Ҳифзи муҳити зист

«Даштиҷум» мақбули сайёҳон хоҳад гашт, агар…

№ 18.08.2022

ДаштичумҶумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати масоҳат нисбат ба дигар кишварҳо хурдтар бошад ҳам, аз ҷиҳати захираҳои об ва гуногунии олами ҳайвоноту наботот бой аст. Қариб нисфи ҳудуди кишвари моро баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ташкил медиҳад. Ҳарчанд масоҳати  Тоҷикистон аз Туркманистон қариб 3,5 маротиба хурдтар бошад ҳам, дар ҷумҳурии мо рустаниҳои гулкунанда 2,5 маротиба бештар вомехӯранд.

Дар мамлакат беш аз 5000 намуди рустаниҳои олӣ мерӯянд. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ зиёда аз 400  намуд рустаниҳои шифобахши Тоҷикис­тон дар тибби мардумӣ ва тадқиқоти илмӣ истифода бурда мешуд. Аз рӯи маълумоти муҳаққиқон Г. Сапожников ва Х. Муҳаб­батов, ҳар сол 20 тонна рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон, ба монанди кокутӣ, чойкаҳак, настаран, газна, барги зуф, пудина ва ғайра дар саноати дорусозии Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди истифода қарор мегирифт.

Мувофиқи маълумоти олимони мазкур, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 намуд ширхӯр, 365 намуди  паранда, 49 намуди хазанда, 40 намуди моҳӣ, зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Бо мақсади ҳифзи олами набототу ҳайвонот дар давраи шӯравӣ дар ҷумҳурӣ 14 мамнӯъгоҳи давлатӣ таъсис дода шуда буд, ки яке аз онҳо «Даштиҷум» мебошад.

Сабабҳои  таъсисёбии мамнӯъгоҳ

Аз соли 1961 як гурӯҳ олимони Шуъбаи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ (ООПИПР) — и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) бо мақсади омӯзиши тарзи зиндагӣ ва роҳҳои афзункунии бузи   пармашох (морхӯр), ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯ ба нестшавӣ оварда буд, дар мавзеи Даштиҷуми собиқ ноҳияи Ленинград (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) корҳои тадқиқотиро оғоз намуданд.

Ибтидои солҳои 80- уми асри гузаш­та муҳаққиқи Институти зоология ва парази­тологияи Академияи илмҳои Тоҷикис­тон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), номзади илмҳои зоология Искандар Икромов дар  мавзеи мазкур корҳои илмӣ — тадқиқотӣ бурда, муайян намуд, ки саршумори бузи пармашох (морхӯр), гӯсфанди бухороӣ (уриал), хирси тиёншонӣ, бабри барфӣ (озодапаланг) ва дигар ҳайвоноти ин минтақаи ҷанубии кишвар рӯ ба камшавӣ овардааст. Олим пешниҳод намуд, ки бо мақсади ҳифзи ҳайвоноту рустаниҳои нодири минтақа дар қисмати ғарбии мавзеи Даштиҷум   мамнӯъгоҳи давлатӣ таъсис дода шавад. Хулосаи олими тоҷикро Шуъбаи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои та­биии Академияи илмҳо (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ва Кумитаи  давлатии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, пешниҳодро ба Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ ирсол намуданд. 7 сентябри соли 1983 бо Қарори Шӯрои Вазирони собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (№273) бо мақсади муҳофизат ва нигоҳубини олами набототу ҳайвоноти нодир мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» таъсис ёфт, ки масоҳати он 19 ҳазору 700 гектарро дар бар мегирад.

Мутахассис оид ба илми мамнӯъгоҳ Мамадшо Қодиров, ки аз оғози таъсиси он фаъолият дорад, иброз намуд, ки дар оғози фаъолияти мамнӯъгоҳ саршумори бузи  пармашох 60 сарро ташкил медод. Сипас, дар заминаи дастгирии молиявӣ, ҳавасмандкунии мутахассисон ва бурдани назорати қатъӣ саршумори бузи пармашох то соли 1991 ба 1100 сар расид.

Мутаассифона, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бинобар зиёд шудани шахсони силоҳдор, назорати пурраи мамнӯъгоҳ душвор шуда, саршумори ин ҷонвари нодир рӯ ба камшавӣ овард.

- Пас аз барқароршавии сулҳу оромӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба сарватҳои табиии кишвар бештар шуд. Натиҷаи чунин дастгирию таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо буд, ки саршумори бузи пармашох дар мамнӯъгоҳ  ба 811 сар расид, — гуфт Мамадшо Қодиров.

Дар машварате, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Экосистемаҳои Мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» чанде пеш баргузор гардид, директори он Баҳодур Икромов  чунин гуфт:

- Мамнӯъгоҳ дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар интиҳои ҷанубу ғарбии силсилакӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ бо қисми ҷараёни рости дарёи Панҷ, аз тарафи рости соҳил дар баландии аз 700 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, ҳудуди он аз шимол ба ҷануб 18 километр ва аз ғарб ба шарқ 25 километр тӯл кашидааст.

- «Даштиҷум» дар Осиёи Марказӣ ягона мамнӯъгоҳест, ки дар он дар ҷаҳон калонтарин намуди бузи пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), бабри барфӣ (озодапаланг, ирбис), намудҳои нодири олами наботот, аз қабили писта, зираи бухороӣ, бодоми Вавилов, олуи дарвозӣ, пиёзи кӯҳӣ, камол ва ғайра дучор мешаванд. Аз 233 намуди ҳайвоноти дар мамнӯъгоҳ мавҷудбуда 17 намуд, аз ҷумла кӯршапараки гӯшкалон, хирси  малла, гурбаи туркистонӣ, бабри барфӣ, бузи  пармашох, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, лаклаки сиёҳ, бургут, уқоби ришдор, уқоби морхӯр, лочин, мори кубро (кобра) ва ғайра ба «Китоби Сурх» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон  дохил шудаанд,- гуфт Баҳодур Икромов.

Қобили қайд аст, ки олами ҳайвоноти бесутунмуҳраи мамнӯъгоҳ низ хеле бой ва гуногун буда, дар он зиёда аз 3000 намуди ҳашарот вомехӯранд.

«Даштиҷум» ягона муассисаи илмӣ- тадқиқотии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, ки вазифаи кормандонаш ба ғайр аз ҳифзи олами набототу ҳайвонот, инчунин тайёр намудани  мутахассисони соҳа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати ғамхоронаи онҳо ба олами ҳайвоноту набототи диёрамон мебошад.

Мамнӯъгоҳро бояд бештар муаррифӣ кард

Ҳоло дар ҷаҳон  кам мавзеъҳое вомехӯранд, ки дар онҳо ҳайвоноти нодир, аз қабили морхӯр, уриал, бабри барфӣ, уқоби ришдор ва ғайра мавҷуд бошанд. Хушбахтона, ин ҷонварон дар мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Даштиҷум» вомехӯранд. Мамнӯъгоҳ беҳтарин мавзеъ барои саёҳати экологӣ (экотуризм) ва аккосии ҳаёти вуҳуш (фотоохота, wildlife photography) ба шумор меравад. Аз ин рӯ, барои рушди сайёҳӣ якчанд пешниҳод доштам:

Якум, барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, пеш аз ҳама, иттилоот ва филмҳои кӯтоҳ ба забонҳои  англисӣ, арабӣ, хитоӣ, испанӣ, олмонӣ ва ғайра зарур аст. Иттилооти мазкурро дар интернет ва ба шакли китобчаҳои ранга таҳия намуда, ба воситаи намояндагиҳои дипломатии кишварамон  дар хориҷа паҳн бояд кард. Хароҷоти матолиби иттилоотӣ зимни афзудани ташрифи сайёҳон ба зудӣ ҷуб­рон хоҳад шуд.

Дуюм, роҳи самти мамнӯъгоҳро мумфарш бояд кард. Аз шаҳри Душанбе то  мамнӯъгоҳ масофа 240 километр аст, вале бинобар харобии роҳ онро дар 5,5- 6 соат тай кардем. Алалхусус баъди баромадан аз ҳудуди ноҳияи Восеъ вазъи роҳ хеле хароб аст.

Сеюм, бо ҷалби аҳолии деҳоти дар наздикии роҳи мазкур  маскунбуда, дар атрофи роҳ ниҳоли дарахтони тут, савда ва сӯзанбарг шинонидан лозим. Зеро тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дарахти тут ба камобӣ тобовар буда, дар ҳифзи  замин аз бодхӯрдашавӣ нақши муҳим мебозад. Инчунин, дар офтоби сӯзони тобистон мусофирону ронандагон зери сояи дарахт каме дам мегиранд.

Чорум, барои беҳтаршавии вазъи молиявии мамнӯъгоҳ ва ҳавасмандии кормандон фаъолияти хоҷагидориро дар он вусъат бояд дод. Аз ин амал ҳолати нигоҳубини ҷонварон низ беҳтар хоҳад шуд. Зеро чанд соли охир, бинобар тағйирёбии иқлим, баҳор кӯтоҳу камбориш омада, тобистон  хеле гарм шуда истодааст. Агар ин раванд идома ёбад, эҳтимоли он мавҷуд аст, ки ҳайвоноти нодир ҷои зисташонро тағйир диҳанд.

Бо мақсади паст кардани оқибатҳои  гармшавии иқлим дар мамнӯъгоҳ бештар ниҳоли дарахтони писта, чормағз, бодом, тут, олуболу, зардолу ва ғайра шинонидан лозим аст. Як қисми ин меваҷотро барои ҳавасмандии кормандон метавон ҷудо кард ва қисми боқимонда ғизои ҳайвоноту парандагон хоҳад шуд. Ҳоло дар мамнӯъгоҳ 15 ҳазору 20 гектар замини холӣ мавҷуд буда, имкони васеъ кардани майдони  дарахтзор зиёд аст.

Дар ҷойҳои бо об таъмин метавон кишти юнучқаю гандуму ҷавро ба роҳ монд.  Зеро бинобар кӯтоҳ будани фасли баҳор алафҳои табиӣ зуд хушк мешаванду ҳайвоноту парандагон тирамоҳу зимистон аз  набудани хошоку дон азият мекашанд. Дар сурати мавҷуд будани захираи кофии дону хошок имкон пайдо мешавад, ки зимистон бо мақсади пешгирии талафёбӣ ба ҷонварон ғизои иловагӣ дода шавад.

Панҷум, хок ва иқлими мамнӯъгоҳ барои  нашъунамои писта мувофиқ аст. Агар бо истифода аз дастгоҳи обёрикунандаи «Ватербокс» пистазор васеъ карда, як қисми он ба фурӯш гузошта шавад, аз ҳисоби даромад вазъи молиявии мамнӯъгоҳ беҳтар шуда, барои харидани техника, аз қабили нақлиёти кӯҳгард, мошини сӯхторхомӯшкунанда, таҷҳизоти офтобии барқдиҳанда ва ғайра имкон фароҳам меояд.

Шашум, дар  мамнӯъгоҳ  бо ҷалби асалпарварон оилаҳои занбӯри асалро зиёд бояд кард. Зеро занбӯри асал дар баробари истеҳсоли маҳсулоти қиматбаҳои давоӣ, инчунин гардолудкунандаи  асосии гиёҳҳо ва буттаю дарахтон ба шумор меравад. Рушди занбӯриасалпарварӣ низ ба нафъи фаъолияти  мамнӯъгоҳ хоҳад буд.

Ҳафтум, бо мақсади рушди сайёҳӣ дар назди мамнӯъгоҳ фурӯши  маҳсулоти  ҳунармандони деҳотро ба роҳ бояд монд. Ба ин восита сайёҳон  чумчаю кафлез, табақҳои чӯбин, маҳсулоти  дӯзандагӣ ва ғайраро харидорӣ хоҳанд кард.

Алҳол ҶДММ «Морхӯр» ба кормандони мамнӯъгоҳ сарулибоси корӣ ва сӯзишворӣ кумак мерасонад, ки шоистаи таҳсин аст. Агар сафи чунин ғамхорони табиати кишвар зиёд шавад, муаррифии сарватҳои  мамлакат низ беҳтар хоҳад гашт.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»