Чаро тарифҳои 13 сол тағйирнаёфтаи «IRS» 7 фоиз афзуданд?

№154 - 155 (4416 - 4417) 28.12.2021

Муовини директори «IRS»  оид ба нигоҳдории роҳ Худоёр Худоёрзода  бо 25 далели асоснок  зарурати ин корро  шарҳу тавзеҳ дод

brandАз 1 январи соли 2022 тарифҳои тағйирёфтаи гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ» мавриди истифода қарор мегиранд. Эътироф мекунам, ки дар оғози фаъолият аз онҳое будам, ки дар баъзе маврид «IRS»-ро танқид мекардам. Аммо баъдтар назарам нисбат ба ширкати зикршуда мусбат гардид. Чаро? Зеро қаблан ба сифати вазири нақлиёт ва айни замон ҳамчун муовини директори «IRS» оид ба нигоҳдории роҳ боварӣ ҳосил намудам, ки бе «IRS» дар сатҳи хуб нигоҳ доштани роҳи Душанбе — Чаноқ ғайриимкон аст.

Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаи аҳолӣ пурра барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Дар давоми 13 сол собит шуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, барои беҳдошти ҳолати роҳи стратегии кишвар дахл дорад.

Афсӯс, ки баъзеҳо аз маърифати молиявии аҳолӣ суиистифода карда, иқдоми мазкурро таҳриф (интерпретатсия) намуда истодаанд. Барои мисол, дар ҳоле ки афзоиш ба ҳисоби миёна, бо дарназардошти 358 километр роҳ 7 фоиз аст, ин тоифа бо 50 — 70 фоиз арзёбӣ намудани он мардумро гумроҳ намуданианд.

Лозим донистам, ки сабаб ва омилҳои зиёдшавии тарифҳои гузариш аз плазаҳои толлингии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чаноқ»-ро якумин маротиба баъд аз 13 сол мухтасар шарҳ диҳам:

1. Қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки дар солҳои 2009 — 2021, яъне 13 сол, новобаста аз зарурат, «IRS» ягон маротиба тарифҳоро боло набардоштааст.

2. Барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум — мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакас бошад…

3. Фарқи зиёди қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ, ки бо ин намуди асъор «IRS» зиёда аз 78 фоизи маводу маҳсулот, аз ҷумла техникаву механизмҳои роҳдорӣ, маҳсулоти нафтӣ, таҷҳизоти замонавии соҳаи технологияи информатсионӣ ва ғайраро харидорӣ менамояд, боиси зарари молиявӣ ба филиали ширкат гардид. Барои мисол, соли 2009 қурби як доллари ИМА 3,4500 сомониро ташкил медод. Айни замон бошад, ин нишондиҳанда ба 11,3000 расидааст.

4. Дигар омиле, ки ба зиёдшавии нарх таъсир мерасонад, сатҳи таваррум аст. Агар сатҳи таваррумро раддабандӣ намоем, он соли 2009-ум — 5 фоиз, 2010 — 9,80, 2011 — 9,30, 2012 — 6,40, 2013- 3,70, 2014 — 7,40, 2015 — 5,10, 2016 — 6,10, 2017 — 6,70, 2018 — 5,40, 2019 — 8,00, 2020 — 9,40 ва соли ҷорӣ 9,40 фоизро ташкил дод. Тибқи муқаррарот, бояд вобаста ба болоравии сатҳи таваррум ҳар сол тарифҳо намоябандӣ (индексатсия) шаванд. Вале «IRS» дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративӣ дар 13 сол аз ин кор худдорӣ намуд.

5. Сабаби дигаре, ки хароҷоти филиали ширкатро зиёд намудааст, сол то сол аз меъёр зиёд таъмирталаб шудани роҳ ва ба итмом расидани муҳлати истифодаи инфрасохтори он мебошад. Аз аввали фаъолият «IRS», ки баъзе «дӯстон» рисолати филиали онро танҳо «пулчинӣ» медонанд, таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шурӯъ карда, дар муддати 13 сол «IRS» зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе – Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда 230595 тонна асфалт сарф кард.

1504505010_46. Аҳамияти роҳи Душанбе — Чаноқ ба сифати пойгоҳи асосӣ барои таъмини фаъолнокии иқтисодии мамлакат низ зиёд аст. Барои мисол, солҳои 2009 — 2018, замони мавҷудияти маҳдудияти марзӣ тамоми молу мавод ва маҳсулот тавассути ин роҳ интиқол дода мешуд. Аз ин бармеояд, ки роҳи моҳияти стратегидошта дар раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ саҳми арзанда гузоштааст.

7. Бо мақсади дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат, бо вуҷуди он ки маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, барои гузариши нақлиёти гаронвазне, ки ба марказҳои барқу гармидиҳӣ ангишт мекашанд, чунин маҳдудият ҷорӣ нашуд. Ҳол он ки ин иқдом боиси осеб дидани масофаи зиёди роҳ ва хароҷоти бениҳоят зиёди «IRS» гашта истодааст. Бо ин амал «IRS» дар омодагӣ ба зимистонгузаронии сокинони пойтахт то андозае мусоидат намуд.

8. Аз маълумоти воситаҳои ахбори омма, сомонаи филиали ширкат ва саҳифаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон хулоса кард, ки ҳолати он хеле беҳтар аст. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатро талаб менамояд. Ҳамчун мутахассис мегӯям, ки дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст.

9. Нуқтаи дигаре, ки боиси қайд аст, ба маротиб боло рафтани нархи молу маҳсулот ва мавод мебошад. Барои мисол, арзиши бензин аз 3 сомонӣ ба 12 сомонӣ расид. Мутаассифона, баъзеҳо, бо вуҷуди чандон хуб набудани вазъи иҷтимоӣ, мошинҳои гаронарзиш доранд, 4 баробар (400 фоиз) қиматшавии маводи сӯзишвориро амри табиӣ медонанд. Вале ба ҳисоби миёна 7 фоиз зиёда шудани тарифҳоро дар муддати 13 сол муғризона шарҳ медиҳанд.

10. Дар солҳои 2013 — 2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нурообод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.

11. Тӯли 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ шуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозиии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд.

12. Ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 15000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.

13. Дар масире, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд ­надошт. Тӯли 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон — 3, Суғд 4 завод, дар маҷмӯъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд.

14. Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами заводҳои мазкур харидории битум ва бо тавсеа ёфтани таъмиру азнавсозии роҳ, бартарафсозии тармаҳо, соҳилмустаҳкунӣ ва ғайра харидории сӯзишворӣ хеле афзуда, ҳар сол ҳаҷми зиёди ин мавод дастрас мешавад.

15. Афзудани офатҳои табиӣ хароҷотро низ зиёд намуд. Соли 2012 551128 метри мураббаъ тарма бартараф шуда, ин нишондиҳанда соли 2013 — 216444, 2015 — 190564, 2016 — 126204, 2017 — 779730, 2018 – 103606, 2019 — 274030, 2020 — 241374 ва соли равон 85042 метри мураб­баъ мебошад. Бартарафсозии тармаҳо, дар маҷмӯъ, ба 2816546 метри мураббаъ баробар аст.

16. Бо дарназардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе — Чаноқ, коркарди он бо маводи зиддилағжиш мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ шавад. Бинобар ин, хароҷоти ин мавод низ сол то сол афзуда, дар ин муддат маводи зиддилағжиши харҷшуда 96466 метри кубиро ташкил медиҳад.

17. Ҳоло «IRS» соҳиби пойгоҳи пурқуввати техникӣ буда, шумораи техникаву механизмҳо ба 210 адад расидааст. Дар оянда зиёд намудани он мадди назар аст, зеро бе техникаву механизмҳои муосир, тибқи талабот, роҳандозӣ намудани фаъолият ғайримимкон аст.

18. Соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд. Ҳоло бошад, 872 нафар фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 50000 нафар ба шарофати мавҷудияти филиали ширкат манбаи даромад доранд. Мутаассифона, дар 13 соли фаъолият 10 корманди «IRS» ҳангоми иҷрои вазифа, яъне таъмини ҳаракати бехатари истифодабарандагони роҳ ҳалок шуданд.

6+19. Дигар мақсаде, ки филиали ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

20. Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 13 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

21. Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе — Чаноқ хеле зиёд буда, роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар муддати 13 сол хеле зиёд амалӣ шуда, дар маҷмӯъ, нишондиҳандаи марбут ба соҳилмустаҳкамкунӣ 50000 мет­ри мураббаъ аст.

22. Нуқтаи дигаре, ки мехоҳам махсус таъкид намоям ин аст, ки зимни пешниҳоди тарифҳои нав ба пардохти ғайринақдӣ бартарӣ дода шудааст. Ин иқдом на ба хотири ба даст овардани даромади иловагӣ, балки бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, кам намудани хароҷоти истифодабарандагони роҳ, роҳ надодан ба нороҳатӣ ва асабонияти онҳо амалӣ гардид. Барои онҳое аз ин усул истифода мебаранд тағйири тарифҳо чашмрас нест. Дар сурати ғаринақдӣ пардохт намудани маблағ, гузариш аз плазаи толлингии Варзоб, ки то ин вақт 3 сомониро ташкил медод, ҳамагӣ 4 сомонӣ хоҳад буд. Чунин тарзи кор, ки паҳлуҳои мусбати зиёд, аз ҷумла ҷанбаи экологӣ низ дорад, боис мешавад, ки тамбашавии автомобилҳо дар плазаҳои толлингӣ умуман аз байн равад.

23. Далели раднопазир он аст, ки ­фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтдошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ дигар карда, мактаби бузурги омӯзишӣ ва андӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ гардид. Аксар давлатҳои собиқ ИҶШС маҳз ба таҷрибаи филиали ширкат, бо дарназардошти модели барои табодули таҷриба арзанда будан, пайравӣ намуданд. Рӯнамоии модели фаъолият аз ҷониби кормандони мо дар сомонаи филиали ширкат қобили дарёфт аст.

3а24. Замони фаъолият дар вазифаҳои масъули бахши роҳи нақлият дар ҳайрат будам, ки чаро «IRS» корҳои амалигардида ва нишондиҳандаҳои фаъолиятро тарғиб намекунанд. Вақте ба сифати яке аз роҳбарони он ба кор омадам, фаҳмидам, ки ҷаҳду талоши кормандони ширкати зикршуда танҳо ба хотири дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият нигаронида шудааст. Ба ибораи дигар, «IRS» ба тарғиб ниёз надорад, зеро фаъолияташ хеле хуб роҳандозӣ шуда, нишондиҳандаҳо назаррасанд.

25. Нуктаи охире, ки зикр намуданашро ҷоиз медонам он аст, ки дар муддати 13 сол «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Афсӯс, ки эродҳои беасос доир ба масъалаи мавриди назар аллакай фазои сармоягузории кишварро дар робита ба нигоҳдории инфрасохтор халалдор намуда, чунин муносибат ҷолибияти сармоягузорӣ дар мамлакатро тадриҷан коста мегардонад. Мо бояд сармоягузоронро ҳамчун сафирон барои ҷалби сармояи бештар ба мамлакат ва дар ин замина, таъмини рушди соҳаҳо ҷалб ва арҷгузорӣ намоем. Дар охир хулосаро аз рӯи ин масъа­ла ба виҷдони шумо ҳавола менамоям.

Плазаи

толлингӣ

Категория

Тарифҳои  дар давоми 13 сол тағйирнаёфта

Тарифҳои нав

2009

2010

2011

2012

2013

2014

2015

2016

2017

2018

2019

2020

2021

Ғайринақдӣ

(тавассути корти пардохтӣ ва RFID)

Нақдӣ

Плазаи

толлингии

Варзоб

1

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

3.00

4.00

5.00

2

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

12.00

14.00

15.00

3

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

32.00

33.00

4

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

40.00

41.00

Плазаи

толлингии

Ҳушёрӣ

1

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

25.00

29.00

2

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

59.00

69.00

74.00

3

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

147,00

157.00

162.00

4

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

185.00

196 .00

200.00

Плазаи

толлингии Шаҳристон

1

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

23.00

29.00

35.00

2

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

69.00

81.00

87.00

3

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

173.00

184.00

190.00

4

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

217.00

230.00

236.00

Плазаи

толлингии

Истаравшан

1

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

8.00

10.00

2

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

25.00

26.00

3

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

53.00

56.00

58.00

4

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

66.00

70.00

72.00

Плазаи

толлингии

Деҳмой

1

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

2.00

3.00

4.00

2

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

6.00

7.00

8.00

3

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

30.00

32.00

33.00

4

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

38.00

40.00

41.00

Плазаи

толлингии

Чорух

1

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

4.00

5.00

6.00

2

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

21.00

25.00

26.00

3

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

60.00

64.00

66.00

4

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

94.00

100.00

103.00

Эзоҳ: Барои  аҳолии шафати роҳ низоми  гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки  баробари   50  -  93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад.