Чанд вақт аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори омма қарор дорад. Аслан, бо назардошти моҳият ин мавзӯъ барои аҳли қалам бояд самти афзалиятнок бошад ва муносибати дуюмдараҷа дар инъикос ва тарғибу ташвиқи неругоҳи мавриди назар ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Дар робита ба ин, 13 июли соли 2022, зимни суханронӣ дар мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд: «Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср, мунтазам чораҷӯӣ намоянд ва дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд».
НБО «РОҒУН» ТОҶИКИСТОНРО ШУҲРАИ ОЛАМ КАРД
Чун сухан дар бораи ин неругоҳ равад, заврақи хотирот маро ба гузаштаи начандон дур — 16 ноябри соли 2018 мебарад. Ифтихормандам, ки дар ин рӯзи фаромӯшнопазир ҳамроҳ бо ҳазорҳо нафар дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок доштам.
Барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Он рӯз ба шарофати ин шоҳкорӣ кишвари мо ба маънои томаш шуҳраи олам гаридид. Аз шабакаи «Ал-ҷазира»-и муътабар то «Евронюс»- и оламгир, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ҷамъ 200 журналист дар бораи ин Кохи нур ва иродаву матонати меъмори он Абармарди олами сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш пахш ва нашр карданд. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» шахсиятҳои муътабари ҷаҳонӣ — ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано суханронӣ карданд. Онҳо таъкид карданд, ки ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон вобаста ба бунёди НБО «Роғун» истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештар бархӯрдор менамояд.
То ҳанӯз пеши назарам лаҳзаи таърихӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе — Роғун»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд, ҳувайдост…
ДОНО ВА БА ГУФТАН ДАЛЕРУ ТАВОНО
Бемуболиға, ин сарлавҳа, қисме аз он баргирифта аз ашъори Фирдавсии бузургвор мебошад, ки қодир аст ҷаҳду талош ва садоқату самимияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба истодагарӣ дар бунёди НБО «Роғун» бозгӯӣ намояд. Шоҳид будем, ки Роҳбари мамлакат дар мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони давлатҳо ва нишасту ҳамоишҳои бисёрҷонибаи сатҳи баланди созмонҳои байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои марбутаи он, Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои дахлдораш, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун»-ро муаррифӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳалли дурусти мушкилоти норасоии неруи барқ дар минтақа тавассути ба роҳ мондани истифодаи босамари захираҳои обӣ, бахусус, сохтмони неругоҳи бузурги барқи обӣ ва кам кардани талафоти бесобиқаи об дар соҳаи кишоварзӣ, имконпазир аст. Гузориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Копенгаген бо ҳузури сарварони бисёре аз давлатҳои ҷаҳон бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистону минтақа, балки барои беҳдошти иқлими ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти НБО-и «Роғун» боис шуд, ки ин андеша аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид далели муътамад арзёбӣ гардад. Идомаи мантиқии масъалаи мазкур тасдиқи тадбирҳои барномаи ҷаҳонии «Об — барои ҳаёт» буд, ки дар ин замина аз ҷониби СММ соли 2010 шаҳри Душанбе макони баргузории ҳамоиши ҷаҳонии марбут ба об пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати ин ҳуҷҷати қабулнамудаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.
ИРОДАИ ҚАВИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲАМОВОЗИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Мо – тоҷику тоҷикистониён ифтихорманд бояд бошем, ки тамоми ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз иродаи қавӣ ва нияти нек маншаъ гирифтаанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пазироӣ қарор мегиранд.
Эътироф бояд кард, ки дар мавриди НБО «Роғун» назарҳо яксон набуданд. Баъзе «дӯстон»-и мо мехостанд бо ҳар роҳу восита ба эъмори ин иншооти барои кишварамон ба маънои томаш сарнавиштсоз монеа эҷод кунанд. Хушбахтона, ноком монданд…
Лозим ба ёдоварист, ки аз замони шурӯъ гардидани татбиқи ин тарҳ Федератсияи Россия онро дастгирӣ кард. Бамаврид аст аз намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Александр Лукашевич иқтибос орем, ки гуфта буд: «Федератсияи Россия ҷонибдори он аст, ки лоиҳаҳои марбут ба истифодаи об дар минтақаи наздик ба мо, майдони ҳамкории умумиминтақавӣ бошанд».
Иттиҳоди Аврупо низ мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла дар масъалаи НБО «Роғун», дастгирӣ намуда, намояндагони он бехатарии НБО «Роғун», зарурат ва манфиати онро расман тасдиқ кардаанд. Илова бар ин, вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла С. Стивинсон таъкид карда буд, ки бунёди НБО «Роғун» метавонад дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ хидмат кунад. Мавқеи ИМА низ вобаста ба ин масъала мусбат буда, замони оғози корҳои сохтмонӣ Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи НБО «Роғун» — ро «саривақтӣ» номида, ба идораи самараноки об дар Осиёи Марказӣ даъват намуд.
Муҳим он аст, ки раиси Палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов, ки замони ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, аҳамияти бузурги НБО «Роғун» — ро барои кишварҳои минтақа тасдиқ кард.
Ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо рӯйдоди ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» самимона табрик намуда, изҳор дошта буд: «Ман аз муваффақона ба кор андохтани ин иншооти азим мафтунам. Ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд ва татбиқи лоиҳа на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Ин лоиҳаи беназир ба шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азми устувор, матонат ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид».
Ба андешаи ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, НБО «Роғун» як марҳилаи муҳим барои бахши энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд, зеро он метавонад барои мардуми Тоҷикистон сатҳи баландтари некуаҳволӣ ва шукуфоиро таъмин намояд. Номбурда, аз ҷумла гуфт: «НБО «Роғун» метавонад барои аҳолии Тоҷикистон манбаи неруи барқи зарурӣ, арзон, барқароршаванда ва боэътимод гардад. НБО «Роғун», инчунин, метавонад манбаи муҳими содироти неруи барқ бошад, ки даромад аз он ба сармоягузории дигар сармояи муҳими инсонӣ ва дар навбати худ ба дигаргун сохтани иқтисодиёти Тоҷикистон ва таҳкурсии ояндаи шукуфон ёрӣ расонад».
ТАЪСИРИ НБО «РОҒУН» БА БОЛОРАВИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Н. Г. Савченков, ки барои мардуми мо, бо назардошти дар марҳилаи аввал масъули сохтмон будан чеҳраи ошно маҳсуб мешавад, нигошта буд: «Ман беш аз 30 сол дар вазифаҳои гуногун дар Тоҷикистон кор кардам, захираҳои бузурги энергетикии онро медонам. Медонам, ки барқи Тоҷикистон ба Сибир ва Урал ба воситаи Осиёи Миёна ворид мешавад. Об сиёсат аст. Ҳар касе онро соҳиб шавад, сиёсатро дар минтақа муайян мекунад. НБО «Роғун» воситаи муҳими амалӣ шудани ин сиёсат аст…».
Дар муддати кӯтоҳ собит гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷойгоҳи хоса дорад, зеро ин коргоҳи нур орзую ормони деринаи тоҷикистониён аст, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ даҳсолаҳо мунтазири бунёдкор буд. Агар ба таърихи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мутаваҷҷеҳ шавем, кулли далелҳо аз мавқеи собитқадамонаи Пешвои миллат дар сиёсати энергетикии кишвар шаҳодат медиҳанд.
Месазад ёдовар шавем, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ барои сохтмони ин неругоҳ чорсад корхонаро ҷалб карда бошад, ҳоло сохтмони неругоҳ на бо даъвати бештари мутахассисони давлатҳои ҳамҷавор, балки бо ҷалби бинокорону сохтмончиёни маҳаллӣ ҷараён мегирад. Шоистаи зикр аст, ки ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари давлатҳоро дар ҳайрат гузошт.
Нуктаи дигари муҳим он аст, ки қисмати аъзами лоиҳаҳои замони шӯравӣ, ки вобаста аз имкониятҳои бузурги ин давлати абарқудрат барои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия ва амалӣ мегардиданд, пас аз пош хӯрдани он дар канор монданд. Дар байни онҳо лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» ҳам буд, ки метавонист ба «боди фано» ё «кӯи фаромӯшӣ» равад.
Натиҷаи дигаре, ки бо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» пайванд мебошад, таъсири беназири он ба болоравии худшиносии миллист. Ибтикори Роҳбари мамлакат дар иртибот ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо такя ба сармояи миллӣ муҳиму саривақтӣ буда, фазои созандагиро тақвият мебахшад ва мо ин сиёсати оқилонаро дар бунёди неругоҳҳои барқи обии «Зарафшон», «Шӯроб», «Даштиҷум» ва корхонаҳои калони саноатӣ сармашқи кор қарор хоҳем дод. Ҳоло далели бебаҳс аст, ки неругоҳи мазкур ба лоиҳаи камназири сиёсиву иҷтимоӣ ва ормони миллӣ табдил ёфтааст.
Ба таъбири Пешвои миллат: «Баъди гузашти айём мову фарзандонамон боифтихор хоҳем гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем».
НБО «РОҒУН» ВА САҲМИ ОН ДАР РУШДИ МИНТАҚА
НБО «Роғун» на танҳо ба эҳтиёҷоти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳолии даҳмиллионаи он, балки ба содироти неруи барқи арзон ба як қатор кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Чин мусоидат мекунад. Ба анҷом расидани неругоҳ ва дар баробари ин, дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки содироти неруи барқро то 4 ҳазор мВт дар як сол татбиқ намояд. Ба ибораи дигар, неру ва оби НБО «Роғун» ба пешрафти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.
Аксари мутахассисон, коршиносон, иқтисодшиносон ва сиёсатмадорон ба ниҳоят муҳим будани НБО «Роғун» муътақиданд. Масалан, кормандони соҳаи энергетика ва об дар Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамият ва манфиатҳои ин лоиҳаро хуб медонанд. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки эъмори он на танҳо ба Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, балки ба ҳамсояҳои наздиктарин — Ӯзбекистон ва Туркманистон низ судовар хоҳад буд.
БА НАЗАР ГИРИФТАНИ САД СОЛИ МИНБАЪДА КАМОЛИ ДУРАНДЕШИСТ
Пешвои миллат борҳо таъкид карданд, ки «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои садсолаҳо бунёд мегардад. Бинобар ин, бояд ба сифати корҳои сохтмон, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмон ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад». Биноан, ба ташкилу татбиқи мониторинги инструменталӣ, ки барои таъмин намудани бехатарии неругоҳ ҳангоми сохтмон муҳим аст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Тибқи иттилои дастрас, ҳоло дар 51 қитъаи неругоҳи фавқ 36 000 асбоби санҷишу ченкунӣ васлу насб шудааст.
Илова бар ин, дар атрофи иншоот ва обанбори неругоҳҳои барқи обии «Роғун» ва «Норак» 11 пойгоҳи сейсмикии рақамии моҳворавӣ бо маркази сейсмикии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» васлу насб гардида, бо хатти баландсуръати интернет ба маркази сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваст шудаанд.
Зимни сафари зикршуда Пешвои миллат таъкид карданд: «…ташкил ва таъмин намудани мониторинги техникиву технологии сатҳи байналмилалӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки аз маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё иборат аст, зарур ва ҳатмӣ мебошад».
РӮ БА НБО «РОҒУН» ОВАРДАНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО АЗ БАҲРИ ЧИСТ?
Бегуфтугӯ, буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд. Новобаста ба ин, азми тоҷику тоҷикистониён бо роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» қатъӣ мебошад. Муҳимияти иншоот дар он зоҳир мегардад, ки бо вуҷуди мушкилоти зикршуда, Ҳукумати мамлакат дар ду соли охир барои идомаи сохтмон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, маблағгузориро ҷиҳати нигоҳ доштани суръати корҳо таъмин намуд.
Чанде пеш иттилое расонаӣ шуд, ки «Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, бузургтарин сармоягузори Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон шавад. Сухангӯи Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба хабаргузории «Рейтерс» гуфтааст, ки Комиссияи Аврупо аз бонки мазкур хостааст, «бузургтарин сармоягузори тарҳ» шавад. Омили мазкур бори дигар дурустии ибтикори Пешвои миллатро дар робита ба неругоҳи зикршуда собит намуд. Аз ҷониби дигар, иқдоми мазкур таваҷҷуҳбарангез будани неругоҳро барои сармоягузорони хориҷӣ ба маъраз гузошт.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат, илова ба маблағгузории ҳарсолаи сохтмони неругоҳ аз буҷети давлатӣ, инчунин, бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ кор бурда истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати татбиқи маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ аз моҳи сентябри соли 2020 ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Тавре дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» зикр гардид: «Дар ин давра бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии вариантҳои маблағгузорӣ ду маротиба мизи мудаввар ва бо иштироки намояндагони Ҳукумат, шарикони рушд ва дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ якчанд вохӯрӣ баргузор карда шуд».
Маълум гардид, ки минбаъд низ ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ барои ба анҷом расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ як қатор корҳо амалӣ мегарданд.
Ҳамон тавре Президенти мамлакат таъкид карданд: «Корҳо вобаста ба ҷалби маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ то охири соли ҷорӣ анҷом меёбанд ва соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ оғоз мегардад».
ЧОР ЧАРХА АЗ АВСТРИЯ БАРОИ НБО «РОҒУН»
Иттилоъ дорем, ки ду чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар Украина сохта буданд, аммо бо ҳаводиси охири ба ин кишвар рабтдошта омодасозии агрегатҳои боқимонда ғайриимкон гардид. Ин ҳолатро нотавонбинон «ливо» карда, идомаи сохтмони неругоҳро зери суол бурдан хостанд. Хушбахтона, «бо дуои кӯрмуш борон намеборад». Чанде пеш маълум гардид, ки кишвари мо истеҳсоли чор чархаи дигарро барои НБО «Роғун» ба ширкате дар Австрия супориш додааст. Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, 12 июл дар нишасти матбуотӣ дар шарҳи ин масъала минҷумла гуфт: «Мо ба ширкате дар Австрия супориш додем. Албатта, масъалаи овардани турбинаҳо харҷи бештар мехоҳанд, аммо мутахассисон бояд бо таҷҳизоти аврупоӣ ҳам кор карда тавонанд».
ҲОЛО НАБЗИ НБО «РОҒУН» ЧӢ ГУНА МЕТАПАД?
Ба ин савол мардуми шарифи кишвар ба шарофати сафари Пешвои миллат ба маҳали сохтмон, ки 12 — 13 июли соли равон сурат гирифт, посухи қаноатбахш гирифтанд. Маълум гардид , ки аз оғози фаъолияти ду агрегати неругоҳ то ба имрӯз зиёда аз 4,6 миллиард киловатт — соат неруи барқ истеҳсол гардида, барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии Неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои 2008 — 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Корҳо, алалхусус, дар обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, мустаҳкамсозии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби сохтмонии қабатҳои 3 ва 4, нақбҳои обрасон ва ҷабандаву сементатсионӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд, шахтаи ҳаводиҳанда ва дигар иншоот қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Ҳоло дар сохтмон 10 ҳазору 517 нафар, аз ҷумла 332 нафар мутахассисони хориҷӣ, фаъолият доранд, ки 97 фоизи онҳоро коргарону мутахассисони ватанӣ ташкил медиҳанд. Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, 3219 адад мебошад. Аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва дигар хизматрасониҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида, аз ҷумла ба Лоти 1 — таҷҳизоти электромеханикӣ, Лоти 2 — сарбанди неругоҳ, Лоти 3 — иншооти соҳили рост ва Лоти 4 — иншооти соҳили чап тақсим шудаанд. Бунёди сарбанд – яке аз иншооти муҳими неругоҳ ба уҳдаи ширкати «Вибилд»-и Италия вогузор гардидааст. Тибқи маълумот, дар минтақаи сарбанди неругоҳ то имрӯз дар ҳаҷми 16,7 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст. Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои тоза намудан, мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо, тибқи лоиҳа, иҷро гардида, дар ҳаҷми беш аз 3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ ба анҷом расонида шуда, корҳои зери таҳкурсии бетони шиббашаванда оғоз гардидаанд.
ҚАДРШИНОСӢ — ЯКЕ АЗ ҲАЗОР ФАЗИЛАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ҷанбае, ки зимни инъикоси раванди бунёди ин иншооти муҳим аз мадди назари аҳли қалам дур намондааст, қадршиносии сохтмончиёни ин иншоот аз ҷониби Роҳбари раъиятпарвари давлат маҳсуб мешавад.
Ман дар мавриди бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намудани бунёдкорони неругоҳ ва дастгириву ғамхориҳое, ки моҳияти иҷтимоӣ доранд, чизе намегӯям, зеро «чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба нест». Манзури ман суханони пурмеҳру роҳнамунсози Роҳбари мамлакат мебошад, ки дар ҳаққи сохтмончиён зимни суханрониҳояшон баён гардидааст:
- Ҳазорон аҳсану офарин ба бунёдкорони «Роғун» — қаҳрамонони арсаи заҳмати созандаву мардона!
- Шараф ба мардуми ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус ва заҳматпешаву сарбаланди Тоҷикистон!
- Шараф ба сохтмончиён ва муҳандисону мутахассисони диловари Неругоҳи барқи обии «Роғун»!
- «Роғун» барои мардуми шарафманди Тоҷикистон сохтмони сарнавиштсоз, майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона мебошад!
Чунин қадршиносии Пешвои миллат далели возеҳи он аст, ки ин Абармард хизмати ҳар нафареро, ки дар бунёди неругоҳи зикршуда саҳим аст, арҷ мегузоранд.
Хулоса, ин Кохи нур, ҳамон тавре ки Пешвои миллат гуфтанд, «Чароғистони бузурги миллат, рӯзгори обод ва сари баланду рӯи сурхи ҳар як фарди мамлакат маҳсуб шуда, баъд аз пурра ба кор даромадани он орзуи чандинсолаи миллати тамаддунсози мо амалӣ мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми шарифи тоҷик ба воқеият табдил меёбанд».
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»