Таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳафтуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода вобаста ба иҷрои банди 4 Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯро аз 11 октябри соли 2016 «Дар бораи лоиҳаи «Таъсиси маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» гузориш дода, зикр намуд, ки ниҳоди мазкур дар заминаи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода мешавад ва ба ин хотир муҷаҳҳазгардонии 15 дафтари корӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин, тибқи лоиҳа дар 53 шаҳру ноҳия яктоӣ дафтари корӣ барои ташхиси пешакӣ ва корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ оид ба солимии ҷомеа таъсис меёбад. Мувофиқи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа, маблағи он 28 миллион сомонӣ буда, дар давоми 15 сол аз рӯзи ба фаъолият оғоз намудан татбиқ хоҳад гашт.
Насим Олимзода, ҳамчунин, дар хусуси лоиҳаи «Таъсиси Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан» иттилоъ дода, гуфт, ки он ҳамчун лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият мекунад.
- Татбиқи лоиҳа дар заминаи собиқ «Осоишгоҳи кӯдакона», воқеъ дар деҳаи Боботағои деҳоти «Гули Сурх»-и шаҳри Истаравшан дар ҳудуди 1,7 гектар дар назар дошта шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи лоиҳа 11,7 миллион сомонӣ буда, дар 2 сол аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ С. Муҳаммадиев ба истифода дода мешавад, — гуфт номбурда.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба рафти иҷрои сархати якуми банди 5 Протоколи №3-и Шӯро аз 8 декабри соли 2015 — лоиҳаи «Сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» гузориш дод. Зикр шуд, ки тибқи асосноккунии техникию иқтисодӣ чунин неругоҳ дар рӯди Шинги шаҳри Панҷакент бунёд мегардад, ки барои сохтмони он ду тарҳ пешниҳод шудааст: яке бо иқтидори 15 мегаватт ва дигаре бо иқтидори 18,6 мегаватт.
Ҳаҷми умумии сармоягузории лоиҳа дар тарҳи якум зиёда аз 29 миллион доллари ИМА ва дар дуюм зиёда аз 34 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст. Баландии садди неругоҳ мутаносибан 20 ва 25 метр ба нақша гирифта шудааст.
- Айни замон бо дастгирии молиявии Бонки рушди Осиё сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловаттаи Айнӣ — Панҷакент идома дорад. Ҳамзамон, корҳо доир ба бунёди Неругоҳи барқи ҳароратии «Фон — Яғноб» бо иқтидори 600 мегаватт, Неругоҳи барқи обии «Фондарё» бо иқтидори 135 мегаватт ва Неругоҳи барқи обии «Ёвон» бо иқтидори 160 мегаватт дар ноҳияи Айнӣ идома дорад, — гуфт Усмоналӣ Усмонзода. — Вақте неругоҳи хурд бо тарифи ҳар киловатт 6 сентӣ барқ истеҳсол кунаду дар бозори мо барқ 3 — 4 сентӣ бошад, истифодабарандагон кӯшиш мекунанд, ки аз системаи ягона (умумӣ) истифода баранду аз неругоҳи хурд даст кашанд. Шояд аз ҳамин сабаб хоҳишмандоне, ки қаблан дар ин лоиҳа саҳм гузоштанӣ буданд, андешаашонро дигар карданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба рафти иҷрои банди 2 Протоколи №3 Шӯро аз 8 декабри соли 2015 дар хусуси лоиҳаҳои «Сохтмони хатти роҳи оҳан» ва «Барқарорсозии системаи таъмини оби нӯшокӣ» дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» гузориш дод.
Баъди баррасии масъалаҳо Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки бо дарназардошти шарту шароити ҳар як лоиҳа асосноккунии техникии онҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ амиқ омӯхта, то ҷаласаи навбатӣ гузориши муфассал омода намоянд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ