Ломбард (гаравхона) моҳиятан шахси ҳуқуқӣ — ташкилоти махсусгардонидашудаест, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқул машғул аст.
Аз далелҳои таърихӣ бармеояд, ки аввалин гаравхонаҳо асри XV мелодӣ дар Франсия, бо мақсади додани қарз бо фоизи муайян ба қарзгирандагон бар ивази гарави маснуоти заргарӣ ташкил шудаанд. Ҳоло дар бисёр кишварҳо шумораи зиёди гаравхонаҳо фаъолият намуда, имконият фароҳам овардаанд, ки шаҳрвандон дар муҳлати кӯтоҳ, бе сарфи вақти зиёдатӣ, барои ҷамъоварӣ намудани ҳуҷҷату маълумотнома маблағи заруриро дастрас намоянд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», ки соли 2013 аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қабул ва ҷонибдорӣ шудааст, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона (ломбард) оид ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим менамояд.
Тибқи иттилои дастрас, дар кишвар беш аз 30 ломбард фаъол буда, ҳар яки он то 15 филиал дорад. Масъалае, ки дар матлаб меҳвар қарор додем, ҷавобгӯи талабот набудан ва «худашонро шоҳу табъашонро вазир пиндоштан»-и масъулини ташкилотҳои мазкур аст.
Пайгирии масъала собит намуд, ки дар фаъолияти баъзе аз гаравхонаҳо камбудиҳо мавҷуданд, ки ба баланд будани фоизи қарз, ғайрикасбӣ муайян намудани иёри металлҳои қиматбаҳо, вазн ва арзиши маснуоти заргарӣ рабт дорад.
Зиндагӣ қонунҳои нонавишта дораду баъзе маврид «оинаро муҳтоҷи хокистар мекунад». Табиист, ки дар чунин ҳолат иддае ба гаравхона барои гирифтани қарз бо гузоштани амволи манқул, махсусан ашёи аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, муроҷиат менамоянд. Мутаассифона, масъулини бархе аз ломбардҳо аз ин фурсат суиистифода мекунанд, ки комилан хилофи арзишҳои инсонист. Ҳамин аст ки бо вуҷуди соҳибқонун будани соҳа, бардошти мардум аз фаъолияти гаравхонаҳо мусбат набуда, аксарият аз гирифтани қарз аз онҳо худдорӣ мекунанд. Чунки ҳангоми баргардонидани гарав, қарзгиранда бояд на танҳо маблағи қаблан гирифташуда, балки фоизи муайянро ҳам пардохт намояд, ки шарту меъёри пардохт дар гаравхонаҳо гуногун мебошад. Илова бар ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки иёри металлҳои қиматбаҳо, вазн ва арзиши маснуоти заргарӣ аз ҷониби масъулини ломбардҳо, ки мутахассиси соҳа нестанд, ғайримунсифона муайян шуда, ҳуқуқҳои шаҳрвандон нақз мешавад.
Ҳол он ки тибқи муқаррароти моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», молу мулки багаравмонда ё барои нигаҳдошт супурдашуда бояд бо мувофиқаи тарафҳо аз рӯи нархҳои дар савдо истифодашаванда нархгузорӣ шавад. Илова бар ин, гаравхона уҳдадор аст молу мулки ба гарав ва барои нигаҳдошт гирифтаашро ба манфиати молгузор аз ҳисоби худ бо арзиши пуррааш аз рӯи нархҳои чунин молу мулк ва чунин сифати дар савдо истифодашаванда, суғурта намояд. Инчунин, масъулини гаравхона ҳуқуқи аз ҳисоби молгузор маҷбуран суғурта кардани молу мулки багаравмонда ё барои нигаҳдошт супурдашударо надоранд.
Аксар шаҳрвандон аз муқаррарот огоҳ нестанду масъулини ломбардҳо ин талаботи қонунро умуман риоя намекунанд. Аксарият, ҳатто онҳое, ки аз хизматрасонии ломбардҳо истифода намудаанд, намедонанд, ки муносибат бо ломбардҳо ҳатман бояд дар асоси шартномаи қарз — шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба муҳлати муайян бо додани чипта (билет)-и гарав, роҳандозӣ шавад.
Ҳангоми бастани шартномаи қарз гаравхона бо шарти дар муҳлати на бештар аз як сол баргардонидан ба молгузор бо подош қарз медиҳад. Молгузор бошад, ба гаравхона молу мулкеро месупорад, ки предмети гарав аст. Нуктаи дигар он аст, ки гаравхона махфияти маълумоти ҳуҷҷатҳои қарздиҳии зимни бастани шартномаи қарз ва шартномаи нигаҳдошт аз молгузор гирифтаашро, ки фош гардидани он метавонад ба молгузор зиёни моддиву маънавӣ расонад, кафолат медиҳад.
Далелҳое мавҷуданд, ки дар заминаи бевиҷдонии масъулини баъзе аз ломбардҳо хилофи талаботи мавҷуда фурӯхтани молу мулки багаравмонда низ ба амал меояд. Бо чанд нафаре, ки худро ҷабрдида арзёбӣ карданд, суҳбат низ доштам. Вале ҳеҷ кадоме аз онҳо розӣ нашуд расман масъаларо матраҳ намояд.
- Дарди сари зиёдатӣ чӣ лозим, — чунин буд посухашон ба дархости ин ҷониб. Зимни пайгирии масъала, ҳамчунин, маълум гардид, ки ҳолатҳои бинобар чанд лаҳза дер кардани гаравгузор аз ҷониби масъулини ломбард фурӯхта шудани молу мулки багаравмонда низ ҷой дорад.
Аз ин бармеояд, ки бисёриҳо аз муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ин ҷанба огоҳ нестанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» муқаррар кардааст, ки «Гаравхона ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12 қонуни мазкур пешбинигардида, надорад».
Дар робита ба моддаи 12 бояд гуфт, ки маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда танҳо дар асоси талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, дар ин маврид шартномаи қарз ё шартномаи нигаҳдошт қатъ мегардад.
Ҳамватанони азиз бояд донанд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани чунин ҳолат гаравхона дар давоми се рӯзи корӣ баъд аз маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда уҳдадор аст дар ин бора ба молгузор огоҳинома фиристад. Дар навбати худ, молгузор аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома тибқи талаботи шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт, дар назди гаравхона уҳдадор мегардад.
Таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар робита ба ин масъала дар маркази диққат буда, гаравхона дар мавриди уҳдадориҳои тибқи талаботи қисми 3 моддаи 12 қонуни зикршуда ба зиммааш гузошташударо иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардан, аз ҳуқуқи қонеъ кардани талаб нисбат ба молгузор маҳрум мешавад.
Муҳимтар аз ҳама, агар молгузор молу мулки ба нигаҳдошт супурдашударо дар муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи нигаҳдошт дархост накарда бошад, гаравхона вазифадор аст онро дар давоми муҳлати имтиёзноки семоҳа нигаҳдошт кунад. Ҷоиз ба зикр аст, ки гаравхона дар мавриди ба фурӯш рафтани молу мулки дархостнашуда аз маблағи аз фурӯши он бадастомада метавонад хароҷоти нигаҳдошт ва дигар пардохтҳои марбут ба гаравхонаро пӯшонад ва уҳдадор аст маблағи боқимондаро ба молгузор баргардонад.
Бо мақсади аз наздик шинос шудан ва дарҷ намудани назари масъулини ин ташкилотҳо дар матлаб мо интихобан аз чанд ломбард дидан намудем. Мутаассифона, баробари муаррифӣ кардан авзои масъулин куллан тағйир ёфта, бо баҳонаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳузур надоштани роҳбари аввал, навтаъсис будан ва ғайра, аз суҳбат худдорӣ карданд. Вақте дар мавриди камбудиҳои дар матлаб зикршуда пурсон шудем, ҳама исрор меварзиданд, ки мизоҷон аз онҳо шикоят надоранд. Масалан, дар ломбарди «Карат», маъмураш Шаҳноза Собирова таъкид намуд, ки дар раванди фаъолият ягон маротиба миёни онҳо ва мизоҷон нофаҳмӣ ба вуҷуд наомадааст. Чунин андешаро зимни боздид аз гаравхонаи «Нормандика», ки дар гӯшаву канори шаҳр филиалҳояш низ фаъоланд, хазинадори он Таҳмина Раҳматуллоева иброз кард.
Ба назари мо тамоюли афзоишро касб намудани қонуншиканӣ дар фаъолияти гаравхонаҳо пеш аз ҳама, ба ин ҷанба — аз назорат дур мондан вобаста аст.
Боварии комил дорем, ки баъди нашри матлаб сохторҳои дахлдор баҳри ба танзим даровардани фаъолияти гарвахонаҳо, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, дуруст баҳогузорӣ намудани молу мулки ба гарав гузошташаванда, беҳбуд бахшидани шарту шароити қарздиҳӣ, пешгирии иҷборан гирифтани молу мулки ба гарав гузошташуда иқдом хоҳанд кард.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»