Кирмакпарварӣ. Садди пешрафти он дар чист?
То давраи истиқлолият дар Тоҷикистон ҳар сол 4000 тонна пилла истеҳсол мегардид. Ҳоло ин рақам ҳамагӣ 1153,4 тоннаро (дурнамои соли 2016) ташкил мекунад. Дар вилояти Суғд, ки замони шӯравӣ беш аз 1800 тонна пилла истеҳсол мегардид, дурнамои имсола ҳамагӣ 658 тонна аст. Дар минтақаи Кӯлоб қариб 800 тонна ашёи хоми пурқимати саноатӣ истеҳсол мешуд ва имрӯз ба 77 тонна расидааст. Гурӯҳи ноҳияҳои Рашт 400 ва ВМКБ 150 тонна пилла тайёр мекарданд. Айни ҳол нақшаи дурнамои минтақаи Рашт беш аз 22 тонна буда, дар ВМКБ умуман пилла истеҳсол намешавад.
Чаро ин соҳа рӯ ба таназзул ниҳод? Чӣ садди пешрафти он гардидааст? Ин ва мушкилоти дигари соҳа, чанде пеш зимни муҳокимаи парламентӣ, ки ба татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» бахшида шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, вакилон аз вазъи баамаломада изҳори нигаронӣ карданд.
Аз ин рӯ, қарор додем мавзӯъро пайгирӣ намоем. Ҳангоми таҳияи мақола шоҳиди гуфтугӯи чанд пиллапарвар ҳам шудем, ки аз ноомади кор ибрози ташвиш карданд.
Аз заҳмати сангини кирмакпарварӣ хуб огоҳӣ дорам ва медонам, ки мардуми деҳот барои ба даст овардани пилла чӣ қадар мушкилиро паси сар мекунанд.
Барои фаҳмидани вазъи воқеии соҳа ба Корхонаи воҳиди давлатии «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтем. Алъон ин идораро Ҷамшед Хоҷаев сарварӣ мекунад, ки дар соҳаи саноат таҷрибаи зиёд дорад ва воқеан роҳбарӣ кордон аст.
«Дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст. Ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, барои беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи шаклу усулҳои пешрафтаи идоракунии иқтисодиёт барномаҳои соҳавиро дар доираи афзалиятҳои муайяншуда таҳия карда, татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳоро таъмин намоянд.», — таъкид шудааст дар Паёми имсолаи Сарвари давлат. Ин дастур моро ҳидоят мекунад, ки барои рушди саноат чораҳои таъхирнопазир андешем, — гуфт директори генералии КВД «Пилла» ва афзуд: — Кирмакпарварӣ низ яке аз соҳаҳои муҳим ва сердаромад маҳсуб меёбад, зеро нахи абрешим ашёи пурқимат буда, барои омода намудани атласу шоҳӣ, ки имрӯз талаботи зиёд дорад, ҳамчунин барои саноати ҳарбӣ, тиб, молҳои ороишӣ ва ғайра васеъ истифода мешавад. Тавре маълум аст, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин соҳа коҳиш ёфт. Омилҳои суст тараққӣ ёфтани кирмакпарварӣ гуногунанд. Тағйирёбии шаклҳои хоҷагидорӣ, норасоии мутахассисон ва паст будани музди меҳнати кирмакпарварон аз ҷумлаи сабабҳои ақибмонии соҳаанд.
Ин гуфтаҳоро мусоҳибам шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки дар натиҷаи таҷдиди колхозу совхозҳо ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ низоми кору назорат дигар шуд. Масалан, дар баъзе хоҷагиҳо дарахти тут мавҷуд аст, вале ба кирмакпарварӣ машғул намешаванд. Баръакс, хоҷагиҳое ҳастанд, ки дар онҳо барои парвариши тухми кирмак барги тут намерасад. Дар ин миён бисёр тутзор аз байн рафт. Мушоҳида мешавад, ки дар хонаҳое, ки барои парвариши кирмак ҷудо мегардад, қариб ки корҳои безараргардонӣ гузаронида намешавад. Инкубаторҳо низ на дар ҳама ҷо безарар гардонида мешаванд. Як нуктаи дигар низ қобили зикр аст, ки дар баъзе ноҳияҳо нуқтаҳои қабули пилла мавҷуд нест ва ҳатто масъулони идораҳои пиллапарварӣ ҳуҷраи корӣ надоранд.
Имрӯз агрономҳои соҳавӣ ангуштшуморанд. Бо вуҷуди он ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон кафедраи махсуси кирмакпарварӣ мавҷуд аст, вале мутахассисон баъди хатм ба кор намеоянд. Табиист, ки дар натиҷаи нарасидани мутахассисон зимни парвариши тухми кирмак ба хатоиҳо роҳ дода мешавад. Илова бар ин, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ хеле суст аст. Дар натиҷа, майдони тутзорҳо кам шуда, норасоии барг мушоҳида мешавад. Тавре маълум аст, заминаи асосии истеҳсоли пиллаи хушсифат аз тухмӣ вобаста аст. Ба ин хотир, аз ҷониби КВД «Пилла» аз Ҷумҳурии Халқии Хитой 21 ҳазору 300 қуттӣ тухми кирмак оварда, ба шаҳру ноҳияҳо дастрас шуд. Аз он 300 қуттии тухмии элита барои афзоиш ва захираи тухмӣ барои соли оянда ба заводи тухми кирмаки шаҳри Душанбе интиқол гардид.
- Ният дорем, ки дар ду – се соли охир кирмакпарваронро пурра бо тухмии ватанӣ таъмин намоем. Дар натиҷа, нархи он қариб 40 фоиз арзон мешавад, — иброз дошт Ҷ. Хоҷаев.
Ҳамсуҳбатам афзуд, ки имсол дар маҷмӯъ ҷамъоварӣ ва супурдани пилла хуб ҷараён дорад. Дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,5 тонна зиёд, яъне 881,6 тонна пилла истеҳсол шуда, иҷрои нақша 76,4 фоиз таъмин гардидааст. Вилояти Хатлон дар маъракаи пилласупорӣ пешсаф буда, нақшаи дурнаморо барзиёд таъмин кард. Аз ин вилоят ба нуқтаҳои қабул 374,7 тонна ашёи хоми саноатӣ дохил гардид, ки ба 100,2 фоизи дурнамо баробар аст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ рафти ҷамъоварии пилла хуб аст. Дар вилояти Суғд, агарчӣ нисбат ба ҳамин давраи порсола зиёдтар пилла истеҳсол шудааст, вале вазъи соҳа нигаронкунанда мебошад. Тайи шаш соли охир (ғайр аз соли 2014) дар ин вилоят нақша иҷро намегардад. Алҳол иҷрои нақша қариб 60 фоиз таъмин гардидааст. Масъулони соҳа сабаби қафомониро дар тухмӣ мебинанд, ки гӯё ба касалии петрина гирифтор гаштаю талаф ёфтааст. Сабаби талафёбии як қисми тухми кирмак дар номусоид омадани обу ҳаво ва дар чунин шароит дуруст ба роҳ намондани парвариши кирмак мебошад. Дар ин бобат масъулону мутахассисони соҳа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ ба саҳлангорӣ роҳ доданд. Чунин ҳолатҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ низ ба амал омаданд. Сабаби дигари қафомонии соҳаи кирмакпарварӣ дар вилояти Суғд ин дер тақсим кардани тухмӣ мебошад.
- Имрӯз якчанд ширкати хусусӣ, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Тоҷ Силк», «ТВ Силк», «Дук» низ дар баробари фаъолияти истеҳсолӣ, ба кишвар тухмӣ ворид менамоянд. Дар ин самт онҳо бояд бо корхонаи мо ҳамкорӣ намоянд. Мутаассифона, бисёр вақт талаботи санади ҳамкориро иҷро намекунанд, — мегӯяд Ҷ. Хоҷаев.
Воқеан ҳам, барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатҳо, тутзор ва ниҳолзор» қабул шуда, соли 2012 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи организмҳои зараррасони махсусан хавфнок» ба тасвиб расид, ки дар он «оташаки тут» низ ба рӯйхати организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ворид карда шудааст. Вале маълум мегардад, ки иҷрои ин қонуну қарор ба таври бояду шояд нест.
Айни ҳол «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011) татбиқ мегардад. Мақсади қабули барномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарорсозӣ ва рушди кирмакпарварӣ, таъмини соҳа бо тухмии хушсифати ватанӣ, мустаҳкам намудани базаи хӯроки кирмак, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва дар ин замина таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми худӣ мебошад. Тибқи барнома ҳаҷми истеҳсоли пилла ба 3000 тонна, пойгоҳи хӯроки кирмак ба 11 миллиону 490 ҳазор бех тут, тухми кирмак ба 60 ҳазор қуттӣ, коркарди 1391 тонна пилла дар дохили мамлакат ва беҳтар намудани сифати тухмӣ ва пилла пешбинӣ шудааст.
Мушкилоти мавҷуда, ки қисме аз онҳо дар мақола зикр гардид, бояд роҳҳои ҳалли худро пайдо кунад, то рушди соҳаи сердаромад ва барои саноати кишвар муҳим таъмин гардад. Шояд зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар боло зикршуда, ҳамзамон таҳия ва қабули қонунҳои нави мукаммал низ ба миён омадааст?
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»