Дар семоҳаи якуми соли 2025 даромади умумии сохторҳои соҳаи алоқаи барқӣ аз ҳисоби корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо операторон ва провайдерони хусусӣ 1 миллиарду 110 миллиону 586 ҳазору 505 сомониро ташкил дод.
Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 5,3 миллион нафар муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд. Шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 4,9 миллион нафар (53,8%)-ро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 4,7 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд.
Дар ин хусус 21 апрели соли ҷорӣ сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи якуми соли 2025-и ин ниҳод иттилоъ дод.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»