Боғу токпарварӣ аз соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумҳурӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим мебозад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд дорад. Баҳри парвариш ва ба фурӯш баровардани ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишӣ ва ҳамешасабз дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» қадамҳои устувор гузошта шуд. Муҳимтар аз ҳама, 2-юми январи соли 2020 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ба имзо расид.
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 13 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дорад. Самти асосии фаъолияти корхона парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороишӣ мебошад. Дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии зертобеи корхона 10052,82 га замин мавҷуд аст. Солҳои 2023–2024 дар хоҷагиҳои давлатии фаръии ниҳолпарварии зертобеи корхона 1353917 бех ниҳол парвариш шудааст. Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояфкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВД «Тоҷикниҳолпарвар» якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳолфурӯшӣ ниҳолҳои гуногунро ба хоҷагиҳо бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд. Аммо баъзе шаҳрвандон аз хушк шудани ниҳолҳо шикоят мекунанд. Аз ҷумла, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Шамсиддин Ниёзов изҳори нигаронӣ кард, ки соли гузашта бо маблағи 1200 сомонӣ ниҳол харидааст, ки аксари он хушк шудааст.
Сарагрономи Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ворисов бар ин назар аст, ки сабаби хушк шудани ниҳол ба нигоҳубин накардани он рабт дорад.
- Сабаби дигари хушк шудани ниҳол риоя накардани тарзи шинонидани он аст. Дар доманакӯҳҳо аввали баҳор, водиҳо охири тирамоҳ анҷоми ин амал мувофиқ аст. Вазифаи асосии ниҳолхонаҳо парвариши навниҳолҳои баландсифат барои бунёди боғҳо мебошад. Парвариши навниҳолҳо мураккаб ва заҳматталаб буда, барои парвариши ниҳолҳои ҷавон муҳайё намудани шароити мусоид зарур аст. Давраи парвариши навниҳолҳо 2-4 солро дар бар мегирад. Тибқи маслиҳати мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ, он аз интихоби замин, ҷамъ кардани тухмӣ, тайёр кардани замин, кишт намудани тухмӣ, парвариши ниҳолҳои тагпайванд (хасак), пайвандкунӣ, парвариши ниҳолҳои пайвандӣ, ҳифзи онҳо аз касалию ҳашарот ва ғайра иборат мебошад, — зикр кард номбурда.
Искандар Розиқов, ки ба бунёди боғу токзор машғул аст, дар давоми чанд соли охир бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ таҷрибаашро ба намоиш мегузорад. Ӯ имрӯз аз нафарони машҳур дар соҳаи боғпарварӣ ба ҳисоб меравад. Номбурда мегӯяд, ниҳолҳои парваришнамудааш боре аз ҷониби харидорон бозпас гардонида нашудааст. Ҳамсуҳбатам ба ин назар аст, ки сарфи назар аз миқдор, ҳаҷм ва масоҳати замини ниҳолпарварӣ ниҳолпарварон бояд бо сертификат таъмин карда шаванд. Он гоҳ имкон фароҳам меояд, ки дар вақти ниҳолҳоро фурӯхтан ба харидорон онро нишон диҳанд.
Дар деҳоти «Сарикиштӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ хоҷагиҳои зиёди деҳқонӣ мавҷуданд, ки фаъолияташон ба шароити нави муносибатҳои истеҳсолӣ ва рақобати бозор мутобиқ мебошад. Хоҷагии деҳқонии «Файз» аз ҳамон шумор аст. Бо сардори хоҷагии мазкур Файзалӣ Шарипов атрофи мавзуъ суҳбат намудем. Ӯ чунин иброз дошт: «Соли 2014, вақте хоҷагиро бунёд кардам, бо кумаки мутахассисони соҳаи ниҳолпарварӣ аз хоҷагии «Исқич»-и шаҳри Ҳисор 3320 бех ниҳоли мевадиҳандаро барои ду гектар замин харидам. Дар ин муддат сабзиши 90 фоизи ниҳолҳо хуб аст, 10 фоизи боқимонда аз сабаби аз як минтақа ба минтақаи дигар овардан ва дар роҳ осеб дидан хушк шудаанд». Ҳамчун хоҷагидор муътақидам, ки хушк шудани ниҳол бо айби худи истифодабарандагон ба амал меояд. Бештари онҳо бе маслиҳати мутахассис корро анҷом медиҳанд. Ҳатман бояд аз мутахассис маслиҳат гирифт.
Сардори хоҷагии деҳқонии «Зарнигор»-и ноҳияи Ҳисор Мизроб Юсуфов, ки хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад, зимни суҳбат таъкид намуд, ки мардум вақти дастрас намудани ниҳол бояд ба ҳолати он аҳамият диҳанд. Бино ба гуфти ӯ, боғдор ҳамон нафаре шуда метавонад, ки ниҳолро ҳамчун фарзанди худ парвариш карда тавонад.
Дар маҷмӯъ, омӯзиши масъалаи мазкур собит намуд, ки рушди боғдорӣ аз ниҳолҳои босифат ва риояи талаботи боғдорӣ вобаста аст. Биноан, кишоварзонро мебояд ин омилро сарфи назар насозанд ва ҳангоми машғул шудан ба боғдорӣ ҳатман бо мутахассисон машварат кунанд, то меҳнаташон барабас наравад.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»