Буҳрони экологии бамиёномадаро ҳанўз соли 1995 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ба мардуми Тоҷикистон чунин муроҷиат намуда буданд: «Мо ҳамеша ифтихор доштем, ки сарзамини азизи мо — Тоҷикистон табиати бою рангин, иқлими мусоид, хоки ҳосилхез, маъданҳои нодир, ҷангал, марғзорҳои сабзу хуррам дорад. Мо ҳамеша итминон доштем, ки ин замини босаховат ва ин табиати пурфайзу баракат мову наслҳои ояндаи моро мехўронаду мепўшонад. Мо бояд аз он шукрона гўем, ки ҳамин обу хоки бафайз ва ҳамин табиати босаховат дар мушкилтарин рўзҳои ба сарамономада баракату раҳматашро аз мо дареғ надошт».
- Мутаассифона, ҳангоми сафарҳоям ба минтақаҳою ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ манзараҳоеро мебинам ва маълумотеро мешунавам, ки касро ба ташвиш меоварад, — навиштаанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаашон ба халқи Тоҷикистон.
Ҷангалзорҳо бераҳмона бурида мешаванд, ҳазорҳо гектар замини ҳосилхез бо сабаби нодуруст истифода кардан гирифтори эрозия ва хўрдашавӣ гардидаанд. Ҳатто боғҳои ҳосилдиҳанда, ниҳолу дарахтони оромгоҳҳо барин ҷойҳои муқаддас несту нобуд шуда истодаанд, ки ин амали зишту носавоб ҳеҷ гоҳ ба мардуми бофарҳанги мо хос набуд. Охир ҳикмати халқ аст, ки инсон дар зиндагӣ бояд аз худ се нишона: фарзанди нек, хона ва ниҳоли боровар боқӣ гузорад.
Ин ҳолатро ба назар гирифта, 21 сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиат карда, иброз намудаанд, ки Тоҷикистон кишвари ҳамаи мову шумо, якто ва беҳамтост, он Ватани гузаштагон, имрўзиён ва ояндагони мост. Биёед, сарзамини худро эҳтиёт кунем, ҳар дарахт, ҳар гиёҳу бутта ва ҳар ваҷаб хоки он бояд барои мо азиз бошад. Таъсири нодурусти инсон ба олами набототу ҳайвонот сабабгори он гардид, ки бисёр намудҳои набототу ҳайвонот миқдоран кам ва баъзеашон ба дараҷаи нестӣ расида, ба «Китоби сурх» дохил шуда, муҳтоҷи нигоҳдорӣ мебошанд. Ба «Китоби сурхи Тоҷикистон», ки соли 2015 ба табъ расид, 267 намуди наботот ва 222 намуди ҳайвоноти Тоҷикистон дохил шудааст. Аз ин рў, барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ 22 сентябри соли 2010 Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар машварати сатҳи баланди Маҷмааи Умумии СММ суханронӣ карда, иброз намудаанд, ки кўҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бойи гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, растаниҳои ороишӣ, маҳсулоти табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад. Дар асоси ин захираю имконот навъҳои нави селексионӣ ва зотҳои навро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Дар бисёр марказҳои ҷаҳонии коллексионии захираҳои генетикӣ навъҳои генетикие маҳфузанд, ки дар кишвари мо ёфт шудаанд. Қисми зиёди ин боигарӣ барои навъҳои сершумори фоиданоки озуқаворию шифобахш асос гузоштааст. Сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурди Тоҷикистон олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан ду фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад.
Ба шарофат ва саъю кўшишҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба беҳдошти вазъи экологии мавзеъҳои табиии махсусҳифзшаванда, нигоҳдории захираҳои генетикӣ ва умуман гуногуннавъии биологӣ равона гардидаанд, имкон фароҳам омадааст, ки талафоти гуногуннавъии биологиро пешгирӣ ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто саршумори навъҳои нодири ҳайвонот – оҳуи қашқа, ҷайрон ва бабри барфиро барқарор намоем. Дар асоси далелҳои илмӣ Пешвои миллат иброз намуда буданд, ки захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд ва тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигоҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати трансмиллӣ доранд ва на фақат барои кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд, зеро нест шудани ҳар навъи набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.
Бо дарназардошти нақши назарраси кўҳистони Тоҷикистон дар нигоҳдории захираҳои биологӣ ва аҳамияти бузурги онҳо дар ташаккулу бақодории иқлими минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ба он наздик Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ пешниҳод намуданд, ки ин созмони бонуфуз якҷоя бо дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Маркази минтақавии кўҳистонии гуногуннавъии биологиро таъсис бидиҳад. Бидуни шак, чунин иқдом ба пайдоиши яке аз марказҳои муҳимтарини тадқиқоту идораи гуногуннавъии биологии кўҳӣ дар сатҳҳои минтақавӣ, субминтақавӣ ва глобалӣ сабаб хоҳад гашт.
Асри ХХ садаи дастболоии инсон нисбат ба табиат, мўшикофии ў, нишондиҳандаи қудрати инсон дар кашфи муъҷизаҳо буд. Инсон дар ин айём ба он ноил гардид, ки мушкилоту муаммои зиёди оламро ҳал созад, аммо ў табиат – модаре, ки ўро дар оғўши худ миллионҳо сол парварида, ба камол расонид, инсони кашшоф сохт, фаромўш намуд. Инсоният баробари ин, забони махлуқоти дигар – ҳайвону набототро низ аз ёд бурд. Ҳикмати пешиниёнро, дар он бора, ки «Сино бо сабзаву гиёҳҳо сухан мекард» низ ба гўшаи фаромўшӣ супурд. Ба ибораи дигар, дар асри ХХ инсон кўшиш намуд бо қонунҳои сунъӣ бизияд, аммо сабабгори бисёр бадбахтиҳо гардид, зеро ў ҳаққи намаки табиатро фаромўш кард.
Бетаъсиру зараровар будани доруҳои сунъӣ қисми зиёди мардумро водор намудааст, ки ба усули бобоӣ ба муолиҷа гузашта, рў ба гиёҳу сабзаҳо оранд, вале чунон ки гуфта шуд, мо забони сабзаву гиёҳҳоро фаромўш карда, ҳатто намедонем, онҳо чӣ ном доранду кадоме заҳр, кадоме позаҳр, кадоме давои мову кадоме боиси бемории мо аст.
Тоҷикистон макони намудҳои гуногуни наботот буда, дар ҳудуди он 4513 намуди растанӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 840 намуди ин растаниҳо эндемики ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Олами набототи мамлакатро растаниҳои худрўи ғизоӣ, доруворӣ, ороишӣ, даббоғӣ, саноатӣ, хўроки чорво ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. Дар байни набототи муфиди кишвар растаниҳои ғизоӣ мавқеи асосиро мегиранд. Аз қадимулайём халқи тоҷик сиёҳалаф, модел, гўши бузак, ҷағ – ҷағ, шулха, хурёк, вешим, чукрӣ, торон, сири кўҳӣ, пиёзи анзур, кўҳпиёз, камч, ров, рошак, каструф, зира, корав, чуқола, кокотӣ, чулингон, ҳолмон, дўлона, кавар, қот, зирк, карафс, сўзанак, вағнич, мулкак, ки шумораашон бештар аз 415 намуд мебошад, истеъмол мекунанд. Солҳои қаҳтӣ кинг, тотинг, лух, куға, зағалла, рок, рова ва ғайра, ки решаашон то 60 фоиз оҳар дорад, ғизои асосии мардуми кўҳистон буд.
Ҳифзи олами наботот яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва умдатарини имрўза буда, на фақат олимонро, инчунин инсонияти тараққипарварро ба изтироб овардааст. Растанӣ яке аз унсурҳои асосии биосфераи замин буда, онро фаъолияти хоҷагидории инсон пурра фаро гирифтааст, ки пурзўртарин омили тағйироти экологии муҳит гаштааст. Ҳоло дар натиҷаи таъсири омилҳои антропогенӣ набототи кураи замин хеле дигаргун шудааст, сохти он тағйир ёфта, номураттаб гардида, бисёр навъҳои растанӣ дар вазъи тоқатнопазир мебошанд. Маълумоти зиёд аз он далолат мекунанд, ки ҳар як намуди растанӣ дар рўи замин мавқеи таърихӣ ва ҳаётӣ дорад ва барҳам хўрдани ҳар кадоми онҳо талафи ислоҳнопазир аст.
Ахиран дар натиҷаи аз ҳад зиёд ва бетартибона чидан ва дигар фаъолиятҳои хоҷагидории инсон сабабгори аз ҳад кам шудани майдонҳои сабзиши растаниҳои ғизоӣ ва давоӣ гаштааст. Аз вешимзор, торонзору зиразор, зағосазору арчазор, бурсистону чукривараи солҳои пешини Тоҷикистони азиз фақат ном мондааст. Барои ин зарур аст, ки ҳар чӣ тезтар майдонҳои сабзиши онҳоро ҳифз, барои барқарор намудани ҷамоаҳои табиии ин гиёҳҳои ҷонбахш парваришгоҳҳо таъсис дода, онҳоро ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил намоем.
Ба ибораи дигар:
Чу худ хўрдаӣ барги пешинагон,
Дарахти пасояндагонро шинон.
Мутмаинам, ки суханони зерини Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бояд шиори зиндагии мову шумо бошад: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рўи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кўҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гўшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем, месазад, ки шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш кунем ва ин ҳама дороияшро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигоҳбон бошем».
Мирзомурод САИДОВ, сардори Маркази илмӣ – тадқиқотӣ ва маърифати экологии назди факултети биологияи ДМТ