Дар пайравӣ ба ташаббусҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат бо саҳми шахсони ватандӯсту ободкор сохтмони иншооти гуногун вусъат меёбад. Аз ҷумла, мавзеъҳои сайёҳию ёдгориҳои таърихӣ ва деҳоти дурдасти кишвар, ки дар гузашта чандон шароити мусоид надоштанд, бо дастури Сарвари давлат ва саҳмгузории шахсони алоҳида ободу зебо мегарданд.
Мавзеи Чилдухтаронро, ки бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффо қалбҳоро тасхир намудааст, садҳо сайёҳи дохилию хориҷӣ орзуи дидан доранд. Бинобар ин, барои истироҳат ва фароғати онҳо дар ин мавзеъ бунёди инфрасохтори зарурӣ ба миён омадааст. Пешвои миллат зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод дастур доданд, ки қабл аз ҳама, роҳи автомобилгарди мавзеи Чилдухтарон навсозӣ ва инфрасохтори зарурӣ ба истифода дода шавад. Дар партави дастуру ҳидояти Президенти мамлакат аз моҳи октябри соли 2019 бо саҳми оилаи Амировҳо сохтмони роҳи автомобилгарди Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг оғоз гардид. Дар шароити кӯҳистон сохтмони роҳи автомобилгард кори саҳлу сода нест. Вале Раҳмоналӣ Амирзода бо азми қавӣ ва бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ пайи анҷоми муваффақонаи сохтмони он камари ҳиммат баст.
Саъю талоши шабонарӯзӣ ва маҳорати баланди ташкилотчигӣ буд, ки дар фурсати кӯтоҳ бахши асосии корҳои навсозии роҳи автомобилгарди мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг дар масофаи қариб 12 километр ба анҷом расид. Тахту ҳамворкунии талу теппаҳо ва мавзеъҳои алоҳидаи роҳ бо истифода аз техникаҳои муосир анҷом дода шуд, ки коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ дар ин масир заҳмат мекашанд. Роҳи автомобилгард, ки аз шафат ва миёнаи деҳаҳо мегузарад, сокинонро бисёр хушҳол кардааст. Онҳо бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои миллат ободониро василаи беҳтар шудани шароити зиндагӣ маънидод мекунанд. Бунёди роҳи автомобилгарди мавзеи Чилдухтарон то ноҳияи Ховалинг орзуи деринаи сокинони қариб 20 деҳа аст, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он рафтуомад аз тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг 70 километр кӯтоҳ хоҳад шуд. Дар яке аз мавзеъҳои зебои Чилдухтарон, ки табиати афсункор ва манзараҳои нотакрораш ба назар намоён аст, сохтмони меҳмонхонаи панҷошёнаи дорои шароити муосири хизматрасонӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо мақсади тарғиби анъанаҳои миллӣ дар шафати бинои он хонаҳо барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ бунёд хоҳанд шуд.
Маҳмадалӣ САФАРОВ