Дар қитъаи тоҷикистонии «CASA — 1000» 70 дарсади кор ба анҷом расидааст

№ 24.08.2022

broshure-1193x1200Соҳаи энергетикаро локомотиви иқтисодиёти ҳар як кишвар  меноманд. Лоиҳаи «CASA - 1000» бузургтарин лоиҳаи энергетикии  Осиёи Марказӣ ва ­Осиёи Ҷанубӣ  аст, ки ба шарофати он низоми энергетикии  ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон  пайваст мешавад. Ҳоло дар ин самт кор чӣ гуна ҷараён дорад?

Директори минтақавии «Интиқоли неруи барқи «CASA — 1000» Файзалӣ Самиев зимни  мулоқот бо рӯзноманигорон иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам 70 дарсади корҳо ба анҷом расидааст.

Таҷҳизоти зарурӣ аз мамолики аврупоӣ, Россия, Хитой ва Ҳиндустон ворид гашта, қисми зиёдашон  насб шудаанд. То марзи Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён (ноҳияи Ҷайҳун) хати интиқоли барқи баландшиддат кашида шуда, ҳоло васлу насби таҷҳизот низ идома дошта, то охири сол ба итмом хоҳад расид.

Хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд 500» аз Қирғизистон оғоз ёфта, дар ноҳияи Деваштич бо хатҳои барқи мавҷуда пайваст мешавад. Тавассути он барқи баландшиддат ба зеристгоҳи «Регар — 500» (воқеъ дар шаҳри Турсунзода) интиқол мешавад.

Аз шаҳри Турсунзода ба воситаи хати интиқоли барқи 500 кВ «Регар — Сангтӯда» бо дарозии 115 километр неруи барқ интиқол хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа, дар минтақаи «Сангтӯда» бо иқтидори 1300 МВТ ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ табдил меёбад.

Ҳоло дар Қирғизистон ва Покистон низ васлу насби таҷҳизот ва кашидани хатҳои интиқоли барқ хуб ҷараён доранд. Мутаассифона, бинобар вазъияти сиёсии баамаломада амалишавии лоиҳа дар Афғонистон мутаваққиф шуда, ҳамагӣ 50 дарсади корҳо ба анҷом расидааст.

Азбаски Бонки ҷаҳонӣ ҳукумати «Толибон» — ро ба расмият  намешиносад, маблағгузории лоиҳа боздошта шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар чанде пеш иброз дошта буд, ки «CASA — 1000» Осиёи Марказии аз ҷиҳати  энергетикӣ бой ва Осиёи Ҷанубии ба неруи барқ  ниёзмандро  мепайвандад.

- Тоҷикистон дорои захираҳои бои гидроэнергетикӣ мебошад, ки истифодаи онҳо роҳи беҳтарини ба даст овардани неруи  барқароршавандаи энергия барои қонеъ кардани  талаботи афзояндаи мост. Ба итмом расонидани лоиҳаи «CASA -1000» на танҳо барои Покистон ва Тоҷикистон  манфиатнок хоҳад буд, балки як долони доимии энергетикӣ гардида, имкониятҳои нави ҳамкориҳоро дар  минтақа боз хоҳад кард, — гуфт номбурда.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»