Даҳ парвози махсуси «Сомон Эйр» ба Минск

№151 (4257) 17.12.2020

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба нақша гирифтааст, ки моҳи равон бо хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе 10 парвози махсус ташкил кунад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти он хабар дода, гуфтанд, мусофироне, ки озими Ҷумҳурии Беларус шуданианд, бояд мутобиқи Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Беларус таҳти №591 қоидаҳои зерини вуруд ба кишвар ва убури қаламрави он (транзит)-ро риоя намоянд:

Somon-e`yrШаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми убури марз бояд маълумотномаи тиббии эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро бо забонҳои русӣ, беларусӣ ва  англисӣ, ки 72 соат пеш аз убури марзи давлатии Беларус дода шудааст, дошта бошанд. Мусофироне, ки аз тариқи Минск парвозҳои транзитӣ анҷом медиҳанд, бояд чиптаи нуқтаи ниҳоии сафар, маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест) ва ҳатман ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Онҳое, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба парвоз роҳ дода намешаванд.

Маълумоти нав дар бораи тадбирҳои миллии пешгирикунандаи паҳншавии COVID-19-ро аз сомонаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус пайдо кардан мумкин аст. Маълумот оид ба тадбирҳои пешгирикунандаи хурӯҷи вируси COVID-19 дар фурудгоҳи Минск ва сомонаи интернетии он дастрас мебошад. Маълумоти муфассал дар сомонаи http://tajikistan.mfa.gov.by дарҷ гардидааст.

Зимнан, мувофиқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусофирони ба Тоҷикис­тон воридшаванда низ бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки 72 соат пеш аз омадан ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то сесола аз пешниҳоди маълумотнома озоданд.

Барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ метавон ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат кард.

Маркази маълумотдиҳии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»:

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50.

call-center@somonair.com,

Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (98) 807 10 00, +992 (98) 880 87 87, +992 (93) 501 24 24.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»