Дар Шарқ дину ақл ба ҳам ҷанг мекунанд

№52 (3532) 21.04.2016

Ҳаводиси охири ҷаҳон далели возеҳи онанд, ки бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат шиддат пайдо намуда, ба раванди муттасил табдил ёфтааст. Биноан, ҳамватанонро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, то «бозича»-и дасти дигарон нагарданд.

Шоҳиди ҳол ҳастем, ки  дар ҷаҳони муосир бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба марҳилаи сифатан нави худ ворид гардида, ҳамрадиф бо роҳу усулҳои дигар, воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфтааст. Эътироф бояд кард, ки дар сурати оқилона, бамаврид, фаврӣ ва нишонрас истифода шудани омилҳои фавқ   бартарии ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани ин ё он иқдом таъмин мегардад. Замоне буд, ки инсонҳо ба воситаи камону тир ва танку тӯп бо ҳам мубориза мебурданд. Айни замон ҷойгоҳи онҳоро идеология ба таври чашмрас танг намудааст ва дар аксар  маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибонашон маҳз ҳамин силоҳ истифода мешавад. Сарфи назар аз пешравиҳои зиёд, мушоҳида мегардад, ки аксари ба ном «коршиносони мустақил» зимни пешниҳоди шарҳи масъалаҳои гуногун ҳақиқати ҳолро сарфи назар мекунанд. Хандаовар аст, «дар замоне, ки ба маҳ бояд рафт» ин нафарон бо нуктагирӣ ба камбудиҳои ҷузъӣ, ки дар дилхоҳ кишвар мавҷудияташон амри маъмулист, машғуланд. Чунин муносибат зарбулмасали халқиро, ки нотавонбин бинобар наёфтани айб «думи сагатон каҷ» гуфтааст, ба хотир меорад. Пештар зимни шарҳи масъалаҳои барояшон «зарур» ин «бузургон» ҳатто нафарони марҳумро бо вуҷуди ба кишвари мо умуман рабт надоштанашон, таҳқир намуда, Муаамар Қаззовӣ ва Саддом Ҳусейнро диктатор меномиданд. Вале, бо гузашти вақти на он қадар зиёд, собит гашт, ки нафарони мазкур ҳамон гунае, ки аз ҷониби «баъзе»- ҳо зикр мешавад, набуда, баръакс, қурбонии сиёсат ва манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳон шудаанду ин мамлакатҳо (манзурам Ливия, Миср, Ироқ, Сурия, Яман, Украина ва ғайра мебошанд) на шумори кишварҳои пешрафтаи демократӣ, балки рӯйхати минтақаҳои даргири оламро зиёд намуданд. Хушбахтона, ҳамватанони  мо «шаҳди»-и ин гуна «ғамхориҳо»-ро хеле барвақт чашиданд ва хуб медонанд, ки «чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ». Даст рӯи сина ниҳода, мардонавор бояд эътироф намоем, ки хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он баъзе кишварҳо ва гурӯҳҳои алоҳида «равған мерехтанд», аз вартаи нобудӣ  раҳо бахшидани мамлакат, дар як муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохтори фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ ва ғайраҳо на ба ҳар шахсият муяссар мегардад. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дорад ва қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор бинобар надоштани роҳбаре чун Эмомалӣ Раҳмон ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки айни замон дини мубини ислом барои гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва ашхоси алоҳида ба василаи расидан ба ҳадафҳои ғаразнок табдил ёфта, васеъ истифода мешавад. Онҳо мехоҳанд мақому манзалати ин дини покро коҳиш дода, назари ҷомеаи ҷаҳонро ба пайравони он манфӣ созанд. Яқин аст, ки чунин мақсадҳои нопок амалӣ намешаванд, зеро ин дини ҳақ дар ҳимояи Худованд аст. Омӯзиши масъалаи мавриди назар собит намуд, ки дастгириҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дини мубини ислом аз минбарҳои баландтарини олам беназир ва арзандаи арҷгузорист. Роҳбари давлати Тоҷикистон аз аввалин нафароне маҳсуб мешавад, ки ба терроризму экстремизм нисбат додани дини исломро қатъиян маҳкум намуда, хостори тавсеаи ҳамкориҳо миёни давлатҳои мусалмонӣ гашта буд. Мутааcсифона, сарфи назар аз иқдомоти амалишуда, то ҳанӯз дар баъзе ҳолатҳо терроризму экстремизм бо дини мазкур муродиф арзёбӣ мегарданд, ки боиси нигаронӣ ва андешидани чораҳои дахлдор аз ҷониби мусалмонон бояд бошад. Таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора – пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, аланга задани оташи ҷанги бародаркуш, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро  ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша ҳушёру омода бошем. Пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ бо донишу фарҳанги воло ба воя расидани насли  наврас андешидани тадбирҳои муассир ногузир аст.

 

 

 

Табиист, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост. Зеро, «вақте, ки халқ тираақл аст, идора карданаш осон аст». Вале бояд дарк намуд, ки зери ин ҳама омилҳои ҷузъӣ , ки «хам-хам рафтани сайёдро баҳри қатли мурғон» шабеҳ аст, мақсадҳои муғризона нуҳуфтаанд. Агар ба вазъи сиёсии олам таваҷҷуҳ зоҳир  намоем, пас тамоми табаддулоте, ки чанд соли охир дар кишварҳои мусалмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳои динӣ ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Чун амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари давлатҳои абарқудрат маҳз он кишварҳоеанд, ки мардум ба ақидаҳои динӣ майли бештар доранду зудбоваранд.  Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини Ислом мебошанд, бозигарони геополитикӣ  аз хурофот ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода менамоянд. Сиёсатшиносон дар заминаи далелҳои асоснок собит намуданд, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро ба таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст.  Ба маънии дигар:

Дар Шарқ дину ақл ба ҳам ҷанг мекунанд,

Дар Ғарб ҳар ду хизмати фарҳанг мекунанд.

Вале дар ҳамин ҳол, давлатҳои  қитъаи Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми бештари сокинонашонро мусалмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедиҳанд, ки онҳо  дар ҷодаи  эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд. Зеро, ин кишварҳо агар рӯй ба дунявият биёранд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ  дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёрбудаи ин мамлакатҳо барои амалисозиии ниятҳои  нек, ки моҳияти бунёдкориву созандагӣ доранд, равона мегардад.  Табиист, ки чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест. Чунки онҳо мехоҳанд мусалмонон ҳамеша машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯи кор омадааст, бошанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки дар сурати зиёд гардидани таъсири созмонҳои динӣ дар дилхоҳ кишвар рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани  мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва дигар амалҳои номатлуб  ҳодисаи маъмулӣ хоҳад буд.

Овардани абёти Аллома Иқболи Лоҳуриро бамаврид медонам, ки гуфта буд:

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Қуввати Мағриб аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ ҷароғаш равшан аст.

Дар маҷмӯъ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, боло бурдани ҳисси худшиносии шаҳрвандон ва  таҳкими Ваҳдати миллӣ бояд масъалаи меҳварии кору зиндагии мо бошад. Зеро маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ  сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам шуд. Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ҳар яки мо дар тарғиби дастовардҳои кишвар, таҳкими  Ваҳдати миллӣ беш аз пеш фаъол бошем.

Далер Мерганов, «Садои мардум»