Дар вилояти Хатлон айни ҳол 921 нуқтаи ҷамъоварии партовҳои хатарнок, аз ҷумла лампаҳои симобӣ мавҷуд мебошад. Аз сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо шумораи лампаҳои аз истифода беруншуда дар вилоят зиёд шуда истодаанд.
Сардори шуъбаи назорати истифода, ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Шамсиддин Халилов иттилоъ дод, ки аз рӯзи ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди лампаҳои симобдор» 945 санҷиш гузаронида, қоидавайронкунандаҳо ба маблағи 161 ҳазору 40 сомонӣ ҷарима шуданд. Дар маҳаллаҳои аҳолинишин, корхонаву идораҳои давлативу хусусӣ оид ба иҷрои қарори мазкур пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар нуқтаи ҷамъоварии лампаҳои каммасраф 212 ҳазору 451 лампаи аз истифодабаромада ҷамъоварӣ шуда, аз сабаби он ки дар вилояти Хатлон таҷҳизоти зарурӣ барои безарар гардонидани лампа мавҷуд нест, ба шаҳри Душанбе интиқол дода мешаванд.
Шамсиддин Халилов илова намуд, ки оид ба ҷудо намудани маблағ барои харидории таҷҳизоти безараргардонӣ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол шудааст. Мутаассифона, танҳо ду шаҳру ноҳия ба ин мақсад маблағ ҷудо намудаанду халос. Бино ба гуфти ӯ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик таҷҳизоти безараргардонии лампаҳоро харидорӣ намояд.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа Неъматзода Наим қайд намуд, ки соли 2018 бояд дар шаҳри Сарбанд анбор ва таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои аз истифодабаромада бунёд гардад. Аз соли 2011 17 ҳазор лампа ҷамъоварӣ шудааст ва маблағи безараргардонии онҳо зиёда аз 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва дигар мақомоти марбута барои ҷалби сармояи дохилӣ ҷиҳати харидории таҷҳизот ва безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада муваззаф шуда буданд. Аммо то ҳол таҷҳизоти зарурии безараргардонӣ ба вилоят ворид нашудааст.
Омили дигари нигаронкунанда кам будани корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ мебошад. Зимни суҳбат бо аҳолии вилоят маълум гардид, ки аксарият оид ба зарари чунин лампаҳо маълумот надоранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ