Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29 — солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, хусусан, вақтҳои охир зудтағйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт гардидааст».
Таъкид карданд, ки «амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор, метавонад дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад».
Дар чунин шароит зиёиёни асил, ки онҳоро Пешвои миллат «равшангарони воқеии ҳаёт» номидаанд, уҳдадоранд, ба иҷрои вазифаҳояшон бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода ва зираку ҳушёр бошанд.
Чӣ хуш гар меҳрубонӣ аз ду сар буд
Аммо бо вуҷуди таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои мунтазами Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли зиё баъзе аз онҳо ба иҷрои рисолат муносибати дуюмдараҷа доранд.
Дар робита ба масъала ҳақ ба ҷониби сиёсатшинос А. Роҳнамо аст, ки нигоштааст: «Ба ҳисоби таҳлилӣ, бо вуҷуди чунин вазъияти ҳассос танҳо худуди 1 то 2 дарсад аз аҳли илму таҳқиқу маорифу фарҳангу расонаву эҷод, яъне зиёиёни кишвар, моҳияти таҳдидҳои арзишию идеологию иттилоотии имрӯзаро дарк намуда, дар фазои иттилоотӣ мавқеи худро дар ҳимояи давлат, манфиатҳову арзишҳои миллӣ ва умуман, дар масъалаҳои милливу ҷамъиятӣ ба таври возеҳ баён медоранд».
Ҳоло дар кишвар беш аз 5000 олим фаъолият доранд, ки ҳудуди 1000 нафари онҳо дорои дараҷаи олии доктори илм ва бақия дорои дараҷаи номзади илм мебошанд. Илова бар ин, 100 академик ва беш аз 700 профессор сафи зиёиёнро пурра намудаанд. Ин нишондиҳандаҳоро раддабандӣ карда, номбурда минҷумла, зикр кардааст, ки «ҳудуди 1000 нафар олимони унвондори соҳаҳои фанҳои сиёсию ҷамъиятӣ дорем, ки дарку шарҳу таҳкиму ҳимояи манфиатҳо, сохтори давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ соҳаи бевоситаи фаъолияти онҳо ба ҳисоб меравад. Олимону пажӯҳишгарони соҳаҳои забону адабиёту фарҳангу маърифат бошанд, дар якҷоягӣ гурӯҳи боз ҳам калонтареро ташкил медиҳанд».
Мутаассифона, вокуниши ин лашкари аз 300 000 зиёӣ таркибёфта дар қиболи сафсатапарокании ба ном мухолифон аслан чашмрас нест…
Бидуни муболиға ва тамаллуқ метавон гуфт, ки ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба аҳли зиё падидаи беназир аст. Ман, дар бобати он ки шоиру нависандагон ба шарофати ин абармард аз чӣ имтиёзҳо баҳраваранд, чизе намегӯям, вале минҳайси журналист зикри чанд ибтикори раиятпарваронаи Сарвари давлатро нисбат ба рӯзноманигорон қарзи инсонӣ медонам. Бо ифтихор метавонам дар ин бора ва аз бурду бохти журналистика беибо ҳарф занам.
Дар ин бобат мисолҳо зиёд буда, ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз иқдомоти беназир дар ин самт маҳсуб мешаванд.
Чунин дастгирӣ, ки дар ягон кишвари олам вуҷуд надорад, имкони хубест то журналистон минҳайси ҳокимияти чорум мавқеашонро мустаҳкам намоянд. Муҳимтар аз ҳама, соли 2012, зимни таҷлили 100 — солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки муқаррароти ба туҳмату таҳқир аз ҷониби журналист дахлдошта аз Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида шавад.
Ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд. Бо дарки ин зарурат ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи журналистӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул шуд ва он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардид.
Шоҳиди ҳолем, ки дар ҷаҳони муосир бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, ВАО ва журналистон ба силоҳи асосии ҷабҳа табдил ёфтаанд.
Мисоли ҷадиди ин гуфта вазъи Афғонистон аст, ки ҳамрадиф бо эҷоди тавтеа, ба «шарофат»-и дуруст ба роҳ мондани «корҳои фаҳмондадиҳӣ» ва истифодаи самараноки воситаҳои ахбори омма, «Толибон» хеле осон комёб шуданд. Дар ҳаводиси Сурия, Ироқ, Украина, Либия, Яман ва ғайра низ муҳорибаҳои иттилоотӣ авлавият доштанду доранд. Дар яке аз ҳамсоякишварҳо бошад, зиндонӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, тавассути таъсис додани гурӯҳҳои зиёд, тавонист ба қудрат расад.
Мутаассифона, баъзеҳо ин воқеиятро дарк накарда, ба мавҷудияту фаъолияти журналистон, ки моҳиятан афсарони иттилоотӣ маҳсуб мешаванд, назару муносибати дуюмдараҷа доранд.
Чаро журналистони тоҷик бо имзои худ манофеи миллӣ ва давлатиро ҳимоя намекунанд?
1. Дар сатҳи зарурӣ набудани садоқату самимияти ин қабил журналистон ба арзишҳои милливу давлатӣ. Мутаассифона, ба ном қаламкашон зиёданд, ки «фаъолият»-ашон «як бому ду ҳаво»-ро шабеҳ аст. Онҳо мунтазам аз эҳтиром қоил будан ба арзишҳои милливу давлатӣ ҳарф мезананд, вале дар асл ин муқаддасот барояшон як фулус арзиш надорад. Ошкору пинҳонӣ ба тамоми баҳсу қазия, ки ба Пешвои миллат ва кишвар рабт доранд, «равған мерезанд»-у мехоҳанд дар замони «ҳафт шаҳри ишқро гаштани Аттор» моро «андар хами як кӯча қарор диҳанд».
Ин қабил, ки дар баъзе маврид мубаллиғони Ҳукуматро маломат мекунанд, гӯё намедонанд, ки ҳар соати фаъолияти Пешвои миллат ба маънои томаш қаҳрамонӣ буда, арзандаи ҳазорҳо шеъру достон, манзума, матолиби журналистӣ ва рисолаҳои илмӣ мебошад.
2. Гурези як идда соҳибмансабон аз журналистон. Ин ҷанбаест, ки нодида гирифтан аз рӯйи инсоф нахоҳад буд. Президенти мамлакат дастур дода буданд, ки барои нишонрас ва пурмуҳтаво шудани матолиби журналистӣ зарур аст назари мутахассисон ва далелу рақамҳои муътамад истифода шавад.
Мутаассифона, то кунун ҳастанд соҳибмансабоне, ки аз журналистон канорҷӯӣ мекунанд, ба дархостҳояшон дар бобати ибрози андеша ва пешниҳоди факту рақамҳо бо баҳонаҳои хандаовар посухи рад медиҳанд. Табиист, ки дар чунин ҳолат баъзе аз журналистон зимни навиштани мақола ба манбаъҳои беэътимод истинод мекунанд.
24 феврали соли равон, зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, Пешвои миллат ба роҳбарони сохторҳои назоратӣ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дастур доданд, ки камбудиҳои ошкоршударо расонаӣ кунанд. Мутмаинем, ки баъд аз ин дастури Роҳбари мамлакат вазъият беҳбуд ва ҳамкорӣ бо журналистон тақвият меёбад
3. Надоштани донишу малакаи зарурӣ ва «бо ҳар ду по лангидан»-и қобилияти эҷод. Ҳастанд онҳое, ки худро «нофи журналистика» мепиндоранд, вале ягон матлаби қобили таваҷҷуҳу арзандаи ситоишашонро нахондаем. Ба «моҳи осмон айб меёбанд», аммо ду ҷумларо бо ҳам «ҷанг андохта» наметавонанд. Маҳз ҳамин «бузургон» баҳонаи «ба мо вокуниш намудан иҷозат нест!»-ро «сипар» намудаанд.
Хуб дарк мекунам, ки ҳама масоил бояд тибқи назокати дар умури давлатдорӣ роиҷ риоя гарданд, вале дар ягон ҳолат таҳаммул кардани ҳазёнпарокании нотавонбинон қобили қабул нест. Шахсан шоҳид будам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол қабл таъкид карданд, ки вақте нисбат ба Ҳукумату Давлат носазо мегӯянд, манзур танҳо Роҳбари давлат ва аъзои Ҳукумат нест, он ҳарзаҳо ба кулли тоҷику тоҷикистониён дахл доранд ва рисолати зиёиён аст, ки ба онҳо бетаъхир вокуниш намоянд.
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён гуфта буданд, ки мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон орем.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба зиёиён ва олимони кишвар дастур доданд, ки бетараф набошанд ва назару мавқеашонро равшану боҷуръатона баён намоянд. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллатро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеъона маҳкум кунанд.
Аз ин қабил бояд пурсид, ки агар ба мансаб майлу рағбати зиёд доред, аз имтиёзҳои давлатии ба мансаб рабтдошта баҳраваред, дар ин замина сатҳи зиндагиатон аз дигарон «як сару гардан» фарқ мекунад, пас чаро аз манфиатҳои давлативу миллӣ таври шоиста ҳимоя намекунед?
4. «Хонаи ман дар канор аст» ва «туро газад, маро чӣ ғам?» — ро шиор қарор додани қисмати дигар. Табиист, ки то чӣ андоза комёб будани муаллиф дар баён намудани дастоварду пешравиҳои мамлакат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ, ҷасорат, азми қавӣ ва нияти нек маншаъ мегирад.
Барои чунин ашхос бошад, фарқ надорад, ки об ба боло меравад ё ба поён. Аксарият чоплусанд ва журналистикаро ҳамчун василаи таъмини зиндагӣ суиистифода менамоянд. Навиштаҳояшон содалавҳона, қолабӣ ва хасакӣ буда, бо дарназардошти он таҳия мешавад, ки дар сурати «зарурӣ» бо иваз намудани номи қаҳрамон эҳдо намуданаш ба дигар шахс имконпазир аст. Ин қабил хомабадастон мудом дар фикри фурудгоҳи муваққатӣ буда, ба касофати «амри маъруф»-и ин тоифа дудилагӣ ба як идда қаламкашон низ сироят кардааст.
Рисолати зиёӣ ва оини ватандорӣ
Ин қишри ҷомеа, ҳамон тавре Пешвои миллат таъкид карданд «бояд ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд».
Бо вокунишҳои бетаъхиру аз далелу рақамҳо ғанӣ ба нотавонбинони тоҷику тоҷикистониён, ки аз дастовардҳои мо ваҳшатзадаанд, посух бояд дод. Ба тоифае, ки варшикастаанду «илоҷ»-ро дар сафсатапароканӣ, бечоранолӣ ва афсонапардозӣ дидаанд, бахтбаргаштаҳое, ки ба мақому манзалат ва маҳбубияту маъруфияти Пешвои миллат рашк доранд, бояд фаҳмонем, ки маҳбубияти беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи мардумӣ будани афкору мулоҳиза, воло будани фитрату завқу салиқа ва бекарон будани дунёи ботинии он кас маҳсуб мешавад.
Ин фарзанди фарзонаи миллат аз миёни халқ баромада, ҳадафҳояшон бо эҳтиёҷоти мардум тавъам аст. Албатта, расидан ба ин мақоми олӣ барои Сарвари давлат осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватан боис шуд, ки дар ҳама самт комёб бошанд.
Бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир зарур ва ногузир аст, ки зиёиён баҳри тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ беш аз пеш фаъол гарданд ва ба маънои томаш ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошанд. Ба мардум талқин намоем, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ расмикунонии эътирофи рисолати шахсиятҳо ҳаргиз сифату арзишҳои демократии ҷомеа ва давлатҳоро коҳиш намедиҳад, баръакс, ба иттиҳоду ҳамбастагии бештари мардум дар роҳи расидан ба идеалҳои миллӣ боис мегардад. Чунин қадршиносӣ ба равандҳое чун авторитаризму шахсиятпарастӣ ҳеҷ муносибат надорад.
Касе наметавонад инкор кунад, ки моҳиятан ибтикори зикршуда ба маънои томаш муҳаббатномаи тоҷикони олам ва тоҷикистониён ба фарзанди сазовор аст. Аҳли зиёро мебояд ин моҳияту зарурати муҳаббатномаро дар қолаби жанрҳои гуногун ба мардум пешниҳод кунанд.
Мардум хуб медонанд, ки вақте ки сухан дар бораи Рӯзи Президент ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» меравад, пеши назар симои барои аҳли сайёра ошно, шахсияте, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму оин ва анъанаҳои фарҳангӣ нақши калидӣ дорад, падид меояд. Инчунин, муаллифони ин санади меъёрии ҳуқуқӣ намояндагони шаш ҳизби сиёсии мамлакатанд, ки рамзу ҳикмат дорад.
Илова бар ин, мо — зиёиён вазифадорем, ки ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон тавассути воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти дастаҷамъона корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ҷиҳати пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кӯшиш намоем.
Рисолати дигари аҳли зиё посухи сазовор додан ба онҳоест, ки худро мухолифи сиёсӣ мепиндоранд. Мавҷудияти мухолифин дар давлатҳои олам падидаи маъмул буда, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалаҳои гуногун, дар масоили миллӣ ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд. Ҳарчанд ҳадафи ниҳоии ин тоифа расидан ба қудрат аст, вале дар ҷомеаи пешрафта дар ин ҷода аз рақобати солим ва усулҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолифат надоранд, кор мегиранд.
Дар ин марҳилаи ҳассос инъикоси дастовардҳо, саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ рисолати аҳли зиё маҳсуб шуда, мо бояд садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракии сиёсиро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст надиҳем.
Бегуфтугӯ, ашхоси ҷиноятпеша доимо хавотиранду таҳлуказада. Зеро аҳдофашон муғризона, аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ аст. Агар дар мавриди дастовардҳои кишвар иттилоъ паҳн гардад ва ё камбудии ҷузъие, ки мавҷудияташ дар дилхоҳ давлат амри маъмулист, ошкор гардад, филфавр ин қабил «вокуниш» мекунаду нохудогоҳ мардумро ба «таги коса нимкоса будан» муътақид менамоянд.
Шоҳиди он ҳастем, ки «кор»-и ин тоифа «аз гиря гузаштааст». Аз ҷониби онҳо дар ягон маврид далеле, ки ақаллан аз «кӯчаи воқеият гузашта бошад», ироа нагардидааст. Ноболиғеро шабеҳанд, ки ҳарфашон пеши қозӣ қадр надорад. Мардум бояд донанд, ки агар нотавонбинон оқилу дурандеш мебуданд, ба ин ҳол гирифтор намешуданд. Аз он ки чунин ашхос «маслиҳат»-у «тавсия» медиҳанд, дар лабони шаҳрвандон табассум гул мекунад. Зеро ин амали онҳо мақоли халқии «агар кал табиб мебуд, сари худро даво мекард»-ро ба хотир меорад.
Вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонии мост, ки дар баробари ҷанбаҳои зикршуда ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза барем ва сиёсати дунявияти давлатро ба мардум дар заминаи далелу рақамҳои асоснок шарҳу тавзеҳ дода, ба ин васила ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоем.
Дар олам ягон чиз беохир нест ва ҳар оғозро фарҷом аст. Аз ҷумла, ҳиллаву найранг низ бо вуҷуди «ихтироъкор» будани соҳиби мағз ҳатман ба хати қирмизӣ мерасад. Хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадуми асри гузашта маҳз ҳамин «дигарандешон» ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Ҳаводиси баъдӣ собит намуд, ки идома ёфтани фаъолияти онҳо, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфта буд, танҳо бар зарари мардум аст. Бидуни тардид метавон гуфт, ки агар нисбат ба онҳо мақомоти зидахли Тоҷикистон сари вақт чораандешӣ намекарданд, пайомадаш барои тоҷику тоҷикистониён фоҷиавӣ мегашт.
Далелҳои раднопазир зиёданд, ки нотавонбинон аз рӯзҳои аввали «мавҷудият» дини мубини исломро ҳамчун василаи расидан ба аҳдофи нопокашон интихоб намуда, бо кумаки хоҷаҳояшон мехостанд «обро лой карда, моҳӣ гиранд». Дар ин раванд онҳо, пеш аз ҳама, ба хурофот такя карда, манқурт намудани мардум меҳвари фаъолияташон буд.
Ҳол он ки ҳадафи ҳама дин эмин доштани инсон аз аъмоли нопок маҳсуб шуда, арзишҳоро ба воситаи меҳр доштан ба Худо ва муқаддас донистани дастурҳои он, аз роҳи тарс коштан дар замири одамон аз паёмади гуноҳ талқин мекунанд. Шоҳид ҳастем, ки яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аксар маврид зери ниқоби ислом роҳандозӣ мегардад.
Тоҷикону тоҷикистониён бояд дарк намоянд, ки тафаккури динии мадди назари нотавонбинонбуда беасос ва сохта мебошад. Зеро аз принсипҳои геополитикии бардурӯғ маншаъ гирифта, мухолифи ислом аст. Ин «бузургон» таносуби дину дунёро ноҷо арзёбӣ ва андешаи тавҳидиро дар боби дину дунё нодуруст матраҳ менамоянд.
Онҳо собит карданд, ки ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Ҳар нафари бар зидди мардуми осоиштаи тоҷик сангаргирифта метавонад ҳамсафашон гардад ва онҳо хайрхоҳаш бошанд Аз «кор»-у «пайкор»-и онҳо оҳанги солҳои 90-уми асри гузашта ба гӯш мерасад, ки мехостанд тарзи зиндагии 1400 сол қаблро эҳё кунанд. «Доҳӣ»-ҳои тозазуҳури ин тоифа он солҳо мехостанд идеологияи тоталитариро, ки дилхоҳ андешаи созандаро буғӣ мекунад, ҷорӣ намоянд.
Масъалаи дигаре, ки аҳли зиё бояд ба он истинод кунанд, иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат ва қулфкушои мушкилоти даврони давлатдори навини мо будани ин ҷанба маҳсуб мешавад. Дар ин маврид мисолҳо хеле зиёданд, вале бо овардани чанд мисол, ки «қатрае аз баҳр аст», иктифо менамоям.
Қабл аз ҳама бояд зикр кард, ки маҳз иродаи қавии сиёсӣ замина фароҳам овард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонӣ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд.
Формулаи сулҳи Пешвои миллат яке аз ҳазор маҳсули ин ирода аст. Ба шарофати он тоҷику тоҷикистониён бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами давлатии Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.
Дар замоне ки аксар «сиёсатмадорон»-и аз эъмори давлат «дасту дилшуста» пайи чанд қисмат кардани кишвар меандешиданд, маҳз иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ягонагӣ ва тамомияти давлату миллат ҳифз гардад.
Иродаи сиёсӣ ин абармардро таҳрик бахшид, ки новобаста ба хавфи зиёд, борҳо ба минтақаҳои доғ, аз ҷумла Афғонистон сафар ва ба мухолифин, бо вуҷуди собиқаи бениҳоят пурдоғашон, гузашт кунанд. Касе наметавонад инкор намояд, ки маҳз дар ин замина сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид.
Ба шарофати иродаи қавии сиёсии Роҳбари давлат аркони фалаҷгаштаи давлатӣ эҳё ва пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд.
Иродаи қавии сиёсии Президент зимни бунёди неругоҳ, роҳу нақб ва дигар иншооти барои мардум зарурӣ, ки сохтани аксари онҳоро дар замони Давлати Шӯравӣ ғайриимкон дониста буданд, баръало ва ҳалкунанда буд. Нақби «Истиқлол» ва НБО-и «Роғун» «муште аз хирвор» дар робита ба андешаи баёнгардида аст.
Замони зуҳури коронавирус, дар ҳоле ки «бузургон» иддаои эълон намудани карантини сартосарӣ карда, бо сафсатапароканӣ ва ҳангомасозӣ мардумро дилхунук мекарданд, маҳз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат боис гардид, ки ин марҳилаи ҳассосро дар қиёс бо дигар кишварҳо бидуни мушкилӣ ва талафоти зиёд паси сар намоем.
Мутмаинам, ки маҳз нақши Пешвои миллат баҳри муайянсозӣ ва расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул дар сиёсати хориҷии мамлакат меҳвар ва муассир аст.
Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвар ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабт надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад. Аз ин нуқтаи назар мутмаинам, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти ҷузъии мавҷуда низ ҳал мегардад.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон изҳори нигаронӣ карданд, ки «мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман, таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст ва навиштани таърих, инчунин таҳқиқи таърихи адабиёт, бо диди нав ҳанӯз оғоз наёфтааст».
Вобаста ба ин таъкид намуданд, ки «Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки мероси таърихиву адабии гузаштагонамон ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳад».
Воқеан ҳам, агар ба далелу рақамҳои таърихӣ мутаваҷҷеҳ шавем, бармеояд, ки абармардоне мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле кам зуҳур мекунанд. Ин омил тақозои раванди давлатсозӣ дар марҳилаҳои душвори ин ё он давлат буда, на фақат дар гузашта, балки дар ҷаҳони муосир низ бунёд ва рушди кишварҳои пешрафтаи демократии ҷаҳон бо номи шахсиятҳои фавқулода бузурги ҳамон давлатҳо решапайванд аст.
Ба шарофати онҳо ва дар соҳаҳои муҳими ҳаёти мардум — иқтисоду иҷтимоиёт, илму фарҳанг, рӯҳия ва ахлоқу маънавияти миллатҳову кишварҳо дигаргуниҳо рӯи кор меоянд.
Мадди назар бояд дошта бошем, ки вазъи ҷаҳони имрӯза ноором аст. Ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи баъзе аз давлатҳои абарқудрат, раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани терроризм ва дигар ҷараёну гурӯҳҳои номатлуби замон ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сулҳу ваҳдат, якпорчагии марзу бум таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона, бо азму талоши бесобиқа кору пайкор намоем.
«Бори дигар зиёиёни кишварамонро ҳушдор медиҳам, ки фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро ҳаргиз аз зеҳни худ дур насозанд, ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд».
Анҷомбахши матлаб гардидани ин суханони пурҳикмати Пешвои миллат рамзу ҳикмат дошта, сармашқи кори зиёиён буданаш муҳим, муфид ва заруру ногузир аст.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»