Дар Арабистони Саудӣ дар моҳи Рамазон бинобар коронавирус дари масҷидҳо баста хоҳанд буд

№ 11.04.2020

Мақомоти Арабистони Саудӣ эълом доштанд, ки тасмим гирифтаанд маҳдудиятҳоро бинобар пешгирӣ аз коронавирус дар моҳи Рамазон низ идома диҳанд.

 

- Дар ин моҳ баргузории намозҳои дастаҷамъӣ, инчунин, боздид аз масҷидҳо мамнӯъ боқӣ хоҳад монд, — изҳор доштааст намояндаи расмии Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Абдул Алӣ. Ҳама пазмони ҷамъомадҳои динӣ дар моҳи Рамазон шудаанд, аммо тадбирандешиҳо то аз байн рафтани пандемияи коронавирус идома хоҳанд ёфт.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ эълом дошта буданд, ки имсол бинобар пандемияи коронавирус маросими адои ҳаҷ зери таҳдид қарор дорад.

6 апрели соли равон мақомоти ин давлат аз ҷорӣ шудани маҳдудияти гаштугузори шабонарӯзӣ бидуни зарурат дар баробари Макка ва Мадина дар якчанд шаҳри дигар,  аз ҷумла,  пойтахти кишвар — Ар-Риёз, Ҷидда ва Даммом, Заҳрон, Ал-Катиф ва Ал-Хобар, ки дар онҳо шумораи зиёди мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, эълон кард.

Тибқи маълумоти охирин, шумораи гирифторони сирояти коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба 2605 нафар расидааст. То ин дам 38 нафар аз ин беморӣ фавтида, 551 нафар шифо ёфтаанд.

АМИТ «Ховар»