Солҳост, ки дар кишвар барои пойдорӣ ва солимии ҳар як оила тадбир меандешанд. Агарчи қисман онҳо натиҷа медиҳанд, вале ҷудошавии оилаҳо низ сол то сол меафзояд. Фаразан, тибқи иттилои Вазорати адлияи кишвар, дар шаш моҳи соли 2021 дар мамлакат 32 ҳазору 489 ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 ҳазор адад беш аст. Аммо дар нимсолаи аввали соли равон 6 ҳазору 476 ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 адад зиёд мебошад.
Сабабҳои асосии бекоршавии ақди никоҳ, дар мадди аввал, набудани ҳамдигарфаҳмӣ миёни зану шавҳар ё арӯсу хушдоман ва ё домоду хушдоман, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақил, беэҳтиромӣ нисбат ба ҳамдигар ва хусуру хушдоман (ҳам аз ҷониби домод ва ҳам аз тарафи арӯс), рашку ҳасад, зӯроварӣ нисбат ба зан, никоҳи духтари ба синни арӯсинарасида бо марди миёнсол, аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ набудани тарафайн, нохуб будани вазъи саломатӣ, зиёдтар будани зебоии зоҳирӣ нисбат ба ҷуфт, нӯшокиҳои мадҳушкунанда, хиёнат, надоштани маълумоти умумии мактабӣ ё олӣ ва дахолати шахсони сеюм арзёбӣ мегардад.
Яке аз сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон маҷбурӣ ба шавҳар додани духтарон мебошад. Зеро духтаре, ки намехоҳад ба оилаи интихобкардаи волидон арӯс шавад, зиндагии солим барпо намудан ва ба хонаводаи нав одат карданаш басо мушкил аст. Яке аз чунин духтарон Муҳаббат Абдусамадова (исми мустаор) аст, ки 20 сол дорад. Вай саргузашти талхашро ба тариқи зайл нақл кард: «Баъд аз хатми мактаб падарам нагузошт, ки таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳам. Бо исрори модарам ба ҷавони зебою дорои маълумоти олӣ ба шавҳар баромадам. Оилаи онҳо хурофотӣ буд. Ман, ки ба пӯшидани либосҳои аврупоӣ одат карда будам, намехостам, ки либоси дароз пӯшида, ба сарам рӯймол бандам. Ба ҷуз ин, дар хонаи шавҳарам хӯрданиҳои болаззат набуд. Аз субҳ то шом ҳавлиро рӯбучин мекардам. Дар хона, қариб ки ҳар рӯз ҷанҷол буд. Ин гуна вазъиятро таҳаммул карда наметавонистам. Дилгармӣ нисбат ба хонаводаи шавҳарам дар вуҷудам пайдо намешуд. Аз фитнаҳои хоҳаршӯям ба ҷон расида будам. Хусурам иҷозат намедод, ки ҳамроҳи шавҳарам ба сайругашт бароем. Аз тарафи дигар, модарам ҳар рӯз ба гӯшам мехонданд, ки чӣ гуна рафтор кунам.
- Ҳомиладор шав, -мегуфтанд, — он гоҳ ва баъд медонам, ки хушдоману шавҳаратро чӣ кор кунам.
Зиндагӣ диламро гирифт, бинобар ин ҳавсалаи анҷом додани корҳои хонаро надоштам. Аз ҳама чиз хастаю дилгир шудам. Аммо шавҳару хушдоманам боре сарзанишам накардаанд. Ҳамсарам боре ба сарам даст набардоштааст. Фақат як рӯз пеш аз рафтанам маломаткунон гуфт: «Агар корҳои хонаро накунӣ ё ман боз аз рӯйи ту гап шунавам, туро хонаи очаат фиристода, зани дигар мегирам».
Субҳи рӯзи дигар баъди ба кор рафтани шавҳарам хостам, ки баромада равам. Апаи ҳамсарам садди роҳам шуда, ҷанҷол бардошт. Бо вуҷуди ин, як илоҷ карда, ба хонаи падару модарам рафтам.
Падарам намехостанд, ки аз шавҳарам ҷудо шавам. Барои ҳамин туҳмат карда гуфтам, ки «апаи шавҳарам маро зад. Дигар наметавонам бо ин золимон зиндагӣ кунам». Як сол мешавад, ки аз шавҳарам ҷудо шудаам. Ҳоло сахт пушаймонам, ки чаро сабр накардам».
Яке аз омилҳои дигари ҷудошавии оилаҳо бефарзандӣ ё таваллуди тифли маъюб аст, ки сабаби асосии он никоҳи хешутаборӣ мебошад. Ин гуна тифлҳо бисёртар ба бемориҳои фалаҷи кӯдакона, нобиноӣ, ношунавоӣ, гемофилия, далтонизм, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, сафедшавии пӯст ва амсоли инҳо дучор мешаванд. Бештари оилаҳое, ки дар деҳот умр ба сар мебаранд, бо мақсади пайванди бештари хешутаборӣ ё барои ба «бегона» намондани хонаву дар ба ҷавонписарон духтари холаю тағо ё амаку аммаро гирифта медиҳанд. Дар натиҷа, ҷавонон дар зиндагӣ ба мушкилот гирифтор шуда, раҳгум мезананд. 80 фоизи тифлон аз издивоҷи хешутаборӣ, ҳангоми таваллуд мефавтанд. Маъюбии баъзе аз кӯдакон зоҳиран маълум набошад ҳам, аммо аз ҷиҳати ақлию равонӣ ва узвҳои дохилӣ ҳатман нуқс доранд. Дар ҳоле ки мувофиқи талаботи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бастани никоҳ байни хешовандони наздик қатъиян манъ аст, боз ҳастанд касоне ки ба қонуншиканӣ даст мезананд.
Адиб ва мутафаккири бузург Абдурауфи Фитрат дар рисолаи «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ» қайд кардааст: «Ман имон дорам, ки беҳтарин қонунҳое, ки дар хусуси саодати оила вазъ шудааст, қонуни исломист. Бо вуҷуди он, бадбахттарину бенизомтарини оилаҳои ақвоми ҷаҳон оилаи мо, мусулмонон аст, зеро мо, мусулмонон ҳеҷ кадоми ин қонунҳои илоҳиро риоя намекунем. Ҳар ҳаракате, ки дар хусуси хонадорӣ мекунем, ҳамагӣ аз рӯйи орзуи ботилу фикри худамон аст, ки аксараш мухолифи фармоишҳои «Қуръон» мебошад.
Далели ин фармудаи Абдурауфи Фитратро аз забони ҷабрдидае нақл мекунам: «Синни ман 56 ва аз шавҳарам 63 аст. Чор фарзанди зебою хушахлоқ дорем. Ду фарзанди калониам хонадоранд. Фарзандони хурдиам ба синни домодию арӯсӣ расидаанд. Шавҳарам хост, ки ба писарам духтари ҷӯраашро гирифта диҳад, духтарамро бошад, ба писари ҳамон дӯсташ никоҳ кунад. Фарзандонам нахостанд бо онҳое, ки надидаанду намешиносанд, хонадор шаванд. Ҳар қадаре ки падарашон маҷбур кард, ҳамон қадар фарзандонам гиряву зорӣ карданд, ки «дадаҷон, моро ба ҳоли худ гузоред». Шавҳарам таҳдидкунон гуфт, ки агар розӣ нашавед, модаратонро дар шоҳидиатон се талоқ мекунам. Ҳамин тавр ҳам кард. Духтарам рӯ ба гиря овард, писарам сарашро хам кард, вале кор аз кор гузашт. Шавҳарам 32 соли оиладориро барбод дод…».
Зикри ин воқеа нишонаи он аст, ки ҷудошавии оилаҳо дар байни калонсолон аз рӯи беандешагиву сабукфикрӣ низ ба назар мерасад, ки хеле нигаронкунанда аст. Агар бузургони оила чунин кунанд, пас аз ҷавонон чӣ гила? Дар ҳоле ки калонсолон барои ҷавонон бояд намунаи ибрат бошанд, на ин ки бо «худам медонам» — гӯиҳо зиндагиашонро барбод диҳанд.
Оилаи солиму мустаҳкам ва тинҷу ором аввалин нишонаи амнияту ваҳдати ҳар як давлат аст. Агар дар оила ҳамдигарфаҳмию осоиш надошта бошем, гумон аст, ки барои ободии Ватан саҳм бигзорем. Ободии Ватан бошад, ободии мо ва фарзандони мост.
Бибиоиша ҲАБИБОВА,
Журналист