Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани табибони беморхонаҳои ноҳияи Шаҳринав масъулонро нигарон кардааст. Имсол дар қиёс ба солҳои гузашта, шумораи духтурони ҳиҷраткарда зиёд гардидааст.
Сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Ғиёсиддин Раҳимов чунин иброз намуд: «Соли гузашта 7 табиби дорои маълумоти олӣ бо хоҳиши худ аз кор озод шуда, аксарият ба муҳоҷират рафтанд. Имсол 8 духтури баландихтисоси беморхона, ки таҷрибаи беш аз даҳсолаи кор доштанд, аризаи аз вазифа озод шуданро навишта, барои кор ба Федератсияи Россия сафар карданд. Дар баробари онҳо, 32 ҳамшираи тиббӣ низ тарки пеша карда, 10 нафарашон ба Федератсияи Россия оилавӣ кӯч бастанд. Аз кор рафтани беҳтарин мутахассисони соҳаи тиб бесабаб нест. Бештари онҳо эҳтиёҷ ба манзили зист доштанд. Ҳамчунин, маошашон барои пешбурди зиндагӣ басанда набуд. Дарёфт ва тайёр кардани мутахассиси соҳаи тиб кори саҳл нест. Барои омода кардани кадри ҷавон баъд аз хатми донишгоҳ 4-5 сол бояд бо ӯ корҳои амалӣ гузаронӣ».
Аз муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳия низ табибон довталабона аз кор рафта истодаанд.
- Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 7 духтури болаёқати муассиса, ҷарроҳ, уролог, табибони оилавӣ ва дандонпизишк ба Федератсияи Россия ҳиҷрат карданд. Яке аз сабабҳо, кам будани музди меҳнат бошад, сабаби дигар, санҷиши зиёду беасоси сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Ба замини наздиҳавлигӣ ҳам муҳтоҷ буданд. Имтиёзҳо барои табибон зиёд аст, мутаассифона, онҳо татбиқ намешаванд, — зикр кард роҳбари КАТС Толиб Ахмедов.
Дар ин замина соҳаи тандурустии ноҳия бо норасоии кадр мувоҷеҳ аст. Ба иттилои масъулон, алҳол ноҳия ба табибони оилавӣ, дандонпизишк, ҷарроҳ, осебшинос, анестезиолог, реаниматолог, момодоя ва духтури кӯдакона эҳтиёҷ дорад. Ҳолдонҳо гуфтанд, ки ҳарчанд табибони ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷдошта борҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат карданд, аммо мушкилашон ҳал нашуд. Агар ба муҳоҷират рафтани табибон идома ёбад, вазъи соҳаи тандурустӣ дар ноҳия табоҳтар мегардад. Кӣ бояд ба мушкили пизишкон расидагӣ кунад, то ба муҳоҷират рафтани онҳо пешгирӣ шавад? Ин суолест, ки посухашро аз масъулин интизор мешавем.
Ёқуби СОДИҚ,
«Садои мардум»