Долони иқтисодии Хитой ва Покистон (CPEC), ки арзиши лоиҳавии он 46 миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз бузургтарин лоиҳаҳои минтақа ба шумор меравад. Тавассути он аз шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Халқии Хитой то бандари Гвадари иёлати Балуҷистони Покистон дар масофаи 3000 километр роҳ ва инфрасохтори зарурӣ бунёд хоҳад шуд. Долони мазкур тибқи нақша то соли 2030 пурра мавриди истифода қарор гирифта, на танҳо барои Хитой ва Покистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя низ муфид хоҳад буд. Хитой тавассути ин лоиҳа миллионҳо доллар фоида мегирад ва бо роҳи наздиктарин ба уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Покистон бошад, инфрасохтори худро беҳтар менамояд ва барои рафъи буҳрони энергетикӣ имкони бештар фароҳам мешавад. Таъмини амнияти сохтмони ин шоҳроҳро артиши Покистон ба зимма гирифтааст.
Робитаҳои дӯстонаи Хитой ва Покистон, ки соли1951 оғоз ёфтааст, сол то сол густариш меёбанд. Соли 1970 Покистон барои сурат гирифтани сафари собиқ Президенти ИМА Ричард Никсон ба шаҳри Пекин мусоидат намуд. Бо ёрии Хитой Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи байналмилалӣ мақоми шоистаро сазовор гардид. Ба роҳ мондани муносибатҳои неки ҳамкорӣ бо Хитой ҷузъи ҷудонопазири сиёсати хориҷии Покистон маҳсуб меёбад, зеро Хитой шарики стратегии Покистон буда, дар танзими неруҳои сиёсӣ дар минтақа нақши муҳим дорад. Ташрифи генерали покистонӣ Ҷовид Баҷва ба Пекин, ки чанде пеш сурат гирифт аз тақвияти ҳамкориҳои ин ду кишвари муқтадири Осиё гувоҳӣ медиҳад.
Амалишавии лоиҳаи зикршуда ба кишвари дар минтақа аз лиҳози стратегӣ муҳим табдил ёфтани Покистон мусоидат мекунад. Аз ҳоло ба он Федератсияи Россия, Эрон, Арабистони Саудӣ ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.
Ба андешаи ман, Тоҷикистон низ метавонад аз ҳамроҳшавӣ ба он бурд намояд. Агар Тоҷикистон тавассути долони Вахон, ки наздиктарин роҳ бо Покистон мебошад, ба лоиҳа ҳамроҳ шавад, самаранокии CPEC бештар мешавад, зеро ҳанӯз 7 сол пеш роҳбарияти Покистон омода буд, ки дар бунёди роҳи мошингарди Ишкошим — Чатрор тавассути долони Вахон саҳмгузорӣ кунад. Ҳоло, ки Хитой тасмими бунёди лоиҳаи бузургро гирифтааст, амалисозии ин нақшаи нек осонтар хоҳад шуд. Зеро барои ин кишвари абарқудрат, ки баҳри бунёди роҳи зикршуда 46 миллиард доллар сармоягузорӣ карданист, 500 миллион доллари дигар маблағгузорӣ намудан мушкилӣ надорад. Ба гуфти Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро, Тоҷикистон барои Покистон дарвозаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар як конфронси иқтисодӣ, ки моҳи апрели соли 2014 дар шаҳри Исломобод доир гашт, намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор намуда буд, ки дар сурати кушода шудани роҳи мошингарди Ишкошим – Чатрор масофаи роҳи Қазоқистон- Покистон қариб 900 километр наздик хоҳад шуд.
Амалишавии ин нақша ба баландшавии сатҳи зиндагии сокинони вулусволии Ишкошими Афғонистон ҳам мусоидат хоҳад кард. Зеро сокинони ин минтақаи дурдасти Афғонистон шароити вазнини зиндагӣ дошта, аз набудани роҳ, барқ ва хизматрасонии тиббӣ ранҷ мекашанд. Агар тавассути ин вулусволӣ аз Тоҷикистон ба Покистон роҳ сохта шавад, сокинони деҳаҳои он имкони таҳсил ва гирифтани табобати босифат дар Тоҷикистонро пайдо хоҳанд кард. Хуб мешуд, ки аҳамияти ин масъала бо роҳҳои дипломатӣ ба вакилони вилояти Бадахшони Афғонистон ва ҳукуматдорони он расонида шавад.
Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи CPEC боиси пешрафти фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» хоҳад гашт, зеро аз сабаби набудани роҳ то ҳол минтақаи мазкур фаъолияти назаррас надорад. Агар роҳи Ишкошим — Чатрор сохта шавад, таваҷҷуҳи сармоягузорони Хитой, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон ба МОИ «Ишкошим» бештар мешавад. Дар ин сурат имкони содирот бештар шуда, ташрифи сайёҳон ба ин гӯшаи зебои диёр бамаротиб хоҳад афзуд, ки боиси таъсиси ҳазорон ҷойи корӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гашт.
С. АМИНИЁН, «Садои мардум»