Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи ташаббусҳои Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом меёбанд

№101 (4684) 14.08.2023

ПИРЯХПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 аз қабули қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи «Соли ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025» ёдовар шуда, зикр карданд, ки «Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

Воқеан, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони истиқлолият мамлакат тавонист на танҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои судманди тарафайнро ба роҳ монад, балки роҳи беназирро ба дипломатияи дар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ бунёдшуда пеш гирад. Ин имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамчун кишвари таъсиргузор фаъол бошад.

Дар ин самт бояд доир ба ҳамкории судманду натиҷабахши мамлакат бо СММ ёдовар шуд, ки аз 29-уми январи соли 1992, баъди дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати аъзо қабул гардидан, шурӯъ шуд. 2- юми марти соли 1992, зимни Иҷлосияи 46-уми Маҷмаи умумии СММ қатъномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ қабул гардид. Пайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ пояи устуворро барои рушди ҳамкориҳо бо ин созмон, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он бунёд ниҳод. Ҳамин тариқ, кишвари мо тавонист дар муддати кӯтоҳ худро ҳамчун давлати дорои сиёсати созандаю бунёдкор ва ташаббускор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Боиси зикр аст, ки таърихи куҳанбунёди давлатдорӣ ва ҳаёти сиёсии тоҷикон замина гузоштанд, ки дипломатияи муосири тоҷик зуд ташаккул ёфта, ба сифати дипломатияи гус­турдаи бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад.

Табиати биҳиштосои Ватани маҳбубамон аз сарватҳои гуногуни зеризаминӣ бой мебошад. Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.

Ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ба масоили оби тоза ва роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об нақши фаъол дорад. Ин аст, ки ҳалли мушкилоти вобаста ба обро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайваста пайгирӣ мекунад. Дар робита ба дипломатияи мазкур ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018 — 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» бо қатъномаҳои СММ эълон гардиданд. Маҷмӯи чорабиниҳо ва тадбирҳое, ки дар ин самт аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дигар анҷом дода шудаанд, собит месозанд, ки ин ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Президенти мамлакат мавриди истиқбол ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Албатта, ҷониби Тоҷикис­тон барои амалӣ намудани ин ибтикорҳо ба созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, такя намуда, татбиқи онҳоро пешбинӣ менамояд. Ногуфта намонад, ки ҳадафи асосии ин ташаббусҳо таъкиди зарур будани ҳамкориҳои созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об мебошад, зеро об манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Афзалияти асосии пайгирӣ, арзёбӣ ва таҳлилу омӯзиши мушкилоту масоили об дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар сиёсати хориҷии мамлакат, ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор будан аст.

14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шудани соли 2025-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Ин иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Он бо «Рӯзи байналмилалӣ» ва «Соли байналмилалӣ» (яъне эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пир­яхҳо, эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо») эълон шуданаш нодир маҳсуб меёбад. Масъалаи мазкур барои кишварамон бисёр мубрам аст, зеро дар Тоҷикистон 8492 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ масоҳати умумии пиряхҳои кишвар беш аз 8476 км2- ро ташкил медиҳад. Ин пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000 то 5300 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир (Шарқӣ ва Ғарбӣ), Ҳисор ва Олой ҷойгир буда, сарчашмаи асосии оби дарёҳои Сир, Зарафшон, Панҷ, Вахш, Ому ва ғайра мебошанд.

Маълум аст, ки бо рушди босуръати техника, технология, коммуникатсия, энергетика ва саноат авзои экологии ҷаҳон тавозунро гум карда, мушкилоти глобалиро афзунтар гардонидаанд. Солҳост, ки кишварҳои ҷудогона ва минтақаҳо қудрати бартараф кардани ин ё он мушкилоти глобалиро надоранд ва зарурат ба миён омадааст, ки бо талошҳои дастаҷамъӣ ҳалли мушкилотро имконпазир гардонанд. Мамлакати мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ аз мушкилот ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар канор буда наметавонад, баръакс аллакай панҷумин иқдом ва ташаббуси худро барои ҳалли мушкилоти об ва вазъи пиряхҳо пешниҳод кардааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли саривақтии ин мушкилот ҷалб созанд.

Ибтикороти Пешвои миллат Тоҷикистонро дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташуббускор оид ба масъалаҳои об муаррифӣ карда, аҳли сайёра ин ташаббусҳои башардӯстонаро бо камоли эҳтиром ва эътирофи том пазируфтаанд. Дар маҷмӯъ, ташаббусҳои Тоҷикистон ба ҳадафҳои рушди устувори расман зери унвони «Табдилдиҳии ҷаҳони мо: рӯзномаи ҷаласа дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» пайвастагӣ доранд. Об дар кишвари мо ҳамчунин сарчашмаи энергияи сабз буда, дар Тоҷикистон 95 дарсади неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Кишвари мо аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯйи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Айни замон кӯшиш ба харҷ меравад, ки мо дар мамлакат аз захираҳои мавҷудаи обӣ ба таври самаранок истифода бурда, рушди усутворро таъмин намоем.

Мушкилоти марбут ба истифодаи захираҳои об дар маҷмӯъ ба масоили ҳифзи пиряхҳо — сарчашмаи асосии обҳо дар мамлакат ва минтақа пайвандии бевосита доранд. Мусаллам аст, ки пиряхҳо сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ ва ширинанд, вале тағйирёбии иқлим барои ҳифзи онҳо монеа эҷод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур солҳост, ки таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва Ҳукумати мамлакат барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми умедбахшест, ки мушкилоти ҳифзи пиряхҳоро то дараҷаи зарурӣ бартараф менамояд, зеро дар ин самт чораҳо ва корҳои зиёд анҷом хоҳанд ёфт.

Абдухалил ҒАФУРЗОДА,

ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

Карамалишо КАРАМАЛИШОЕВ,

ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент