Нуқтаи назар

Чаро ширкатҳои дорусозӣ ҳавасманди тақвияти иммунитет нестанд?

№44 (4306) 08.04.2021

2Соли 2020 барои кормандони соҳаи тандурустии кишвар соли санҷиши донишу маҳорат буд. Дар чунин давраи мушкил, ки бемории сироятии коронавирус ҷаҳонро ба таҳлука овард, табибони  мамлакат тавонистанд бо истифода аз донишу маҳорат дар пешгирӣ ва табобати беморӣ саҳми арзанда гузоранд. Онҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ намуданд.

Бемории зикршуда барои ҷомеаи инсонӣ моҳиятан имтиҳон буд. Бисёр шахсони саховатманд башардӯстиро меҳвар қарор дода, ба муҳтоҷону барҷомондагон дасти мадад дароз намуданд. Табибони ҳозиқи олиҳиммату ҳамшираҳои шафқат аз баҳри истироҳату таътил гузашта, ба беморон ёрии тиббии саривақтӣ расониданд.

Мутаассифона, шахсоне ҳам буданд, ки аз паҳншавии  пандемия манфиат ҷустанд. Чунончӣ, бархе аз соҳибони дорухонаҳо нархи доруҳоеро, ки талабот ба онҳо бештар шуд, якчанд маротиба баланд бардоштанд. Чанд қаллоби манфиатҷӯ барои чунин рафтор муҷозот ҳам шуданд.

Коршиносон исбот намуданд, ки ширкатҳои бузурги дорусозии ҷаҳон ба хотири гирифтани даромади зиёд назарияҳои илмиро рад намуда, бо ёрии расонаҳои манфиатҷӯй ва духтурони фурӯхташуда тиҷоратро равнақ мебахшанд. Тавре сомонаи «Politus» менависад, дар давоми даҳсолаҳо ширкатҳои бузурги дорусозӣ  манфиати витаминҳо ва иловаҳои табииро ба саломатии одамон рад намуда, онҳоро рақиби маҳсулоти худ меҳисобанд. Аз ин рӯ, аҳамияти истифодаи онҳоро сарфи назар намуда, аз тариқи воситаҳои ахбори омма, ба мардум ин ҷанбаро талқин мекунанд.

COVID-19 бемориест, ки 99,8 дарсади  сироятёфтагон ба шарофати масунияташон зинда мемонанд. Аммо ин далел аз ҷониби манфиатҷӯён рад ё сензура мешавад, то  тарсу ҳаросро дар  шуури аҳли ҷомеа ҷой диҳанд. Маҳз аз ҷониби онҳо пешниҳоди карантини шадид ва маҳдудияти зиёд ироа гардид, ки дар баробари иқтисодиёт ба саломатии бисёриҳо зарбаи ҳалокатбор зад. Аммо доираи манфиатҷӯён дар бораи аҳамияти мустаҳкамсозии масунияти инсон муҳри хомӯшӣ бар лаб мезаданд, то ки доруҳояшон бештар ба савдо равад. Чунончӣ, дар «Масунияти инсон — рақиби ашаддии ширкатҳои дорусозӣ» ном мақола, ки дар ҳафтаномаи «Дунё» (№11 аз 17 марти соли равон) ба табъ расид, омадааст: «Далелҳои фаровоне ҳастанд, ки варзиш, хоби бароҳат, витаминҳои А, В, С, Д, Е, пробиотикҳо ва минералҳо, аз қабили руҳ, магний, йод ва селен қобилияти масуният (иммунитет)- ро ба таври назаррас афзоиш медиҳанд. Ба гуфти доктори илмҳои тиб У. Леви  Томас, витамини С  аломатҳои шадиди вирусиро ба осонӣ табобат мекунад. Исбот шудааст, ки витамини  С тақрибан сироятҳои шадиди вирусиро дар бемороне, ки онро  ба миқдори кофӣ мегиранд, табобат менамояд.

Ба гуфти пулмонолот Г. Веберг, «бемороне, ки витамини С қабул намуданд, нисбат ба онҳое, ки онро нагирифтаанд,  худро беҳтар ҳис намуданд». Сарфи назар аз  он витамини С-ро ҳамчун воситаи мустаҳкамкунандаи системаи масуният ва роҳи мубориза бо коронавирус эътироф шудааст, ақаллан як тавсияи  расмиро дар ин бора пайдо карда наметавонед. Ширкатҳои дорусозӣ инро комилан рад мекунанд, зеро ба манфиати онҳо нест. Масалан, канали «Ютуб» ва саҳифаи «Фейсбук»-ии табиби хитойӣ, доктори илмҳои тиб Ричард З. Ченгро, ки дар табобати COVID — 19 бо усули тавассути рагҳо равон намудани витамини С натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст, бастанд. Мақсад — таҷрибаи табибони Хитой тарғиб нашавад.

Сомонаи «Politus» нигоштааст, ки индустрияи дорусозӣ ва васоити ахбори харидашуда одамонро аз «вируси марговар»-и нави бераҳм  тарсонида истодаанд. Қабули ин иттилоот системаи масуниятро халалдор мекунад. Илова бар ин, афсурдаҳолӣ (депрессия), маҳрумият аз варзиш, норасоии нури офтоб, набудани робита бо одамон ба сабаби изолятсия  масуниятро ба таври назаррас коҳиш медиҳанд.

Қисми зиёди доруворӣ ба кишвар аз хориҷа ворид мешавад. Якчанд доруҳои ихтироъкардаи олимони тоҷик дар амалия самаранокиашонро нишон дода бошанд ҳам, ба бозори доруфурӯшӣ роҳ намеёбанд. Аниқтараш, намегузоранд, ки роҳ ёбанд. Сабабашро дар боло зикр намудем. Яъне, он доруҳо арзон ва самараноканд, вале ширкатҳои бузурги дорусозии хориҷию ҳаводоронашон ба ин ҳавасманд нестанд.

Масалан, «Тимогар», «Тимотсин» ва «Тимофер» ном доруҳои ихтироъкардаи доктори илмҳои биологӣ ва фармасевтӣ, академик Ғуломқодир Бобизода, нӯшдоруҳои «Авитсенна», «Сиёҳдона» ва маҳлули пошандаи «Антиковид- 19», ки дорусоз Сайидвалӣ Ҳикматов (директори ҶДММ «Авитсенна») ихтироъ кардааст, системаи  масуниятро пурқувват намуда, шифоёбии беморонро метезонанд. Ин доруҳоро табибони тоҷик Наврӯз Усмонов дар Яман ва номзади илмҳои тиб Ҷамшед Аминов дар Федератсияи Россия бомуваффақият санҷида, шоҳиди дар муҳлати кӯтоҳ шифобёии беморон шуданд. Дар кишвар низ самарабахшии доруҳои мазкур исбот гардид.

Чунончӣ, А. Ҳусейнов ва А. Ҳикматов аз шаҳри Ҳисор, ­С.Полвонов аз ноҳияи Рӯдакӣ, А. Аминов аз шаҳри Душанбе, З. Асроров аз шаҳри Турсунзода эътироф  намуданд, ки баъд аз  гирифторӣ ба бемории коронавирус нӯшдоруи аз  сиёҳдона тайёркардаи «Антиковид-19»-ро як қошуқӣ рӯзе се маротиба истеъмол намуда, дар 2-3 ҳафта сиҳат ёфтанд.

Мутаассифона, дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба давоҳои ватанӣ, ки аксар аз гулу гиёҳҳои диёр тайёр шудаанд, кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҳанӯз баъзеашон мувофиқи тафаккури даврони шӯравӣ амал намуда, фикр мекунанд, ки танҳо доруи хориҷӣ босифат аст.  Як қисми табибон ба тарғибкунандагони доруҳои ширкатҳои хориҷӣ табдил ёфта, чандин маротиба бо маблағи онҳо берун аз кишвар ба саёҳат рафтаанд.

Солҳои чилум — панҷоҳуми асри гузашта  олмониҳою япониҳои иқтисодашон баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон  харобшуда ҳангоми интихоби мол, бо вуҷуди қимат будан, маҳсулоти  ватаниашонро харида, ба ин васила истеҳсолкунандагонро дастгирӣ карданд. Дар натиҷаи доштани ҳисси баланди ватандӯстӣ корхонаҳои ин кишварҳо «ҷон гирифта», яке дар Аврупо ва дигаре дар Осиё мамлакатҳои пешрафта шуданд. Агар маҳсулоти  ватаниро мисли  олмониҳову япониҳо дастгирӣ кунем, корхонаҳои мамлакат зуд «ба по рост хоҳанд шуд».

Соли равон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилалии  «ЭКСПО» баргузор мегардад. Хуб мешуд, ки дар қатори асали кӯҳию хушкмеваҳо нӯшдорую давоҳои аз гиёҳҳои ватанӣ истеҳсолшударо низ дар он ба харидорон пешкаш намоянд, зеро минбаъд талабот ба маҳсулоти мустаҳкамкунандаи иммунитет зиёд мешавад.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»