Соли 2014-ро дар робита ба истиқболи густурда аз 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ метавон Соли Мавлоно Ҷомӣ дар таърихи муосири Тоҷикистони навин номид.
Воқеан ҳам соли 2014, ки чун соли басо пур аз файзу барор дар саҳифаҳои таърих сабт мегардад, саршор аз чорабиниҳои фарҳангӣ буд. Вале месазад таҳлили дастовардҳои намоёни соли 2014-ро аз нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ оғоз кунем.
Боиси қаноату хушнудӣ аст, ки рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳам фарҳангии Тоҷикистон дар соли 2014, сарфи назар аз ҳама мушкилу монеаҳои мавҷуда, хусусан таъсири манфии омилҳои берунаи буҳронӣ, босуботу бонизом буд. Танҳо овардани ин далел, ки дар соли 2014 барои ҷалби қариб 10 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим аз ҳамсоякишвари Хитой ба Тоҷикистон заминаи қарордодию ҳуқуқӣ гузошта шуд, кофӣ аст, ки ин солро соли заминарезӣ барои рушди босуръати иқтисодӣ дар ояндаи наздик биномем. Ба далели густариши бесобиқаи ҳамкорӣ бо кишвари бузурги Хитой соли 2014-ро ҳамчунин метавон соли қадамҳои устувор дар эҳёи Шоҳроҳи Абрешим номид.
Дар соли 2014 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 45,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,7 фоизро ташкил дод. Буҷети давлатӣ дар соли 2014 дар сатҳи 102 фоиз иҷро гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2013-ум 12 фоиз зиёд шуда, ба 23,8 миллиард сомонӣ баробар шуд ва пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо 21 фоиз афзоиш ёфт. Сатҳи таваррум дар доираи меъёри барномавии пешбинишуда ва ҳатто камтар аз он нигоҳ дошта шуд. Соли 2014 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойҳои нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис ёфтанд.
Гузашта аз ин, қарзи берунаи Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар даҳ соли охир 1,7 баробар кам шуд ва ҳоло 22,8 фоизи онро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин дастовардҳо боиси аз 35,6 ба 32 фоиз поён рафтани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Вусъати бунёдкорию созандагӣ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соли 2014 ба чашм мерасид. Аллакай рӯзи 10-уми январ агрегати якуми Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо иқтидори 50 мегаватт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар мавсими норасоии неруи барқ ҳадяи пурарзиш буд.
Якуми марти соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи 3000-солагии Ҳисор оғоз бахшид, ки дар майдони се ҳазор гектар доман паҳн хоҳад кард.
13 март бошад, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба бунёди боз як боғи нав асос гузошта шуд, ки дар майдони беш аз 600 гектар доман паҳн мекунад ва дар он беш аз 1200 нафар соҳиби кор мешаванд.
Бо фаро расидани айёми баҳор ва рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷаста корҳои ободонию созандагӣ чун анъана вусъати тоза пайдо намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тантанаҳои созандагии вобаста ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳусни оғоз бахшид. Ба ин муносибат рӯзи 19 -март нахустбиноҳои мактаби нави №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Биноҳои нави ин мактаб бо тарҳи хеле зебои замонавӣ ва беҳтарин шароити таълимӣ барои 2700 хонанда дар ду баст бо харҷи 29 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст. Кунун мактаб аз панҷ бинои таълимӣ, ки сетоаш чорошёна, яке сеошёна ва панҷумаш дуошёна мебошад, иборат аст.
Яке аз ин биноҳо Маҷмааи махсуси варзишӣ мебошад, ки дорои ҳавзи шиноварӣ (25х11метр), толори универсалии варзишӣ (15х24 метр), толор барои тенниси рӯи миз ва ошхона бо 192 ҷойи нишаст мебошад.
Дар хиёбони Синои пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони даҳ бинои аз 16 то 18-ошёна шинос шуд, ки аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили дастрас» бунёд меёбад ва дар онҳо 900 оила соҳиби хона мешаванд.
Дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои 12-ошёнаи дорои 150 ҳуҷра мавриди истифода қарор гирифт.
Бегоҳии рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави «Наврӯзгоҳ», ки дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд.
Мулоқоти навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли зиё, ки ба анъанаи накуи наврӯзӣ табдил ёфтааст, дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор шуд.
Дар боби дастгирии давлатӣ аз эҷоду эҷодкории аҳли зиё, аз ҷумла ёдоварӣ карда шуд, ки дар тӯли танҳо панҷ соли охир дар ҷумҳурӣ 13 қасри фарҳангӣ, панҷ осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дӯконҳои китобфурӯшӣ, инчунин Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10 миллион нусха китоб, Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ тармиму навсозӣ гардид.
Бахши аъзами суханронии Президенти кишвар ба шуҳрати оламшумул ва таъсири судманди осори гаронмояи Мавлоно Ҷомӣ ба аҳли башар бахшида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки «Созмони бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард». Аз ин хотир, соли нави 2014 — «Соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ» эълон карда шуд ва пешниҳод гардид, ки яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва як муассисаи илмию маърифатӣ бо номи ин марди бузург номгузорӣ шавад.
Тантанаҳои марказии Ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзи 21 март дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор шуд. Ба ин муносибат саҳни ҳавлӣ, атроф ва дохили «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ба таври идона ороста шуда буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи мардумони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии ин иди бузург, ки чанд сол ба ин сӯй мақоми байналмилалӣ гирифтааст, сидқан табрик гуфт.
Тантанаҳои марказии Наврӯзи хуҷастаи байналмилалӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Тантанаи бунёдкорию созандагии наврӯзӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Файзобод идома ёфт.
Дар ноҳияи Данғара як мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст ва беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ бо муосиртарин имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат ифтитоҳ ёфт ва ба сохтмони корхонаи муосири ресандагӣ, даҳ бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 444 ҳуҷра ва корхонаи бузурги коркарди нафт бо иқтидори солонаи як миллиону 200 ҳазор тонна оғоз бахшида шуд.
Дар рӯзҳои бузургдошти Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр парафшон карда шуд. Паҳноӣ ва дарозии худи Парчам 7х14 метр аст.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин Маркази таълимӣ ва истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии «Шероз» ва як корхонаи коркарди шир, меҳмонхонаи чаҳорошёнаи «Хуҷанд – делюкс» ба кор дароварда шуд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони Корхонаи саноатии «Ғаюр – Суғдсемент» бо иқтидори лоиҳавии 1,2 миллион тонна сементи навъи 500 дар як сол ва бо 1000 ҷойи корӣ оғоз ёфт.
Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд сохтмони ду корхонаи азими саноатӣ — Комбинати металлургии «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» ва Корхонаи «Чжунгтсай – Табошарсемент» оғоз ёфт.
Тавре зикр гардид, ҳар ду корхона бо харҷи 500 миллион доллари амрикоӣ сохта ва таҷҳизонида шудаанд ва дар онҳо наздики 2,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд, ки наздики 90 фоизи онҳо аз Тоҷикистон хоҳанд буд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Комбинати металлургии «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой»-ро «дувумин корхонаи бузургтарини Тоҷикистон пас аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» номид.
Дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ ва табобатии «Закариёи Розӣ» ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи қариб 2 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Ширкати «аш-Шафар» аз Амороти Муттаҳидаи Араб сохта ва бо таҷҳизоти навтарин аз ширкатҳои олмонӣ, итолиёвӣ ва хитойӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ҳудуди ин шаҳр ба бунёди хатти 220 киловолтаи интиқоли неруи барқи Қайроққум — Ашт оғоз бахшида шуд, ки дарозияш 74 км буда, бо харҷи қариб 65 миллион сомонӣ маблағҳои грантӣ аз Бонки Осиёии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешавад.
Зимни боздиди дуюми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд, ки ба моҳи августи соли 2014 рост омад, як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои базалтӣ, корхонаи тавлиди сангу шағал ва асфалт, корхонаи масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, як меҳмонхона ва як мактаби нав, чанд иншооти варзишӣ ва биною муассисоти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар айёми наврӯзӣ ҳамчунин дар ноҳияи Файзобод бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нав оғоз бахшида шуд, ки дар майдони беш аз 120 гектар замини мавзеи хушбоду ҳавои Дашти Марзои деҳоти «Қалъаи Дашт» доман паҳн мекунад ва дар он асосан ниҳолҳои себу нок шинонда мешавад.
Ҳамин гуна корҳои созандагию бунёдкорӣ давоми соли пурфайзи 2014 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба назар мерасид. Тайи як соли сипаришуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани бузургтарину пураҳамияттарин иншооти нав ва оғози сохтмони чунин корхонаю муассисаҳо се дафъа ба ноҳияи Ҳисор, ду маротиба ба шаҳри Ваҳдат, як дафъагӣ ба ноҳияҳои Файзободу Рӯдакӣ, ду бор ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Чкалов ва Қайроққум ва як бор ба шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, се дафъа ба ноҳияи Данғара, ду дафъа ба ноҳияи Хуросон ва якборӣ ба шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Бохтар, Ҷалолиддини Румӣ, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Қубодиён, Носири Хусрав, Шаҳритуз ва Ёвони вилояти Хатлон сафарҳои корӣ анҷом дода, ҳамзамон бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳои судбахш доир намуд.
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаш гектар гармхонаи муосири сабзавотпарварӣ, корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он ва корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр, як мактаби замонавӣ барои 1280 хонанда дар ду баст ва як шифохонаи хусусӣ бо 100 кати хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар ин шаҳр ба сохтмони се маҷмааи биноҳои истиқоматии аз 9 то 26-ошёна, ки дорои зиёда аз 3000 ҳуҷра хоҳанд буд, варзишгоҳи марказӣ, боғи марказии фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ, майдончаҳои бозию дилхушӣ ва атраксионҳои гуногун ва як мактаб барои 1240 хонанда, як корхонаи бузурги семент ва як маркази илмию истеҳсолии коркарди тухмӣ асос гузошта шуд.
Дар маҳаллаи навбунёди Истиқлоли шаҳри Ваҳдат ба 108 хонаводаи аз заминҷунбии моҳи ноябри соли 2013 бесарпаноҳмонда хонаҳои нав дода шуд ва 250 оилаи хонаҳояшон қисман осебдида соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуданд. 50 фоизи масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ройгон дода мешавад. Дар ин маҳалла ҳамчунин сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 2480 хонанда дар ду баст оғоз ёфт.
Ҷойи таъкид аст, ки соли 2014 дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон вусъати баланди корҳои созандагӣ ба назар мерасид.
Ин кор, хусусан дар ноҳияи Ҳисор, ки мардумаш ба солгарди 3000-ум аз ин минтақаи таърихии кишвар омодагӣ мебинанд, ҷӯшу хурӯш дорад. Зимни боздиди навбатии худ аз ноҳияи Ҳисор, дар моҳи августи соли 2014, Сарвари давлат бо рафти сохтмони варзишгоҳи бузург, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, маҷмааи Мактаби президентӣ ва чойхонаи миллӣ шинос шуд. Президенти кишвар ҳамчунин бо рафти сохтмони қасри фарҳанг, китобхона ва осорхонаи ноҳиявӣ, эҳёи қалъаи Ҳисор ва ҳам навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуда, ду маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонӣ, як бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 72 ҳуҷра ва як корхонаи хишти дорои иқтидори солонаи 80 миллион дона хишти хушсифати пухтаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз чанд хоҷагии кишоварзии ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла аз боғи суперинтенсивии себ, ки нисбат ба боғҳои бобоӣ 3-4 баробар зиёд ҳосил медиҳад, дидан карда, бо корҳои намунавии боғдорӣ ва зироаткорӣ бевосита шинос шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки моҳи сентябри соли 2015 баргузор мегардад, дар ин ноҳия наздики 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд ва маркази он ба як шаҳри ободу зебои замонавӣ табдил хоҳад ёфт.
Бояд тазаккур дод, ки 3000-солагии Ҳисор ба феҳристи санаҳои таърихиву фарҳангии созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст ва он бояд дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол гирифта шавад.
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бинои нави панҷошёна мавриди истифода қарор гирифт.
Дар моҳи сентябри соли 2014, ки пур аз рӯйдодҳои пурарзиш дар татбиқи сиёсати боровари дохилию хориҷии Ҳукумати кишвар буд, ифтитоҳи терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе басо фараҳбахш буд.
Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон доир ба рушди минбаъдаи онҳо тасмимҳои ҷиддӣ гирифта шуд.
Дар ноҳияи Панҷ як меҳмонхонаи муосир, Маркази савдои «Файзи Кабир» ва як коргоҳи дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд.
Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Панҷ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, барои суръат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзун намудани майдони кишти сабзавоти барвақтӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дар ноҳияи Қумсангир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти татбиқи амалии барномаи маҳаллии азхуднамоии заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда шинос шуд.
Тавре зикр гардид, дар доираи ин тадбир дар ноҳияи Қумсангир 6500 гектар замин обёрӣ мешавад ва ё тавассути барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дубора ба гардиши кишоварзӣ ворид мегардад. Барои амалӣ намудани ин тасмим ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Беш аз 80 адад техникаю механизмҳои пуриқтидори заминсозӣ, оббарорӣ ва кишоварзӣ ворид карда шудааст.
Ин кор дар мавзеъҳои Қародуми 1, Панҷи Поён, Шӯркул ва ғайра анҷом дода мешавад. Дар доираи татбиқи ин барнома маҳаллаҳои нави аҳолинишин бо зербинои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу бемористонҳо бунёд ёфта, беш аз 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Аз ҳозир ба ин мавзеъҳо аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар мардум барои кор ва зисти доимӣ ҷалб мешаванд. Аҳолии аз дигар минтақаҳо ба ин ҷойҳо кӯчида солҳои аввал бе пардохти андоз ва дигар имтиёзҳо кору зиндагӣ хоҳанд кард.
Дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба бунёди биноҳои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, асос гузошта шуд.
Тибқи супориши дигари Сарвари давлат беморхонаи деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифта, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда мешавад.
Дар ноҳияи Ҷиликӯл бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи асфалт ва бинои нави беморхонаи марказӣ ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони мактаби муосир барои 640 хонанда дар ду баст оғоз бахшида шуд.
Дар ноҳияи Қубодиён ба сохтмони мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар ду баст, хобгоҳи омӯзгорон ва мактаб-интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз ёфт.
Дар деҳаи Ҳаваскори ин ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами сабзавоткории аҳли хонаводаи ӯ бевосита шинос шуд.
Зимнан аён гардид, ки ҳар як ваҷаб замин дар ин ҷо пурсамар истифода мешавад. Аз ҳамин қитъаи замин аҳли ин хонавода дар як сол се ва зиёда ҳосил мерӯёнанд. Дар як замин ҳамзамон якчанд намуди зироат корида мешавад, ки ҳар яке пайи ҳам пухта мерасад ва дар ҷойи зироати ҷамъоваришуда дигараш кошта мешавад. Танҳо аз бодиринги қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ҳамагӣ 20 садяк аст, онҳо 25 тонна бодиринг ҷамъоварӣ кардаанд. Онҳо ҳамчунин карам, бойимҷон, сабзӣ, қаламфур ва дигар намуди сабзавот парвариш мекунанд.
Заминро онҳо тавассути сохтани гармхонаҳои муваққатӣ чор фасли сол пурсамар истифода мебаранд. Ҳамаи аъзои хонаводаи Тулқун Кучаров ва наздиконаш ризқи фарохи худро аз сабзавоткорӣ ҳосил мекунанд.
Дар деҳаи Ҳаваскор мисли онҳо 200 хонавода будааст, ки бо чунин сабзавоткории намунавӣ машғул шуда, дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза, аз ҷумла сабзавоти зимистона ва барвақтӣ саҳми намоён мегузоранд.
Дар деҳоти «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор» шинос шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, дар ин хоҷагӣ, ки 22 гектар замини корами обӣ дар ихтиёр доштааст, дар 15 гектар пахта ва дар ҳафт гектари он шолӣ кишт намудаанд.
Шолии хоҷагӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум кошта шудааст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ аз ҳар гектари гандум ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва бовар доштанд, ки аз шолӣ ҳам 50 сентнерӣ ба даст меоранд, зеро ҳосили он фаровон буд.
Дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои фаъолияти боғу токпарварони ин мавзеъ ошно гардида, бевосита дар ҷамъоварии себ, ангур ва челон иштирок намуд ва ба кори аҳли заҳмати хоҷагӣ баҳои баланд дод.
Дар маркази ноҳияи Хуросон бинои нави беморхонаи марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи қариб 13 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеративии Германия сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз Ширкати олмони «Сименс» таъмин карда шудааст.
Дар деҳоти «Ҳилолӣ»-и ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии зотпарварии «Саодат» дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард. Дар фермаи зотпарварии ин хоҷагӣ барои парвариши беш аз 1000 сар чорвои калони хушзоти ширию гӯштӣ шароити инноватсионӣ бо технологияи олмонӣ муҳайё карда шудааст.
Дар ҳамин деҳот ҳамчунин корхонаи нави коркарди пахта, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фирдавс Валиев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд, ки бузургтарин чунин корхона дар Тоҷикистон буда, метавонад дар як шабонарӯз 800 тонна ва дар як сол беш аз 60 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд.
Бунёдкорони ин корхона тасмим гирифтаанд, ки ояндаи наздик боз корхонаи равғанкашӣ ва корхонаи коркарди чигити тухмиро таъсис дода, минбаъд бо бунёди силсилаи корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро ба роҳ монанд.
Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Муассисаи давлатии «Хона- интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон» ва як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2400 нафар хонанда дар ду баст ифтитоҳ ёфт.
Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст асос гузошта шуд.
Дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон Корхонаи абрешимресии «Дук» ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад. Ин корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров бунёд ёфта, дар он 50 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, соҳиби кори доимӣ шудаанд.
Корхона бо технологияи муосири хитойӣ муҷаҳҳаз шуда, имкон дорад, ки дар як сол беш аз 70 тонна пиллаи хомро коркард намуда, аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд.
Дар назди ин корхона ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшида шуд. Дар ин корхона 40 нафари дигар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Иқтидори лоиҳавии корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ ҳашт соат беш аз 500 метри мураббаъ атлас истеҳсол шавад.
Моҳи ноябр дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда шуда, ба оғози сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ асос гузошта шуд.
Ҳангоми оғози сохтмони ду корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки яке бо иқтидори 10 ҳазор маҳсулот дар як шабонарӯз то моҳи июни соли 2015 ва дувумӣ то моҳи декабри соли 2015 ба кор медароянд ва беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо тасмим гирифтаанд, ки бо чунин маҳсулот на танҳо бозори дохилии Тоҷикистонро пурра таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Дар деҳоти «Чоргул»-и ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шурӯъ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуриддин Нуралиев бунёд ёфтааст.
Дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна буда, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гачкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи як миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои коғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бунёд хоҳанд ёфт.
Аз ҷониби ин соҳибкорон то моҳи сентябри соли 2015 як мактаби нави замонавӣ ҳам сохта, ба мардуми ноҳия туҳфа карда мешавад. Бо ҳидояти Сарвари давлат онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки пас аз ба кор даровардани корхонаи семент дар ин ноҳия боз як мактаби замонавӣ барои 1300 хонанда дар ду баст ва як толори муосири варзишӣ бунёд намоянд.
Дар беморхонаи марказии ноҳия, ки дар шаҳраки Ёвон қарор дорад, як бинои нави иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин бино бо стандартҳои аврупоӣ, бо таҷҳизоти муосири таваллудхона, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия сохта ва таҷҳизонида шудааст.
Ба иттилои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ин дувумин чунин таваллудгоҳи муосир дар вилояти Хатлон аст. Якумаш дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфта буд. Дутои дигар ҳамин гуна таваллудхонаҳо дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ба кор омодаанд.
Ояндаи наздик дутои дигар ҳамин гуна таваллудхонаҳо бо мақоми вилоятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа сохта мешаванд. Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Германия ҳамин гуна таваллудхонаҳо дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд сохта шаванд.
Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд. Ин маҷмаа дар бинои нави чорошёна бо таҳхона ҷойгир шуда, аз корхонаи ҷӯроббофӣ, корхонаи дӯзандагӣ, маркази савдо ва ошхонаи ҷамъиятӣ иборат аст. Дар ин маҷмаа ҳоло ҳамагӣ 105 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Соҳибкори номбурда бо падару бародаронаш тасмим гирифтаанд, ки корҳои истеҳсолию хизматрасониро дар ин бино ва атрофи он идома дода, дар муддати кӯтоҳ беш аз 600 ҷойи корӣ муҳайё созанд.
Дар деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон мактаби нав барои 640 хонанда дар ду баст ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби Корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳия барои мардуми деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагӣ бунёд гардидааст.
Роҳбари Корхонаи муштараки «Хуаксин Ғаюр Семент» Акбар Ғуломов изҳор дошт, ки то соли оянда боз як мактаби дигар барои 1300 хонанда дар ду баст ва як боғчаи кӯдакона сохта ба истифода медиҳанд.
Дар ноҳияи Ёвон боз як корхонаи коркарди пахта ба кор дароварда шуд, ки дорои иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад. Дар паҳлуи ин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи равғанкашӣ асос гузошт.
Дар ин ноҳия Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ бевосита шинос шуд. Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо аз ҷониби Ширкати хитойии «Ҷинян Инхайи» дар майдони 49 гектар замини корами обӣ 196 гармхона бояд бунёд ёбад. То он рӯз 139-тои он сохта шуда буд. Дар 39 гармхонаи омодашуда помидору бодиринг, қаламфуру бойимҷон ва дигар сабзавот парвариш меёбад. Ҳар як гармхона дар масоҳати 60 метри мураббаъ замин бунёд ёфтааст ва ҳосили интизорӣ аз як гармхонаи помидор ё бодиринг даҳ тонна маҳсулот аст. Ҳадаф аз бунёди ин корхонаҳо пурра таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар фасли зимистон ва аввалҳои баҳор ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар аст.
Дар ин ҷо 125 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд, ки 110 каси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Оянда шумораи коргарон дар ин ҷо то ба 200 нафар расонида мешавад. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин бунёди сардхона барои нигоҳдории 1000 тонна сабзавоти тару тоза ва коргоҳи бастубанди маҳсулот дар назар аст.
Дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори чор гармхонаи дигар шинос шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврӯз Ҷонмаҳмадов бо бародаронаш бунёд ёфтаанд.
Тавре аён гардид, усули кори ин гармхонаҳо дигар аст, вале маҳсули фаъолияташон хуб аст. Чор гармхона дар масоҳати умумии ду гектар бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Ба иттилои бародарони соҳибкор ин хароҷот дар як мавсими ҳосилғундорӣ на танҳо пӯшонда мешавад, балки фоида ҳам ба даст меояд, зеро аз чор гармхона қариб 100 тонна помидору бодиринг ҷамъоварӣ мешавад.
Моҳи октябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанӣ мулоқоти судбахш анҷом дод.
Сарвари давлат афзудани миқдори субъектҳои соҳибкориро дар рушди иқтисодиёти кишвар раванди мусбӣ номида, зикр кард, ки дар чор соли охир шумораи онҳо аз 186,5 ҳазор ба 293 ҳазор расидааст ва афзоиши он дар маҷмӯъ 57 фоизро ташкил менамояд.
Таъкид гардид, ки аз 40,5 млрд. сомонӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии кишвар дар соли 2013 зиёда аз 63 фоизаш ба бахши хусусӣ рост меояд. Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ арзи сипосу қадршиносӣ карда, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд барои боз ҳам беҳтар намудани фазои ҳуқуқии кори онҳо ҷаҳду талош хоҳад кард.
Президенти кишвар вобаста ба таклифу пешниҳодҳои судманди иштироккунандагони мулоқот ба мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Соли 2014 дар ҷумҳурӣ ду санаи муҳими таърихӣ низ таҷлил карда шуд, ки яке солгарди 20-ум аз қабули бахтномаи миллат — Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дувумӣ 90-солагии шаҳри зебои Душанбе буд.
Ба истиқболи 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба тасвиб расид, ки он нисбати зиёда аз даҳ ҳазор гумонбаршудаҳо, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ карда мешавад. Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» амали инсондӯстона буда, барои ба кору зиндагии осоишта ва муҳити оила баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва ислоҳ гардидани онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ба истиқболи солгарди 90-уми пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бошад, даҳҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт ва рӯзи 19-уми октябр ба ин муносибат дар Боғи «Наврӯзгоҳ» карнавали бошукӯҳи идона баргузор шуд, ки дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти олии ҳокимияти давлатии қонунбарор ва иҷроияи Тоҷикистон, меҳмонони сершумор аз дохилу хориҷи мамлакат ва сокинони бешумори Душанбешаҳри нозанин иштирок намуданд.
Моҳи ноябр дар пойтахт се коргоҳи нави Комбинати шири шаҳри Душанбе пас аз навсозӣ ва дубора ба кор даровардани биноҳои бекорхобидаи он бо 152 ҷойи кори иловагӣ ифтитоҳ ёфт. Инҳо коргоҳҳои маҳсулоти ширӣ барои кӯдакон, истеҳсоли панирҳои гуногун ва зарфҳои якбормасрафи пластикӣ мебошанд. Дар ин коргоҳҳо ҳоло 93 намуди маҳсулоти ширӣ ва тамоми намуди зарфҳои пластикии якбормасрафи барои ин маҳсулот зарурӣ истеҳсол карда мешавад.
Ҷойи таъкид аст, ки шаҳри Душанбе солҳои охир бо вусъати назарраси бунёдкорию созандагӣ симои наву зебо ба бар мекунад. Дар кӯчаи Карамови пойтахт зимни шиносоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Маҷмааи универсалии варзишии «Пойтахт-90», аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар майдони қариб даҳ гектари ин мавзеи зебо қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида ва ҳам майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ ва ҳамчунин қасри намудҳои варзиши рӯи ях бо навтарин стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешаванд. Ин маҷмаа дорои толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишӣ мешавад, ки ҳар яке аз 150 то 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон доранд. Аз ҷумла ҳафт майдони омӯзишии теннис ҳар яке 150 ҷойи нишаст ва қасри теннис 3 ҳазор ҷойи нишаст хоҳанд дошт. Қасри калони варзиши обӣ бошад, дорои 2 ҳазор ҷойи нишаст мешавад.
Тавре аён гардид, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои «Ростовгипрошахт»-и Федератсияи Россия бо дарназардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад.
Дар рафти сохтмони ин маҷмааи бузурги варзишӣ аз 1,5 то 2 ҳазор нафар ва пас аз ба кор даромаданаш беш аз 600 нафари дигар бо кор таъмин мегарданд.
Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки қасрҳо ва дигар биною иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш меёбанд, ки ин рамз бозгӯй аз кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон аст.
Дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Майдони теннис бо зербинои муосир ифтитоҳ ёфт.
Майдони нави теннис, ки дар паҳлуи Қасри теннис ва майдони марказии варзишӣ қарор дорад, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Майдони асосии ин маҷмааи варзишӣ дорои се корти теннис ва 2600 ҷойи нишаст мебошад.
Тавре зикр гардид, ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкалов се мактаби махсус оид ба теннис фаъолият доранд, ки дар рушди ин намуди варзиш саҳми намоён мегузоранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба дастпарварони фаъоли мактаби махсуси наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе доир ба теннис туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла лавозимоти бозии теннис, тақдим намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бо ғолиби мусобиқа дар миёни духтарони то 16-сола Анастасия Турсунова чанд лаҳза теннисбозӣ намуда, бори дигар дӯстдори воқеӣ ва тарғибгари фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум будани худро собит намуд.
Дар қисмати ҷанубии пойтахт Маҷмааи корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии хизматрасонии соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва полиграфия, ки аз ҷониби Ширкати хусусии «Фароз» бунёд ёфтааст, аз терминали гумрукӣ, мактаби ронандагӣ, толори варзишӣ, Маркази муоинаи техникии автомобилӣ, маҷмааи нашриётӣ-полиграфӣ, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва фурӯшгоҳ иборат аст.
Яке аз муҳимтарин корхонаҳои ин маҷмаа чопхонаи нашриётию полиграфии «Ганҷ» мебошад, ки ба рушду нумӯъ додани саноати полиграфӣ дар ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли тамоми маводи чопӣ дар дохили кишвар нигаронда шудааст.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази савдои «Пойтахт-90» ифтитоҳ ёфт, ки ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе хеле зебою боҳашамат бунёд ёфтааст.
Чунонки иттилоъ доданд, маҷмааи боҳашамати биноҳои Маркази савдои «Пойтахт-90» бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дар зарфи 22 моҳ бо тарҳу намои зебои зоҳирӣ ва шароити мусоиди хизматрасонӣ дар дохили он бунёд ёфтааст.
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт, ки дуюмин чунин пойгоҳи автоматикунонидаи ҷавобгӯйи талаботи муосири ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе ва панҷум дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад.
Ифтитоҳи Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон»-и Душанбе рӯйдоди арзишманд дар арафаи солгарди 23-юми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар буд, зеро ин нахустин Меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли Осиёи Марказӣ аст.
Меҳмонхона бо харҷи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби Ширкати хусусии «СИ ЭЙ ЧЕЛ»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд шуда, дорои 148 ҳуҷраи зисти дараҷаҳои гуногун мебошад ва барои қабули ҳама гуна меҳмонон, то меҳмонони сатҳи олӣ, пешбинӣ шудааст.
Дар ин меҳмонхона 180 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 95 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Дар арафаи соли нави таҳсил дар маҳаллаи «Шафақ»-и кӯчаи Хуҷамбиёи Поёни шаҳри Душанбе мактаби нави замонавӣ барои 1400 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аввалин мактаби муосири чорошёна бо таҳхона дар шаҳри Душанбе аст.
Зимни охирин сафари дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ноҳияи Данғара рост омад, ба сохтмони маҷмааи азими нассоҷӣ оғоз бахшида шуд, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Дар марҳилаи аввали он, ки бунёди коргоҳи ресандагиро дар назар дорад, беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад.
Дар чор марҳила дар ин ҷо чор корхонаи нав — ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин мешаванд.
Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Хитой буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Америка, кишварҳои аврупоии Италия, Швейтсария, Германия ва аз худи Хитой бунёд меёбад. Намояндагони ҳамаи ин ширкатҳо дар гузоштани санги асоси маҷмаа ва нома ба насҳои оянда иштирок доштанд.
Дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд.
Дар корхонаи бофандагии он ҳангоми бо иқтидори пурра ба кор даромаданаш солона то 150 миллион метри мураббаъ матоъҳои хушсифати пахтагӣ истеҳсол карда хоҳад шуд.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа ҳамчунин бо ҷалби навтарин технологияи соҳа дар зиёда аз 15 ҳазор гектар заминҳои боир, камоб ва нав обёришавандаи панҷ ноҳияи вилояти Хатлон кишти пахта ба роҳ монда шуда, боз қариб 15 ҳазор нафари дигар бо кор таъмин мегарданд.
Дар се ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара ва Ҷиликӯл се корхонаи пахтатозакунӣ бунёд меёбад, ки онҳо метавонанд дар як сол беш аз 80 ҳазор тонна пахтаро тоза намоянд.
Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳи чанд қисми низомӣ ва воҳидҳои махсуси Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ ҳам дидан карда, аз ҳолу аҳволи онҳо ва омодагии ҷангию касбиашон бохабар шуд.
Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирию ғамхории пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир шароити будубоши шаборӯзӣ, заминаи моддию техникии таълиму тарбия, таъминот бо техникаю аслиҳа ва муҳимоти дигари ҳарбии афсарону сарбозон ва кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, омодагии ҷангию касбии онҳо хеле баланд гардидааст.
Омодагии қавии онҳо, аз ҷумла зимни боздидҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қароргоҳҳои қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллии Тоҷикистон баръало аён гардид.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса ба даврони носозгории солҳои 90 асри гузашта дорои артиш ва неруҳои махсуси аз ҳар ҷиҳат таъмину муҷаҳҳаз, обутобёфта ва пуриқтидор мебошад, ки ҳайати шахсии онҳо бо ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии худ барои ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардуми шарифи кишвар ҳамеша омодагии қавӣ доранд.
Дар робита ба татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2014 бояд тазаккур дод, ки дар ин соли наку сиёсати «Дарҳои боз»-и Ҳукумати кишвар басо боровар буд. Тайи ду сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон як зумра санадҳои басо муҳим ба имзо расид, ки қариб ба ҳаҷми 10 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро дар назар дорад. Бори дигар метавон таъкид дошт, ки ба ин далел соли 2014-ро метавон соли қадамҳои устувор дар эҳёи Шоҳроҳи Абрешим номид.
Дар маҷмӯъ бошад, хотиррасон бояд намуд, ки, ғайр аз ин сафарҳо, дар соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон се сафари корӣ ба Федератсияи Россия, як сафари расмӣ ва як сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус, як сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сафари расмӣ ба Мамлакати Баҳрайн ва сафари давлатӣ ба Малайзия анҷом дод.
Ҳамчунин роҳбарони шаш давлати ба мо дӯсту шарики дигар, аз ҷумла Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан сафарҳои расмӣ ба Тоҷикистон анҷом доданд.
Рӯйдоди аз ҳама хотирмон дар самти таҳким ва густариши робитаҳои хориҷии Тоҷикистон раисии давлати мо дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва баргузор шудани ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳон дар шаҳри Душанбе буд.
Аз се сафари корӣ ба Федератсияи Россия яке барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочи, дувумӣ барои мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Федератсияи Россия ва Қирғизистон ва савумӣ дар охири сол ба хотири иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ буд.
Ҳамчунин аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба хотири анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба панҷумин ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки дар пойтахти ин кишвар- шаҳри Кобул баргузор гардид, боздид ба амал оварда шуд.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Арки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.
Масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя дар мулоқоти хоса оғоз ёфта, зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб идома ёфт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот, фазои дӯстию ҳамкорӣ ва дурнамои робитаҳои судбахши ду кишвари ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Афғонистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) ин кишвар Абдуррауф Иброҳимӣ ва вазири молияи он Ҳазрат Умар Захилвол мулоқотҳои судбахш анҷом дод.
Гузашта аз ин, дар шаҳри Кобул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Инҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни 5-уми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон буданд.
Мавзӯъҳои асосии ҳамоишҳои сеҷониба ва чаҳорҷонибаи роҳбарони кишварҳои мазкур баррасӣ ва тасмимгириҳои муштарак доир ба таҳкими амну субот дар минтақа ва дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои нафту газ, об ва дигар масоили мубрами рӯз буданд.
Зимни сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон пас аз анҷоми мулоқоту музокирот, ки дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, нуҳ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов ба натиҷаи мулоқоту музокирот баҳои баланд дода, ба дурнамои рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон изҳори хушбинӣ карданд.
Дар ҷараёни сафари якуми корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ҳадафи асосӣ аз он иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Машварати Ҳамкорӣ ва Тадбирҳои Эътимод дар Осиё буд, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва намояндагони гуногуни сохторҳои ҳукуматӣ ва соҳибкории ин кишвари бузург мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин Тоҷикистонро «ҳамсояи наку, дӯсти хуб ва шарики боэътимоди стратегӣ» номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноат кард.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ду сол боз ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Хитой аз 2 миллиард доллари амрикоӣ боло меравад ва солҳои наздик аз ҳадди 3 миллиард ҳам бояд боло равад.
Мулоқотҳои дигар бо раиси Шӯрои директорони Ширкати «Зиҷин Майнинг» Ван Ҷенхуа, роҳбари Ширкати «ТВЕА» Чжан Син, раиси Кумита оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Мин Ҷен Чжу, ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Хитой, роҳбари Ширкати «Чайна Петролиум» Ван Дун Ҷен, роҳбари Ширкати «Ҳайчен групп» Ҳуан Ҷянжун, узви Бюрои сиёсии марказӣ, котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи мухтори Синзяну Уйғур Чжан Чунсиан анҷом ёфт.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ҳам басо пурмаҳсул буд, зеро мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо имзои даҳ санади нави ҳамкорӣ анҷом пазируфт.
Дар охир Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус аз ҷониби сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расид.
Зимни изҳороти матбуотӣ роҳбарони ду давлат ба натиҷаҳои гуфтушунид баҳои баланд дода, дурнамои густариши робитаҳоро басо умедворкунанда номиданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба бахшҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дигар корхонаҳои саноатии Беларус васеъ бояд ҷалб карда шаванд. Тавре Александр Лукашенко изҳор дошт: «Ҷумҳурии Беларус ба ҷалби васеи қувваи корӣ аз Тоҷикистон манфиатдор аст».
Зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Беларус бо қарори Шӯрои илмии ин муассисаи олии таълимӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ин донишгоҳ сарфароз гардонда шуд.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Баҳрайн ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахш бо ин кишвари пешрафта раҳкушо шуд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри «Суҳайр»-и Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн баргузор гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Мамлакат шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъҳои Горди фахрии Подшоҳ, садо додани оҳанги Сурудҳои миллии ду кишвар, гузашт аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои фахрии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар ҳафт санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар охир сарони ду давлат бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо волотарин мукофоти давлатии Баҳрайн «Ал-Қилод ал-Халифӣ» (ордени Подшоҳӣ) сарфароз гардид.
Ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 супурда шуд.
Зимни сафари расмӣ ба Мамлакати Баҳрайн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раисони ҳар ду палатаи парлумон, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок намуд.
Дар форуми соҳибкорӣ аз ҳар ду ҷониб беш аз 200 нафар соҳибкорону тоҷирон ба ҳам омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш суханронӣ намуда, шахсан фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистонро ба соҳибкорони бонуфузи Баҳрайн муаррифӣ кард ва онҳоро ба ташкил ва густариши ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судбахш даъват намуд.
Мулоқоту суҳбатҳои зиёд бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар баргузор шуд, ки зимни онҳо тавофуқоти бисёри ҳамкорӣ ҳосил шуд.
Дувумин роҳбари давлати хориҷӣ, ки дар соли 2014 ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод, Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш буд.
Хотиррасон бояд намуд, ки миёни Тоҷикистону Латвия фазои хуби сиёсӣ ва заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, пас аз мулоқоту музокироти навбатии сатҳи олӣ миёни ду кишвари дӯст чор санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба густариши минбаъдаи робитаҳои судбахш мусоидат хоҳанд кард.
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ҳам ба Тоҷикистон пурсамар буд.
Бо изҳори ҳавасмандӣ ба тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зарурати осон намудани имконоти ҳамлу нақл ва транзитӣ, дарёфти роҳҳои нави иртиботӣ таъкид гардид.
Ҳар ду ҷониб доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва хатарҳои терроризму ифротгароӣ табодули назар намуда, ҳавасмандии амиқи худро ба таҳкими ҳамгироии минтақавӣ бар зидди чунин таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъйид намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Моҳи июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия сафари давлатӣ анҷом дод, ки басо пурсамар буд.
Сафари давлатӣ бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар саҳни Парлумони ин кишвар оғоз ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бонуи аввали кишвари моро Подшоҳи Малайзия — волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Сарвазири кишвари мизбон Наҷиб Абдурразоқ бо ҳамсараш истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам, Шоҳбону ва Бонуи аввали Тоҷикистон ба болои минбари подшоҳӣ гузаштанд ва Сурудҳои миллии ду кишвар садо дод.
Дар ин ҳангом ба ифтихори нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия ҳамчунин аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд.
Масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдураззоқ баррасӣ шуд.
Доир ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамкорие, ки миёни Тоҷикистону Малайзия дар соҳаи энергетика, аз ҷумла барои сохтмони як маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишти маҳаллӣ дар шаҳри Исфара ба роҳ монда шудааст, оғозбахши робитаҳои фарохи иқтисодию сармоягузории ду кишвар номида шуд.
Наҷиб Абдураззоқ пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташкили комиссияи муштараки ҳамкорӣ ва боздид аз Тоҷикистон хуш пазируфта, ин тадбирҳоро омили муҳими густариши робитаҳо миёни ду кишвар номид.
Ба рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ҳавасмандии ҳар ду ҷониб таъкид гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ як зумра санадҳо ба имзо расиданд, ки ба густариши заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Малайзия асос мегузоранд.
Зимни сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва собиқ Сарвазири Малайзия Маҳатҳир Муҳаммад вохӯриҳои судбахш анҷом дод.
Яке аз бандҳои муҳими барномаи сафари давлатӣ ба Малайзия иштирок дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи ду кишвар буд, ки дар он наздики 300 нафар аз ду ҷониб ҳузур доштанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан ва бевосита имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Зимни анҷуман ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд.
Дар охири анҷуман миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати миллии Малайзия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар шаҳри Путраҷая, ки пойтахти нави Малайзия ба шумор меравад, Сарвари давлати Тоҷикистон бо дастовардҳои намоёни он шинос шуд.
Зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои судманд ду ҷониб ба қарор омаданд, ки дар шаҳри Путраҷая Сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Ҷониби Малайзия изҳор дошт, ки то бунёд ёфтани бинои алоҳида онҳо ба сафорати мо қароргоҳи муваққатии иҷоравӣ пешкаш мекунанд ва се соли аввал бе пардохти иҷорапулӣ. Дар баробари ин, барои бунёди бинои алоҳидаи Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия замин ҷудо карда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳамин рӯз эътиборан Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия кори худро шурӯъ намояд.
Дар шаҳри Сайберҷаяи Малайзия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории кунунӣ ва ояндаи Тоҷикистон бо ин донишгоҳ суҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, ин донишгоҳ 8 ҳазор донишҷӯй дорад ва 80 фоизи он аз кишварҳои хориҷӣ аст. Аз Тоҷикистон бошад, танҳо дар ҳамин донишгоҳ наздики 40 донишҷӯй таҳсил мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар беш аз 200 нафар тоҷикон илм меомӯзанд.
Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи Лимкоквинг Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ин донишгоҳ сарфароз гардонда шуд.
Миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он оянда филиали ин донишгоҳ дар Тоҷикистон бунёд хоҳад ёфт.
Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон, ки чорабиниҳои марказиаш дар Маҷмааи давлатии «Қасри Миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, барои таҳким ва густариши робитаҳои судбахши ояндадор заминаи хуб гузошта шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд, ки зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва чор созишнома ба имзо расид.
Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустӣ баррасӣ шуд.
Барои иштирок дар ин анҷуман намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, бахшҳои хусусӣ ва сармоягузорони кишварҳои аъзо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақом ва ҳамаи иштирокдорони анҷуманро хайра мақдам гуфта, изҳори бовар намуд, ки ҳамоиши номбурда ба таҳким ва рушди минбаъдаи сармоягузорию соҳибкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон мусоидати фаъол мекунад.
Дар қисмати ифтитоҳии анҷуман ҳамчунин дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Иёд Амин Маданӣ, раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Либия Муҳаммад ал-Ғиронӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Муҳаммад ибни Сауд ал-Кабир, вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Судон Алӣ Аҳмад ал-Картӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмал ва мудири омили Ширкати «Қатари Диёр – Тоҷикистон» Камол Ҳиҷозӣ суханронӣ намуданд.
Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳии анҷуман Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо панҷ нафар иштирокдорони воломақоми ин ҳамоиш, аз ҷумла бо дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Иёд Амин Маданӣ, раиси Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир, вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Атифмол суҳбатҳои судбахш анҷом дод.
Давоми соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Дания, мудири Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур, муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоуглен, узви Раёсати ширкати «Сименс» Михаэл Зюс ва директори Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеративии Германия Штефан Колер, вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол, президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер, котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ, муовини аввали вазири авқофи Давлати Кувайт, раиси Маркази ҷаҳонии «Васатия» Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинден, раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқ, директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа, ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка доир ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ниша Десай Бисвал, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ, роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпф, роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Данн, вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад, фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Остин III, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, вазири иттилооти (амнияти) Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Алавӣ, вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон, раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издони Давлати Қатар шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ, губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Георгий Полтавченко, муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноура, президенти Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд Сума Чакрабарти, ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле, раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷӣ-Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер, Раиси Вулус Ҷиргаи (парлумони) Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуррауфи Иброҳимӣ ва бисёр шахсиятҳои маъруфу муътабари дигар мулоқотҳои судбахш анҷом дод.
Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан аз Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи дӯстони деринаи кишвари мо ба шумор меравад, барои барқарор намудани робитаҳои анъанавии ду ҷониб заминаи устувор гузошт.
Зимни баррасии имконоти фарохи ҳамкорӣ доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари ширкатҳои чехословакии «КОВО», «ТЕХНОПОЛ», «ПОЛИТЕХНА» ва «ДАТАСИСТЕМ» дар солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуд, ки оянда ҳам робитаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар густариши беш аз пеш пайдо мекунанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан ҳамчунин дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, ки бо ҳузури наздики 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ва намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду ҷониб ҷараён гирифт, иштирок намуда, намояндагони бахши хусусии ду кишварро ба густариши робитаҳои мустақими ҳамкорӣ ташвиқ карданд.
Моҳи сентябри соли 2014 Ҳасани Рӯҳонӣ — Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Душанбе шуд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри Миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба имзо расидани нуҳ санади нави ҳамкорӣ, ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ баргузор шуд, аз тавофуқоти зиёд барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳкими дӯстию бародарии роҳбарият ва мардумони ду кишвари ҳамзабон гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҳамин толор сарони давлатҳои Тоҷикистону Эрон тавассути пахши тугма чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2»-ро ба кор дароварданд. Ҳамин тариқ, ин иншооти бузург, ки самараи ҳамкории энергетикии ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон мебошад, пурра фаъол гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноатмандӣ карда, муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эронро дорои дурнамои бузург номиданд.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, тайи даҳ соли охир гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар афзуда, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими эронӣ ҳам ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб зиёд шудааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид дошт, ки «ба анҷом расидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» на анҷоми кор, балки оғози ҳамкории густурдаи иқтисодии Эрону Тоҷикистон, бахусус дар бахши энерҷӣ мебошад».
Дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва намояндагони воломақоми давлатҳо, ки барои иштирок дар ин ҷаласа ташриф меоварданд, мулоқотҳои судбахш анҷом дод. Чунин мулоқотҳо, аз ҷумла бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз доир гардид.
Бори дигар таъкид бояд дошт, ки рӯйдоди аз ҳама хотирмон дар самти таҳким ва густариши робитаҳои хориҷии Тоҷикистон раисии давлати мо дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва баргузор шудани ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи ҷаҳон дар шаҳри Душанбе буд.
Моҳи сентябри соли 2014 шаҳри Душанбе, бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф оварданд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш дар пойтахти Тоҷикистон сарони ҳамаи шаш давлати аъзои созмон-Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омаданд. Ба онҳо роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои нозири созмон ва меҳмонони олимақоми дигар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва мушовири сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба масоили сиёсию амниятӣ Сартоҷ Азиз ҳамроҳ шуданд. Дар кори ҳамоиш ҳамчунин намояндагони воломақом аз созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва роҳбарони сохторҳои кории Созмони Ҳамкории Шанхай иштироки фаъол доштанд.
Ҳамоиши мазкур дар бинои тозабунёди Кохи Наврӯз, ки ба як муъҷизаи санъати меъморӣ ва ороишии мардуми тамаддунофари тоҷик табдил ёфтааст, баргузор гардид. Дар ин бинои муҳташам, ки бо зеботарин усулҳои меъмории бостонию муосир сохта шудааст ва бо кандакории нақшу нигори назаррабо дар рӯи чӯб, гач, санг, шиша ва ҳам оина сохта шуда, оро ёфтааст, тамоми шароити зарурӣ барои баргузор намудани чунин ҳамоишҳои бузург ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ муҳайё мебошад.
Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.
Дар интиҳои ҳамоиш Эъломияи душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тартиби додани мақоми давлати узв, Стратегияи рушди созмон то соли 2025, ҷашнгирии 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, созишномаи байниҳукуматии давлатҳои аъзо доир ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва дигар санадҳо ба имзо расид.
Санадҳое, ки дар ин ҳамоиш мувофиқа шуда, ба имзо расиданд, аз ҷумла қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв ба қабули аъзои нав ба Созмони Ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Ҳамин тариқ, ҳамоиши Душанбегии ин созмони дорои нуфузи ҷаҳонӣ барои аъзои ояндаи он роҳро боз намуд.
Ин аст, ки зимни изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси роҳбари давлати раисикунанда дар Созмони Ҳамкории Шанхай сухан гуфт, ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши Душанбе пурарзиш ва таърихӣ номида шуд.
Дар баробари ин, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ҳамчунин бо сафари давлатӣ ташриф оварда буд.
Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри Миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни он ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани Сурудҳои миллии ду давлат ва 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардида, бо расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.
Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат оғоз ёфта, дар музокироти расмии ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз рушди бесобиқаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медиҳанд.
Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла ба имзо расидани бастаи калони санадҳои нав, хусусан Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ ва «Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2020»-ро намунаи хуби ҳусни ҳамсоягии ду кишвари ҳамсоя ва сатҳи боварию эътимод маънӣ доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ҳамроҳ агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»-ро ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Хитой расман оғоз бахшиданд.
Сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя-Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин нахуст ба Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ташриф оварда, агрегати дуюми навбати аввали онро бо пахши тугма ба кор дароварданд. Бо фаъол гардидани агрегати дуюм иқтидори барқии ин марказ ба 100 мегаватт баробар шуд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ба сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» оғоз бахшида шуд ва иқтидори барқии ин иншоот ба 400 мегаватт баробар хоҳад гардид.
Сипас, сарварони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ҳамроҳ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар маросими бошукӯҳи оғози сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Хитой иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, дарозии ин хатти газ дар ҳудуди Тоҷикистон 400 км буда, дар сохтмони он беш аз се миллиарду 200 миллион доллари амрикоӣ харҷ мешавад. Дар ҷараёни сохтмони ин иншооти азим, ки се сол идома меёбад, беш аз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд ва аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Дар 47 мавзеи масири сохтмон ба дарозии умумии 76 км нақбҳо канда мешаванд, ки 24-тоаш аз зери об мегузарад.
Бо ёдоварӣ аз 16 санаде, ки миёни Тоҷикистону Хитой ба имзо расид, иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни татбиқи онҳо беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки моҳи ноябри соли 2014 дар ҳошияи Гуфтугӯйи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мулоқот намуд, ки зимни он чор санади дигар ба имзо расид.
Ин санадҳо ҷалби беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоии дигарро ба иқтисоди Тоҷикистон дар назар доранд, ки дар маҷмӯъ ба 7,5 миллиард доллар мерасад.
Ба ин рақам агар маблағи лоиҳаҳои сершумори дигарро, ки аз ҷониби ширкатҳои хусусии Тоҷикистону Хитой амалӣ мешаванд, ҳамроҳ кунем, пас бо эътимод метавон гуфт, ки дар соли 2014 барои ҷалби қариб 10 миллиард доллари амрикоӣ сармоя аз ҳамсоякишвари Хитой ба ҷумҳурии мо заминаи ҳуқуқию қарордодӣ гузошта шуд.
Дар партави чунин дастовардҳо, ки воқеан бозгӯйи шарикии стратегии ду ҳамсоя аст, меҳмоннавозии ғайрирасмии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва Бонуи аввали Хитой Пен Лиюан, ки зимни нахустин сафари давлатии ин меҳмони олимақом ба Тоҷикистон дар қароргоҳи шаҳрии Президенти кишвар ороста шуд, басо табиӣ буд.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ — Бонуи аввали Тоҷикистон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ — Бонуи аввали Хитой Пен Лиюан ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон лаззат бурданд.
Ин шоми дӯстӣ бо намоиши маҳсули ҳунарҳои зебои тоҷикӣ, ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, заргарӣ ва ороишоти дигари миллӣ, ки атроф ва дохили қароргоҳро оро медоданд, саршор аз фазои форами фарҳангӣ шуд.
Зимни бозгашти Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ӯ ва ҳамсараш — Бонуи аввали Хитой Пен Лиюанро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Бонуи аввали кишвар гусел намуданд.
Меҳмони олимақом Си Ҷинпин, ҳамсари ӯ — Бонуи аввали Хитой Пен Лиюан ва ҳайати расмию ҳамроҳи онҳо аз Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти фораму гуворо баргаштанд.
Тавре аён аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарию роҳнамоии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ қадамҳои устувор гузошта, барои ободии бинои бегазанди давлатдории тоҷикон чораҳои пурсамарро амалӣ менамояд.
Барои татбиқи Стратегияи панҷсолаи рушди Тоҷикистон, ки давраи то соли 2015-ро дар бар мегирад, ҷалби 15 миллиард доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд. Вале дар натиҷаи амали пурсамари сиёсати «дарҳои боз» танҳо дар соли 2014 барои ҷалби қариб даҳ миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ замина гузошта шуд.
Танҳо дар ҳафт соли охир даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз чор баробар афзоиш ёфт, ки аз ҳамин гуна афзоиши ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, зиёд шудани даромадҳои аҳолӣ ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Се ҳадафи стратегии Тоҷикистон — таъмини истиқлоли энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳам, ки ҳадафи ниҳоӣ аз онҳо таъмини шароити зиндагии шоиста барои мардуми кишвар ва шуҳраи олам намудани давлатдории тоҷикон аст, собитқадамона амалӣ мегарданд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ