Моҳи ноябри соли гузашта Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарореро имзо карданд, ки идомаи мантиқии сиёсати раиятпарварона маҳсуб мешавад.
Манзур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» аст. Тибқи он, додани иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули зикршуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дар асоси талаботи қонунгузории соҳаи иҷозатдиҳӣ амалӣ мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки то қабули қарор шахсони воқеӣ ҳуқуқи машғул гардидан ба чунин тарзи фаъолиятро, ки миёни мардум чун заршӯйӣ маъмул аст, надоштанд. Қабули қарори мазкур аз сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи гунонуни мамлакат маншаъ гирифтааст. Бино ба гуфти вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, дар ҷараёни сафарҳо мардум аз Роҳбари мамлакат дар ин хусус хоҳиш карда буданд.
Тибқи иттилои вазири молия, аз замони қабули қарори зикршуда 48 нафар иҷозатномаи дахлдорро ба даст оварданд ва аризаи 30 нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Дар шарҳи ин раванд номбурда афзуд, ки шахси воқеӣ аризаро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мақомоти молияи маҳаллӣ пешниҳод менамояд ва ҳуҷҷатҳои аризадиҳанда аз ҷониби мақомоти молияи маҳаллӣ дар муҳлати пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод мешавад. Баъд аз тасдиқ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоти молияи маҳаллии дахлдор ба аризадиҳанда дастрас мегардад.
Дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуқуқ дорад, ки истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро бо истифода аз асбобҳои дастӣ, техникаи иқтидори муҳаррикаш на зиёда аз 50 қувваи асп ва дастгоҳҳои хурди тиллошӯйӣ, бо иқтидори истеҳсолии на зиёда аз 5м3/соат иҷро ва маҳсули бадастомадаро барои харидорӣ ба нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо расман амалкунанда ва корхонаҳои саноатие, ки дорои иҷозатномаи коркарди маъданро доранд (ба истиснои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, барои дорандаи чунин ҳуҷҷат як силсила уҳдадорӣ муқаррар гардидааст, ки риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба технологияи пешбурди корҳо вобаста ба истифодаи қаъри замин ва бехатарии саноатӣ, барқарор намудани қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиие, ки ҳангоми истифодаи қаъри замин хароб шудаанд, дар минтақаҳои сарҳадӣ танҳо дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан аз ҳамон ҷумлаанд.
Тавре аз моҳияти санади мазкур бармеояд, он дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» таҳия гардида, фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба танзим медарорад.
Тибқи муқаррароти қарори мазкур, «истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ (минбаъд — истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда) аз ҷониби шахси воқеӣ (минбаъд — дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ) тибқи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад».
Барои бештар огоҳ шудани шаҳрвандон аз моҳияти ин иқдом аз масъулини Вазорати молия пурсидем, ки минтақаҳои барои фаъолият мувофиқ аз ҷониби кадом сохтор муайян ва ба номгӯйи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда чиҳо ворид гардидаанд Посух доданд, ки қитъаҳои водӣ ва шохобҳои дарёҳои ҷумҳурӣ (таҳшинҳои элювиалии назди соҳил) ва сангрезаҳои доманакӯҳҳои (таҳшинҳои элювиалӣ, делювиалӣ, пролювиалӣ ва коллювиалӣ) дар шаҳру ноҳияҳо мавҷудбуда, ки дар онҳо канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ истихроҷ карда мешаванд, аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Ба номгӯйи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки истихроҷи онҳо бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат дода мешавад, металлҳои қиматбаҳо ва ранга — тилло, нуқра, платина, қалъагӣ (қалъагисанг), волфрам (волфрамит, шеелит), титан (рутил, илменит, лейкоксен), минералҳои унсурҳои нодирзаминӣ (лапарит, монатсит, ксенотим, баснезит), сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо — гурӯҳи корундёқути сурх ва ёқути кабуд, хризолит, топаз, азрақ, лаъл, юшногумит, беҷодаҳо, нефрит, ақиқ, гурӯҳи квартс (булури кӯҳӣ), пошхӯрдаҳои сурма, флюорит ва канданиҳои фоиданоки дигар дар таҳшинҳои элювиалӣ, делювиалӣ, пролювиалӣ ва коллювиалӣ дохил мешаванд.
Барои қитъаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ талаб карда намешавад. Ҳамчунин, мадди назар бояд дошт, ки ҳангоми истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ истифодаи маводи кимиёвӣ манъ аст.
Вобаста ба хариду фурӯши канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи истихроҷшуда иттилоъ гирифтем, ки тибқи қоидаҳои хариду фурӯш, содирот, воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006, №215 «Дар бораи қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга» тасдиқ шудаанд, ба роҳ монда мешавад.
Талаботи дигаре, ки шаҳрвандони дорои чунин фаъолият бояд риоя кунанд, фурӯхтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда ба хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо таъсисдодаи хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар сурати дар шакли хаттӣ рад кардани харид аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, маҳсулоти истихроҷшуда бояд ба дигар нуқтаҳои хариди металлҳои қиматбаҳои дар маҳалҳо таъсисёфта пешниҳод гардад. Бино ба гуфти вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, то кунун дар минтақаҳои гуногун 10 нуқтаи хариди тилло фаъол гардонда, аз шаҳрвандон 4,5 кило тилло харидорӣ шудааст.
Шаҳрвандон бояд дарк кунанд, ки пинҳон кардани маҳсулоти истихроҷшудаи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, инчунин, риоя накардани қоидаву талаботи бехатарӣ дар пешбурди корҳои кӯҳӣ ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, ки боиси зарари ҷисмонӣ ё фавт мегардад, асос барои бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шуда метавонад.
Тибқи муқаррарот, дар ҳолати ба миён омадани зарурати ба эҳтиёҷоти давлатӣ гирифтани қитъае, ки иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дода шудааст, амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бе шартҳои иловагӣ бекор карда мешавад.
Дар маҷмӯъ, қабули қарори мазкур идомаи мантиқии сиёсати раъиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мақсад аз он беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум аст.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»