Даҳ соли узвият ба сус чӣ натиҷа дод?

№31 (4614) 01.03.2023

Рукниддин ваз савдоДаҳ сол пеш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) шомил гашт. Роҷеъ ба ҳадафҳои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аҳамияти воридшавии кишвари мо ба он ва натиҷаҳои даҳ соли сипаришуда хабарнигорамон бо сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Рукниддини Лутфулло ҳамсуҳбат шуд.

- Созмони умумиҷаҳонии савдо чӣ гуна ташкилот аст, кай таъсис ёфт ва ҳадафи он аз чӣ иборат мебошад?

- Дар ҷаҳон айни замон зиёда аз 300 созмони байналмилалии тиҷоративу иқтисодӣ фаъо­лият менамоянд, ки аъзои бархеашон васеъ ва аз баъзеи дигарашон нисбатан маҳдуд аст. Аммо нақши асосиро дар ташаккули фаъолияти тиҷоратӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ доираи нисбатан хурди ташкилотҳои тиҷоративу иқтисодӣ мебозад, ки Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) муҳимтарин маҳсуб мегардад. Ин созмон бузургтарин ниҳод баъд аз СММ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Он соли 1995 баъд аз 47 соли гуфтушунид дар заминаи Созишномаи умумӣ оид ба тарифҳо ва савдо таъсис ёфт. Ҳадафаш инкишофи муҳити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, вусъати ислоҳоти иқтисодӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, беҳтар кардани сифат ва рақобатпазирии молҳои ватанӣ, роҳ ёфтан ба бозорҳои хориҷӣ, афзудани шарикони тиҷоратӣ, содагардонии савдои байналмилалӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва шаффофият, мусоидат ба рушди босуботи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Асосҳои ҳуқуқии созмонро созишномаҳои генералӣ оид ба тарифҳо ва савдо, доир ба тиҷорати хизматрасонӣ, созишнома оид ба ҷабҳаҳои тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, инчунин созишномаҳои дигар ташкил медиҳанд, ки дорои қувваи ягона барои ҳамаи давлатҳои аъзо мебошанд.

- Яке аз шартҳои калидии дохил шудани кишварҳо ба ин созмон мутобиқгардонии қонунгузорӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мебошад. Аз ҷониби Тоҷикис­тон ин талабот иҷро шуд ва раванди шомилшавӣ чӣ гуна ҷараён гирифт?

- Зиёда аз 80 фоизи кишварҳои ҷаҳон, ки дорои бузургтарин иқтидорҳои иқтисодӣ мебошанд, ба СУС пайвастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2001 дархостро ба котиботи он барои дохил шудан ирсол намуд. Моҳи июли соли 2001 шӯрои генералии СУС дар ҷаласаи худ дархости Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, оид ба таъсис додани гурӯҳи корӣ доир ба баррасии масъалаи дохилшавии кишвари мо ба СУС ва ба Тоҷикистон додани мақоми кишвари нозир қарор қабул намуд. Инчунин, бо мақсади пайгирии минбаъдаи масъалаи шомилшавӣ ба созмон ва пешбурди фаъолияти минбаъда дар ин самт дар мақомоти марбутаи кишвар таҷдиди сохторӣ гузаронида шуд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки раванди дохилшавии кишварҳо ба СУС хеле мураккаб мебошад ва ба давлатҳои нозир зарур аст, ки қонунгузории ҷории худро ба талаботу меъёрҳои он мутобиқ намуда, бо кишварҳои аъзо оид ба низоми савдои хориҷӣ, шароити дастрасӣ ба бозори мол ва хизматрасониҳо, ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеҳсолкунанда ва дигар самтҳо гуфтушунид баргузор намоянд. Бинобар ин, вохӯриву мулоқоти ҷониби кишвари мо бо давлатҳои аъзои СУС дар ду шакл: мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба гузаронида шуданд. Дар нуҳ қисмати гуфтушунидҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1300 дархосту саволи давлатҳои аъзои СУС ҷавоб доданд. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш гуфтушуниди дуҷониба оид ба масоили дастрасӣ ба бозори хизмат­расонӣ ва 13 гуфтушуниди дуҷониба оид ба масоили дастрасӣ ба бозори молҳоро баргузор намуд. Баҳри тезонидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС шароити мусоид фароҳам гардида, бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба омодагии раванди дохилшавии Тоҷикистон ба СУС таъсис дода шуд. Илова бар ин, бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои СУС корҳои зиёд амалӣ гардида, заминаи мустаҳками меъёрию ҳуқуқии ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯ ташкил шуд.

Мутобиқ намудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба меъёру қоидаҳои СУС заминаи ҳуқуқии дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС буда, мувофиқа намудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба меъёрҳои СУС амалӣ гардид. Дар ин раванд беш аз 100 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Аз оғози раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Канада, ИМА, Ҷопон, Хитой, Ҳиндустон, Туркия, Таиланд, Тайван, Доминикан, Гондурас, Салвадор, Шри-Ланка, Корея ва Украина ҷиҳати гузаронидани мулоқоти дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳ ёфтан ба бозори мол ва хизматрасониҳо дархост намудаанд.

Сатҳи миёнаи боҷ барои ҳама навъи мол дар байни 24 давлати рӯ ба инкишофи дар солҳои наздик ба СУС шомилшуда, 11,4 фоизро ташкил медиҳад ва ин нишондод барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи 8 фоиз қарор дорад. Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гуфтушунид тавонист ба дастоварде ноил гардад, ки натиҷаи он ­садди коҳиш ёфтани қисмати даромади буҷети давлатии кишварамон мегардад. Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ, новобаста ба он ки сатҳи миёнаи охирини боҷ барои маҳсулоти кишоварзӣ 10,4 фоизро ташкил медиҳанд, Тоҷикис­тон боҷи баландро нисбат ба молҳои стратегӣ нигоҳ дошт. Меваи хушк (15-20 фоиз), асал (20 фоиз), меваву сабзавоти тозаи омодашуда (20-23 фоиз), пилла ва пахта, (20 фоиз) маҳсулоти машруботӣ (18-23 фоиз) аз ҳамон ҷумлаанд.

10-уми декабри соли 2012 шӯрои генералии СУС ҳисоботи гурӯҳи корӣ ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои вобаста ба раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС-ро баррасӣ намуда, қобили қабул шуморид. Протокол оид ба ҳамроҳшавии кишвари мо ба СУС аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори генералии онвақтаи СУС Паскал Ламӣ ба имзо расид. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи шомилшавиро тасдиқ намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 расман узви комилҳуқуқи СУС гардид, ки ин дастоварди арзанда дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон ба шумор меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2012, ҳангоми баимзорасонии протоколи шомилшавии Тоҷикистон ба СУС қайд намуда буданд: «Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Имрӯз 10-уми декабри соли 2012, яъне санаи дохилшавии кишвари мо ба СУС дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи рӯйдодҳое мебошад, ки бевосита ба рушди минбаъдаи устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунад».

- Дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС барои расидан ба ин ҳадафи стратегии кишвар то кадом андоза мусоидат кард?

- Соли 2014 «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС» қабул гардид, ки нақшаи чорабиниҳои он аз 75 тадбир ва 9 қисм вобаста ба пешбурди фаъолияти умумии савдо, аз қабили монеаҳои техникӣ дар савдо, чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, хизматрасониҳо, ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, андешидани чораҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат, инчунин маориф иборат мебошад. То ба ҳол, дар маҷмӯъ, 60 банд, яъне 80 фоизи он иҷро гардидааст. Дар раванди қабули барнома ба 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, дар доираи татбиқи он зиёда аз 55 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти беҳтар кардани фаъолияти савдои хориҷӣ ва мусоидаткунандаи рушди иқтисоди кишвар ба тасвиб расид. Ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар чаҳорчӯбаи низоми шаффофият ва бо мақсади дастрас будани маълумоти зарурии марбут ба савдо сомонаи интернетии махсуси СУС ва Тоҷикистон (www.wto.tj) фаъол гардид.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо дар назди СУС соли 2016 Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуд, ки ҳамчун майдони хуби ҳалли ­масъалаҳои рушди савдо байни намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва бахши хусусӣ фаъолият намуда, то ҳол 15 ҷаласаи он баргузор гардид. Дар ҷаласаҳо вобаста ба соҳаи нассоҷӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ, эътирофи сертификатҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ, рушди содирот, содагардонии расмиёти савдо, кам кардани хароҷоти расмиёти содиротию воридотӣ, транзити молҳо, савдои электронӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ бо қарори дахлдори Ҳукумати кишвар моҳи ноябри соли 2013 шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ таъсис ёфт. Дастоварди дигаре, ки мо дар давраи узвият ноил гардидем, ин соли 2019 расман мавриди истифода қарор додани портали савдои Тоҷикистон мебошад. Он байни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин буда, маълумоти муфассал оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ бо се забон пешниҳод мегардад. Дар маҷмӯъ, портал доир ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитии 61 гурӯҳи молӣ, аз ҷумла 28 расмиёти содиротӣ, 30 расмиёти воридотӣ ва 3 расмиёти транзитӣ маълумот пешниҳод мекунад, ки зиёда аз 1500 номгӯи молу маҳсулотро дар бар мегирад. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 дар портали савдои Тоҷикистон 372 ҳазору 912 истифодабаранда аз 170 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд.

- Аз дохилшавии ҷумҳуриамон ба СУС даҳ сол сипарӣ гардид. Натиҷаҳо чӣ гунаанд?

- Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар даҳ соли узвият дар СУС амалӣ карда шуданд, пешравиҳо назаррас буда, рушди миёнаи иқтисодӣ 7,1 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии воқеӣ 2,9 баробар, ММД ба ҳар сари аҳолӣ — 2,3, маҳсулоти саноатӣ — 4,3, сармояи асосӣ — 2,8, маҳсулоти кишоварзӣ — 2,4, савдои чакана — 3,3 ва буҷети давлатӣ се баробар афзуд. Рушди соҳаи хизматрасонӣ низ назаррас буда, ҳиссаи он дар ММД 41,3 фоизро дар соли 2022 ташкил дод. Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тамоюли коҳишёбиро касб намуда, аз 35,6 фоиз дар соли 2013 то 22,5 фоиз дар соли 2022 расид. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ аз 4 миллиарду 988,8 млн. доллари ИМА дар соли 2013 ба 7 миллиарду 512,9 млн. доллар дар соли 2022 расид. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалӣ, аз ҷумла мувофиқи арзёбии ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ дар байни 190 кишвари ҷаҳон, 35 зина боло рафт ва Тоҷикистон дар солҳои охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгар шомил шуд.

Бо мақсади дарёфти бештари манфиат аз узвият дар СУС бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳоднамудаи ин ниҳоди ҷаҳонӣ дар солҳои оянда Ҳукумати кишвар бо назардошти зарфиятҳои мавҷудаи иқтисодӣ ва имкониятҳои истифоданашуда нақшаҳои зиёд дорад. Тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти дохилӣ ва сифатноку рақобатпазир намудани он, шомилшавии Тоҷикистон ба низоми бархӯрдории тиҷорати Иттиҳоди Аврупо (GSP+), ки меъёри сифрии боҷи гумрукиро нисбат ба маҳсулоти ватанӣ фароҳам меорад, боз ҳам сода намудани расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, бо ҷалби сармояи шарикони рушд таъсис додани марказҳои логистикӣ, озмоишгоҳҳо, рушди савдои электронӣ ва баланд бардош­тани сатҳи огоҳии бахши хусусӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»