Дароз намудани дасти кумак ба шахсони ниёзманд аз анъанаҳои миллати мост. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш пайваста таъкид мекунад, ки дастгирии шахсони ниёзманд амали басо савоб аст.
Фарангис Ҷумъахонова ҳамагӣ ҳаштсола аст. Дар беморхона модар бо машаққат ӯро ба дунё меорад ва худ чанд муддат дар ҳолати вазнин бистарӣ мешавад. Ҳангоми ба дунё омадан устухони пойи Фарангис беҷо мешавад ва ин нуқсон то раҳгардон шуданаш ноаён мемонад. Баъди ташхис духтурон аниқ намудаанд, ки устухони пойи чап осеб дида, дар ҳолати сари вақт ҷарроҳӣ накардан, кӯдакро аз пойи равон маҳрум мекунад. Волидайн барои табобати фарзанд тамоми даромадашонро сарф намуданд. Баъди ду ҷарроҳии пай дар пай дар Федератсияи Россия натиҷае ба даст наомад.
Охирин умеди волидайн ин ҷарроҳии Фарангис дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон мебошад. Барои ин ҷарроҳӣ 10 ҳазор доллари ИМА зарур аст. Ҳангоме ки волидайни Фарангис аз тариқи сомонаҳои интернетӣ барои дарёфти маблағ муроҷиат намуданд, аз ҷониби шахсони саховатпеша барои Фарангис фонди махсус кушода шуд. Хоҳишмандон метавонанд ба суратҳисоби ин фонд маблағи заруриро гузаронанд. Аллакай барои кумаки Фарангис аз ҷониби шахсони саховатпеша иқдомҳо амалӣ шуда истодааст. Масалан, моҳи феврали соли ҷорӣ консерти хайриявие дар бинои «Vefa Centre» баргузор гардид, ки як қисми маблағи аз он бадастомада барои ҷарроҳии Фарангис равона мегардад. Ҳангоми суҳбат бо Фарангис инсон дарк мекунад, ки дунёи хаёлоти тифлонаи ӯ бекарон аст. Дар рафти суҳбат ӯ ба баргузоркунандагони консерти зикршуда арзи сипос намуда, минҷумла гуфт: «Ман барои шумо ташаккури зиёд мегӯям, зеро шумо ба ман имкони солим зиндагӣ карданро фароҳам меоред. Ман ҳамаатонро хеле зиёд дӯст медорам ва ҳамеша барои саломатӣ ва муваффақиятҳои шумо дуо мекунам». Умед бар он мебандем, ки маблағи зарурӣ барои ҷарроҳии Фарангис Ҷумъахоновна дар вақтҳои наздик ҷамъ мешаваду ӯ ҳар чӣ зудтар шифои комил меёбад.
Д. ПАЙШАНБИЕВА, донишҷӯи ДМТ