дилхоҳ шахси худогоҳ бошад. Ифтихори миллӣ маншаъ аз миллату Меҳан, таъриху забон, фарҳангу оини мардумӣ гирифта, реша ба ниёкони баномуси ҳимматбаландамон дорад. Инсони маҳрум аз ифтихори миллӣ моҳиятан манқурт буда, барояш мафҳумоти Ватан, миллат, ҳақиқат, ҳувият ва шараф арзиш надоранд ва қодир аст онҳоро арзон фурӯшад.

Чунин ашхос ба ҳеҷ ваҷҳ баҳри дифоъ аз шаъну шарафи инсониаш иқдом намекунанд ва то абад дар қайди бардагиву беҳувиятӣ хоҳанд монд.

Ифтихор моҳиятан номус ҳам ҳаст, зеро номус ифтихор маҳсуб шуда, беномус орӣ аз ифтихор аст.

Аз ҷониби дигар, ифтихори миллӣ бо кибру ғурур ба ҳеҷ ваҷҳ тавъам набуду нест, зеро кибру ғурур миллатро ба зиллат мувоҷеҳ месозад, ки дар таърих чунин мисолҳо зиёданд. Бузургон навиштаанд, ки «номус ба сағир ва кабир раддабандӣ мешавад. Номуси сағир он аст, ки фард агар баҳри ҳимоят ва ҳиросати шаъну шарафи худу хонадону дудмони худ пои саъй фарсояд. Номуси кабир ҳамон аст, ки ба хотири пуштибонӣ аз буму кишвар, лафзи модар, ҳамхунон ва ҳамлисонон сина сипар бинмояд».

Комилан зидди он ҳастам, ки ифтихори миллӣ бо шиорпароканӣ, суханпардозӣ, даст ба сина кӯбидан, бозгӯӣ ва эътироф шавад. Онҳое, ки мисли тӯтӣ дар бораи муқаддасоти миллӣ сухан мегӯянд, беҳтараш хомӯш бошанд, зеро зиёданд онҳое, ки дар маҳзари омма ватандӯстанду содиқ, вале «чун ба хилват мераванд, кори дигар мекунанд». Аъмолу гуфторашон далели бебаҳси он аст, ки «дилашон бо забон як нест»…

Ченаки садоқати ин ашхос ба давлат, миллат ва Пешво аз одамияту самимият ва садоқат фарсахҳо масофа доранд. Бетарафӣ, хислате, ки бадтарин маҳсуб шуда, ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон «нишонаи марг аст», шеваи зиндагиашон қарор гирифтааст. Мепиндоранд, ки «кулбаи эшон дар канор аст» — у бо ин сабаб эмин хоҳанд монд, аммо хато мекунанд, хатои нобахшиданӣ!

Барои қисмати дигар, ки «ҳам ба наъл мезананду ҳам ба мех» ҳолати кунунӣ ва дурнамо муҳим нест. Ба таъбири ин ашхос, «биҳишт ҷоест, ки озораш набошад, касеро бар касе кораш набошад»…

Вале воқеият, бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, комилан дигар ва пешгӯинашаванда аст. Ҳолати бавуҷудомада масъулияти моро фузуда, водор месозад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Соҳибмансабонро мебояд садоқаташонро ба Роҳбари мамлакат ва тоҷику тоҷикистониён на танҳо бо сухан, балки бо амалҳояшон собит созанд. Дар ҳама ҳолат, новобаста ба вазъият, андеша ва назарашонро дигар накунанд. Аз нотавонбинони миллати тоҷик заррае ҳарос надош­та бошанд ва мунтазам ба ин тоифа дар қиболи андешаҳои сафсатаомез ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дурашон посухҳои муносиб диҳанд.

Хоксориро шеваи фаъолият қарор диҳанд, ба мисли баъзеҳо ҳаргиз ба «оши тайёр бакавул нагашта» мунтазам мадди назар дошта бошанд, ки обрӯву манзалати кишвар, пеш аз ҳама, ба номи Пешвои миллат мансуб аст. Сарфи назар аз он ки дар кадом маснад ифои вазифа менамоянд, бояд барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба сомон расонидани вазифаи ба зиммаашон вогузорбуда аз ҳама имконот самаранок истифода намоянд.

Борҳо шоҳид гардидаем, ки баробари аз мансаб барканор шудан ва ё ба вазифаи пасттар гузаронидан ин «аллома» — ҳо «ҷомаашонро чаппа мепӯшанд». Ин қабил ва умуман кулли мансабдорон бояд суханони пурҳикмати Пешвои миллат: «Расми солҳои то вазифа таъин шуданатонро тамошо кунед ва хулоса бароред»- ро фаромӯш накунанд.

Муҳимтар аз ҳама, садоқати мо, хоса мансабдорон ба Сарвари давлат, миллат ва меҳан, бояд «мавсимӣ» набошад. Бароямон  бояд аҳамият надошта бошад, ки дар кадом вазифа қарор дорем, баръакс муҳим самараи меҳнат ва нақши ҳар яки мо  дар пешрафти мамлакат аст.

Дар маҷмӯъ, зарур ва ногузир аст, ки дар «қалбамон тарсуиро, ки моҳиятан харгӯш аст, қатл кунем ва шери жаёнро парварем», то комёбӣ ҳамсафари доимиамон монад.

Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»