Аз соли 2016 бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» ба роҳ монда шуд. Муҳлати татбиқи он панҷ солро дар бар гирифта, дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои кишвар литсейҳои касбӣ – техникӣ ва донишкадаҳо қисман таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд.
Таъмири ду бинои таълимӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва насби таҷҳизоти замонавии озмоишӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, аз иқдомоти ба ин лоиҳа рабтдошта маҳсуб мешавад.
Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаҳои донишкада Бахтиёр Абдуллоев иброз намуд, ки илова ба корҳои зикршуда дар доираи лоиҳа истгоҳи барқии офтобӣ сохта шуд, ки аз 48 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумии он 10 киловатт/соат аст ва қодир аст дар ҳолати зарурӣ як қисмати донишкадаро бо барқ таъмин кунад.
Лоиҳа ба ҷуз аз сохтмону воридсозии таҷҳизот, ҳамчунин баргузор кардани семинарҳои омӯзиширо ба хотири сайқал додани дониши омӯзгорон фаро мегирад. Омӯзгороне, ки дар семинарҳо ширкат меварзанд, сертификати дараҷаи байналмилалӣ мегиранд.
Мамлакат дар ҷаҳон кишвари дорои захираҳои бузурги энергетикӣ эътироф шуда, 60 фисади захираҳои энергетикии обии Осиёи Марказӣ аз он сарчашма мегирад. Ин имкониятҳои табиӣ шароит фароҳам овардаанд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли қувваи барқи обӣ дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор гирад. Коршиносон пешгӯйӣ намуданд, ки пас аз пурра ба кор андохтани НБО-и «Роғун» ба зинаи боз ҳам баландтар — дуюм ё сеюм баромадан имконпазир аст. Ба қавли ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода, тавсеаи ин раванд аз ҳама лиҳоз манфиатовар аст.
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш додааст, ки соли 2019 аз ҳисоби неруи барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ дар ҷумҳурӣ 504,5 мегаватт/соат барқ ҳосил шудааст. Ниҳодҳои марбутаи ин давлат тасмим доранд, ки соли 2020-ум 18 манбаи дигари неруи сабзро мавриди истифода қарор дода, ҳаҷми умумии тавлиди барқи аз лиҳози экологӣ тозаро ба 1655 мегаватт/соат расонанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ талош дорад, ки то соли 2025 ҳиссаи энергияи тозаро то 25 дарсад боло баранд.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар Тоҷикистон соли 2019-ум 20 миллиарду 676,2 миллион киловатт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 98 фисади он аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обӣ ба даст омадааст.
Дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 – уми декабри соли 2019) таъкид шуд, ки: «Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст… Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми неруи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013 – 2019-ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт/соат) афзоиш ёбад».
Бо дарназардошти дурнамои нек доштан татбиқи лоиҳаҳои ба энергияи сабз рабтдошта муҳиму муфид маҳсуб мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»