Даҳаи аввали моҳи декабр яке аз муаллифони ин матлаб ба ҷамоати деҳоти «Сӯҷина» ва «Ёрӣ» рафта, ба манзараи ғайриодӣ дучор омад. Дар баъзе аз киштаҳо ҳанӯз пояи хушкидаю сармозадаи картошка барҷо буд, саҳеҳтараш, онро аз замин наканда буданд. Зери хок ҳанӯз картошка ҳаст, вале чанд донаи аз тухми мусича бузургтар. Ба ин хотир деҳқонон аз баҳри кандани он гузаштаанд. Баҳори оянда дар ин замин боз шинонидани картошка пешбинӣ шудааст.
Тавре кишоварзи ҷамоати деҳоти «Ёрӣ», агрономи собиқадор Абдусамад Самадов гуфт, соли гузашта дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳот дар 550 гектар, ки чоряки заминҳои обиро ташкил медиҳад, картошка шинонида буданд. Ҳосили баландтарин 150 ва маъмулӣ 50 — 100 сентнер аз як гектарро ташкил медиҳад.
Тибқи ҳисоби мутахассисони идораи кишоварзии шаҳр, арзиши аслии истеҳсоли картошка дар сурати аз як гектар гирифтани на кам аз 200 сентнер 1,06 сомонӣ аст. Яъне, арзиши аслӣ ва ё хароҷоти истеҳсоли 50 ё 100 сентнер, ки қисмати хеле ками он барои фурӯш мувофиқ аст, мутаносибан 4,36 ва 2,12 сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 161, дар замини наздиҳавлигии аҳолӣ 136 сентнерӣ ҳосил бардоштаанд. Ҳарчанд моҳи декабр дар бозори шаҳр 3 сомонӣ шудани нархи картошка ва фаровонии картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳу ноҳияи Деваштич дурустии ин нишондиҳандаҳои ҳосили ночизро зери суол мебарад, сабаби аз баҳри ҷамъоварии ҳосили картошка баромадани баъзе аз деҳқонон маҳз дар ҳамин рақамҳо нуҳуфтааст.
Дар гузашта Панҷакент яке аз марказҳои истеҳсоли тамоку буд ва он харидори зиёд дошт. Ба ин хотир калонтарин коргоҳи коркарди аввалияи тамоку низ дар замони шӯравӣ маҳз дар Панҷакент бунёд шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои 1998-1999 дар 4031-4306 гектар тамоку кӯчат карда буданд. Баъдан, ба рағми нишондодҳои «Барномаи рушди тамокупарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2006-2015», ки Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расонид, истеҳсоли тамоку бо сабаби паст шудани сифат, ба рақобат тоб наовардан ва аз даст додани бозор аз байн рафт ва ҷои онро ҳоло картошка гирифтааст.
Соли 2019 майдони картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 6623 гектар ва истеҳсоли он 102372 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 2011 мутаносибан 14 гектар ва 3,3 маротиба афзудааст.
Вале картошка чун тамоку зироати беор нест, махсусият дорад ва риоя накардани он боиси коҳиши ҷиддии ҳосил мегардад. Тавре мутахассисон мегӯянд, киштгардон барои рушди картошкапарварӣ аз заминаҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Ба сабаби зиёд кардани майдони кишти картошка, ки соли гузашта беш аз нисфи заминҳои обии киштшавандаи шаҳрро ташкил дод, имконияти киштгардон маҳдуд аст. Мутахассисон собит кардаанд, ки ба сабаби риоя нашудани киштгардон ҳашароти зиёновар, аз ҷумла, гамбӯски колорадӣ, симкирмак, ширинча, кирми тирамоҳӣ, касалиҳои фитофтороз, қутур афзудаанд.
Картошка зироатест, ки ба замини серғизо эҳтиёҷ дорад. Ба ин хотир деҳқонони собиқадор юнучқазорро чун пешкишти картошка истифода мекарданд. Ба назари мутахассисон, картошка зироати иқлими гарм нест. Аз 11402 гектар замини корами обии шаҳри Панҷакент танҳо 1901 гектараш дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷойгир аст. Аз он, масалан деҳқонони деҳаи Ворӯ пештар то 500 сентнер ҳосили картошка мерӯёниданд. Дигар заминҳои корами обӣ дар қисмати водии шаҳр ҷойгир буда, қисми зиёди он тавассути 18 пойгоҳи обкашӣ обёрӣ мешаванд. Ҳарчанд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат солҳои охир ҷиҳати таҷдиду таъмири пойгоҳҳо тадбир андешида мешаванд, ду соли гузашта низ мунтазам кор накардани онҳо ба мушоҳида расид. Ин ҷо суханони олими зироатшинос, раҳматии Юнус Сайфов, ки навъҳои гуногуни картошкаро дар Панҷакент месанҷид, ба ёд меояд. Ӯ ба деҳқонон таъкид мекард, ки намнокии ҷӯяҳои картошка набояд аз 70 дарсад кам бошад.
Таҷрибаҳо собит кардаанд, ки дар замини шаҳр картошкаи барвақтӣ ҳосили нисбатан хуб медиҳад. Ба ин хотир соли гузашта дар 330 гектар кишти картошкаи барвақтӣ пешбинӣ шуд, ки муҳлати миёнаи он то 1 март аст. Вале моҳҳои феврал ва март дар Панҷакент боронгарӣ зиёд аст, ки ба кишти зироат, аз ҷумла, картошка, монеаи ҷиддӣ пеш меорад. Тибқи хулосаи олимон, тухмии картошка дар сурати аз 26 дараҷа боло рафтани ҳарорат аз сабзиш мемонанд. Тибқи мушоҳидаҳо, бо сабаби тағйирёбии иқлим ва зимистони камбориш дар аввали тобистон ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 32- 42 дараҷа боло рафтааст.
Ҳоло дар ҳама шакли хоҷагидории Панҷакент 82027 сар моли калон, 193937 сар моли майда ва 906 сар асп парвариш меёбад. Солҳои охир як қисми замини зироати хӯроки чорво барои парвариши картошка пешбинӣ шудааст.
Бо дарназардошти ин мутахассисон пешниҳод доранд, ки нақшаи кишти картошка дар Вазорати кишоварзии мамлакат бозбинӣ шуда, майдони кишти он дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 2,7 ҳазор гектар ва дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳазор гектар муқаррар шавад. Дар ин сурат, бо истифодаи агротехникаи инноватсионӣ, истифодаи тухмиҳои ба иқлими маҳал мувофиқ, киштгардон ҳосилнокии картошкаро 1,5 баробар ва истеҳсоли онро тавре Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар намудааст, ба 100 ҳазор тонна расонидан мумкин аст.
Тӯрдибой СОЛЕҲЗОДА,
рӯзноманигор,
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»