Супоришҳои Президент дар амал

Дилашон бо забон якест

№46 (3192) 08.05.2014

Шаммае аз фаъолияти содиқона ва  пурмаҳсули аҳли хонаводае, ки саҳмашон  дар ободии диёр, ғановати буҷети давлат ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон арзанда  аст

1Зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон минҷумла зикр намуда буд: «Ҷиҳати ҷалби сармоя ва инкишофи соҳибкории истеҳсолӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар афзалият дода шавад». Табиист, ки дар ин раванд саҳми соҳибкорони бонангу номус хеле муассир буда, онҳо қодиранд дар татбиқи саривақтӣ ва самараноки лоиҳаҳои фавқуззикр саҳми бориз гузоранд.

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ фармуда: «Ҳар ки даҳ хислат шиори худ созад, дар дунёву охират комёб гардад: бо Худо ба сидқ, бо халқ ба инсоф, бо нафси худ ба қаҳр, бо дарвешон ба лутф, бо бузургон ба хидмат, бо хурдон ба шафқат, бо дӯстон ба насиҳат, бо душманон ба ҳилм, бо олимон ба тавозуъ ва бо ҷоҳилон ба хомӯшӣ». Ин хислатҳои накуи инсонӣ дар замири аҳли хонаводаи Дӯстмурод Ҳакимов нуҳуфтаву маҳз ҳамин хислатҳои ҳамида сафедие дар ҷодаи зиндагиву фаъолияташон гардидааст. Самимият ва садоқати аҳли ин хонадон  ба  миллату меҳан  ва Сарвари хирадсолори кишвар Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар сухан, балки дар амал низ баръало ҳувайдост.

Замоне ки  ба аёдати сарвари хонадон — Дӯстмурод Ҳакимов рафтем, номбурдаро хеле  бардам ва  бо табъи хуш  дарёфтем. Пайвандони номбурда гуфтанд,  ки вазъи саломатии  ӯ то сафари Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод, ки  даҳуми апрели соли равон сурат гирифт, чандон  хуб набуд. Вале ба шарофати сафари мазкур  амаки Дӯстмурод аз бистари беморӣ бархеставу баъд аз иштирок дар мулоқоти  Сарвари давлат бо аҳли ҷамоатчигии  ноҳияи Файзобод азми қавӣ  дорад, ки иштирокашро  дар корҳои бунёдкорӣ вусъат бахшида, 1000 гектар боғи нав бунёд намояд.

Вақте дар бораи вазъи кунунии кишвар сухан меронд, гиря гулӯгираш мекард, зеро,  ҳамзамон бо зикри дастовардҳои кунунии кишвар, беихтиёр  заврақи хаёлаш  ӯро ба гузаштаи на чандон дур мебурд, ки мамлакат дар вартаи парешониву  нобасомонӣ қарор дошт.  Аз он рӯзҳои мушкил ёдоварӣ менамуду аз даргоҳи Яздони пок тақвият ёфтани оромиву осудагии кишвар ва сулҳу ваҳдати миллиро илтиҷо менамуд.

2-Ҳолатҳое буданд, ки мо бовар надоштем, ки то пагоҳ зинда мемонем  ё  на. Дар бораи фаровониву осудаҳолӣ  ҳатто орзу кардан имконнопазир буд. Хушбахтона,  Худованд барои миллати мо  дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон  роҳбареро рӯйи кор овард, ки ба маънии томаш миллату меҳани моро аз вартаи нобудӣ вораҳонид, — мегӯяд амаки Дӯстмурод.

Ин фарди рӯзгордидаву хирадманд, ки обруву мақомаш дар ҷомеа маҳз самари меҳнати ҳалол асту суханонаш самимианд, дар бораи Роҳбари давлат ҳарф  мезад. Амаки Дӯстмурод ҳамчунон гуфт, ки оғози давлатдории  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд. Яъне, дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи  ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Хушбахтона,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ дар ҷодаи сиёсат, аз ин ҳодисаву воқеаҳо, аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омад ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату  миллатро ҳифз кард. Маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обруву эътибори Сардори давлат  афзуд ва  дар ниҳоди  сокинони кишвар эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкам гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиаш ба шаҳрвандони кишвар поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда,бо ин хислатҳои неки худ роҳи пешрафтаи мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтааст.

Хонаводаи амаки Дӯстмурод барои мардуми кишвар ҳоҷат ба муарррифӣ надорад. Маҳбубу муътабар будани аҳли ин хонадон, ки қисме дар мақомоти гуногуни давлатӣ ифои вазифа доранду қисмати боқимонда ба соҳибкорӣ машғуланд, аз меҳнати ҳалол ва поквиҷдониашон маншаъ гирифтааст. Фаъолияти қонунгузории яке аз фарзандони ин хонавода — Мироҷиддин Ҳакимов, ки айни замон вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, низ арзандаи ситоиш аст. Мунтазам ба мушоҳида мерасад, ки мавсуф ба сифати узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон рисолати намояндагӣ ва қонунгузории хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодааст. Номбурда доир ба ҳар як масъалаи мавриди баррасӣ андешаву пешниҳодоти асосноки хешро иброз менамояд. Аҳли ин хонавода аз шумори ватандӯстонанд, ки ба таъбири шоир «дилашон бо забон якест». Доираи  ободкориву созандагиҳои аҳли ин хонадон на танҳо ноҳияи Файзобод, балки манотиқи дигари кишварро низ фарогир аст. Таъсиси корхонаи ресандагӣ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, дар ноҳияи Спитамен таъмини фаъолияти муназзами корхонаи овозадори  орди ноҳияи мазкур ва ғайра аз ҷумлаи иқдомоти ватандӯстонаи фарзандони ин хонавода аст, ки бо ҳидояту дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон татбиқ гаштаанд. Дар доираи як мақола наметавон ҳама иқдомоти ватандӯстонаи ин хонаводаро ба риштаи тасвир кашид. Биноан, мо тасмим гирифтем танҳо як самти фаъолияти аҳли ин хонадонро, ки «муште аз хирвор» ва «қатрае аз баҳр»-ро шабеҳ аст, барои хонандагони рӯзнома бозгӯйӣ намоем. Манзури мо эҳёи фабрикаи парандапарварии ноҳияи Файзобод аст, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, ғановати буҷети давлат ва  фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нақши муассир дорад. Барқарорсозии ин фабрикаи азими парандапарварӣ, ки иборат аз 32 мурғхона аст, соли 2005, баъди супориши қатъии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, оғоз ёфт.

3

Ин коргоҳи азими дар айёми шӯравӣ бунёдёфта баъди фаъолияти пурсамари 21-сола, соли 1992 аз кор монд ва давоми чанд соли оянда харобу валангор гашта буд. Кор ҳатто то ҷое расид, ки болопӯшҳои  як қисм мурғхонаҳоро ба яғмо бурданду дар қисмати дигари мурғхонаҳо шахсони ба корхона умуман рабтнадошта  нигоҳубини чорворо  ба роҳ монданд. Ба маънои томаш корхона дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Соли 2005 бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёдкориву созандагӣ рукни асосии сиёсати хирадмандонааш аст, масъулин баҳри эҳёи корхонаи фавқуззикр вазифадор шуданд.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки пешниҳоди саҳмгузорӣ дар эҳёи он аз ҷониби роҳбарияти собиқи ноҳия ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ироа шуда буд, вале ягон нафари онҳо ба ин кор, ки маблағгузории зиёдро талаб менамуду бархӯрдорӣ аз манфиати ин иқдом дар ояндаи на чандон наздик имконнопазир буд, ҳавасмандӣ зоҳир накарданд. Маҳз дар ҳамин вақт  Дӯстмурод Ҳакимов бо фарзандони худ баҳри татбиқи супориши Президенти мамлакат собитқадамона иқдом намуд. Яке аз фарзандони амаки Дӯстмурод — директори генералии холдинги «Ганҷ» Акбар Ҳакимов бо ёдоварӣ аз марҳилаи аввали  эҳёи корхона зикр кард, ки  дар оғози кор на ҳама ба иҷрои муваффақонаи он эътимод доштанд.

-Бисёриҳо «муътақид» буданд, ки мо дар нимароҳ ноком хоҳем монд. Дастгирии бевоситаи Президенти кишвар ва азми қавиву нияти неки мо боис гаштанд, ки сарбаландона ин рисолати барои ин коргоҳ таърихии хешро ба сомон расонем,- афзуд номбурда.  Иқдомоти мо самар овард ва натиҷаҳои аввали фаъолиятамон соли 2008 барои аҳли ҷомеа ҳувайдо шуд.

4

Ёдовар мешавем, ки  30 майи соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ  ва боздид аз ҷараёни корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҶДММ «Мурғи ҳилол» низ ташриф овард. Аз марҳилаи аввали эҳёи корхона ёдовар шуда, Акбар Ҳакимов зикр кард, ки моҳи октябри соли 2007 аллакай 4 мурғхонаи он барқарор ва бо техникаю таҷҳизоти ҳозиразамони эронӣ муҷаҳҳаз  шуд. Соли 2008 4 мурғхона бо 93600 мурғи тухмдеҳ фаъолиятро  шурӯъ намуда, 3 мурғхонаи дигар барои қабули қариб 90 ҳазор мурғ омодаи кор  шуд. Баъдтар ин мурғхонаҳо низ ба фаъолият оғоз намуданд. Мурғхонаҳо тамоми шароити нигоҳубин, аз ҷумла таҷҳизоти механикии хӯрокдиҳӣ, тухмҷамъкунӣ, шабакаи мустақили барқу гармидиҳӣ  ва салқинкуниро  доро мебошанд. Ин нукта борҳо зимни боздиди меҳмонони дохиливу хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, сазовори баҳои баланд шуд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар ҷараёни амалисозии «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» саршумори паранда дар Корхонаи мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол»-и ноҳия ба 627 ҳазор  ва истеҳсоли солонаи тухм ба зиёда аз 98 миллион дона расидааст. Соли 2013 корхона ба маблағи умумии 57 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, барои таъмини бозори дохилӣ бо тухм ва гӯшти парҳезӣ саҳми намоён гузоштааст. Ҳоло кор дар самти боз ҳам беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона ҷараён дорад ва дар назар аст, ки то охири соли равон саршумори паранда қариб ба як миллион сар расонида шавад.

 

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Файзобод, 10 апрели соли 2014)

 

Зимни шиносоии Президенти мамлакат бо корхонаи дони омехтаи ин муассисаи парандапарварӣ роҳбарияти корхона иттилоъ доданд, ки корхона аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолот дар Осиёи Марказӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад ва дар сурати бо иқтидори пурра кор кардан метавонад тамоми корхонаҳои парандапарварии ҷумҳуриро бо хӯроки омехтаи серғизо таъмин намояд. Корхона соли 2008 дар ҳашт соати корӣ метавонист  200 тонна хӯроки омехта тайёр намояд. Ҳоло иқтидори ин коргоҳ бамаротиб афзудаасту бо насби технологияҳои фаронсавиву италиявӣ раванди фаъолияташ беҳбудӣ ёфтааст.

-Тамоми навгониҳои раванди фаъолияти корхона, аз ҷумла ташкили корхонаи мазкур, дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, — мегӯяд Акбар Ҳакимов. — Ҳамон вақт мо тасмим гирифта будем,  ки дар ояндаи наздик ҳамаи 32 мурғхонаро барқарор намуда, шумораи мурғи тухмдиҳандаро ба 1 миллиону 200 ҳазор сар расонем.  Бино ба гуфти номбурда, ҷой додани ин шумораи зиёд танҳо тавассути технологияи муосири нигоҳубин муяссар гаштааст, зеро дар даврони шӯравӣ бо ҳама қудрату тавоноияш ин фабрика ҳеҷ гоҳ аз 150 ҳазор сар мурғ зиёд надошт ва дар як рӯз ягон вақт аз 33 ҳазор  дона тухм зиёд ҷамъ намеовард. Шояд пешаи мурғпарварӣ барои бисёриҳо як машғулияти одӣ ба назар расад, вале Акбар Ҳакимов муътақид аст, ки он шабеҳи илмест, ки мунтазам такмил меёбаду на ҳар кас имкони бояду шояд аз худ ва татбиқ намудани онро дорад.

Санаи 10 апрели соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар оғози бунёди боғи нав ва мулоқот бо мардум ба ноҳияи Файзобод сафар кард. Акбар Ҳакимов аз он ифтихор менамояд, ки дар доираи ин сафар Роҳбари давлат боз ба раванди фаъолияти корхона мароқ зоҳир намуданд. Таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон иқдоми пешгирифтаи хешро дар нимароҳ намемонад. -Ин омил моро водор менамояд, ки фаъолиятамонро вусъат бахшида, онро дар сатҳи хуб ва сифати баланд роҳандозӣ намоем,- андеша дорад мавсуф.

Хеле рамзӣ буд, ки маҳз дар раванди  боздиди Сарвари давлат  лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми корхонаҳои мурғпарварии ҶДММ «Мурғи ҳилол» муаррифӣ шуд.  Аз суханони  Акбар  Ҳакимов бармеояд, ки дар ин марҳила, ки се солро дар бар мегирад, 61 мурғхонаи нав барои парвариши мурғи гӯштӣ бунёд меёбад. Дар 29-тои он ҳамасола то 6 миллион сар парандаи гӯштӣ парвариш хоҳад ёфт. Тибқи нақша, ҳар сол аз ин корхона 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ба бозор пешниҳод мешавад.  Нуктаи  аз лиҳози моҳият хеле муҳим  ва ҷолиби лоиҳа дар он зоҳир мегардад, ки барои таъмини босамари ин ҳадаф дар ин ҷо ҳамчунин инкубатор фаъол хоҳад шуд, ки ҳар сол 8 миллион сар чӯҷа бояд барорад. Чӯҷаҳо дар 12 мурғхонаи махсус муҷаҳҳаз парвариш хоҳанд ёфт. Бист мурғхонаи дигар барои мурғи модар пешбинӣ шудааст, ки тухми онҳо барои баровардани чӯҷаҳои гӯштӣ истифода хоҳад шуд. Дар марҳилаи якуми Корхонаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» 32 мурғхона барои парвариши парандаи тухмгузор омода шуда буд ва ҳоло дар онҳо тақрибан 500 ҳазор сар мурғ парвариш меёбад ва ҳамарӯза аз 250 ҳазор то 300 ҳазор тухм ба бозор пешниҳод мешавад. Аз соли 2008 инҷониб теъдоди кормандони корхона низ бамаротиб афзоиш ёфта, айни замон дар ин корхона наздики 600 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ояндаи наздик  дар назди корхонаи мурғҳои тухмгузор низ 12 мурғхонаи иловагӣ барои чӯҷаҳои мурғҳои тухмгузор бунёд ёфта, корхона қариб пурра худкифо мегардад. Ҳоло бошад, чӯҷаи мурғ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Омили дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар назди ҶДММ «Мурғи ҳилол» корхонаи инноватсионии биогаз низ бунёд меёбад, ки дар он аз поруи мурғ гази табиӣ, неруи барқ ва нуриҳои органикӣ истеҳсол хоҳад шуд. Ин таҷриба низ мисли таҷрибаҳои қаблии дар ин корхона амалигашта назир надорад. Дар ин корхона ҳамарӯза 120 тонна пору коркард шуда, аз он дар як шабонарӯз 12 ҳазор метри мукааб газ ва 1,2 мегаватт/соат неруи барқ тавлид мегардад. Давоми як сол дар ин ҷо 9 миллиону 100 ҳазор киловатт/соат неруи барқ истеҳсол хоҳад шуд.

Ҳаҷми солонаи истеҳсоли  нурии органикӣ бошад, ба 40 ҳазор тонна хоҳад расид. Барои бунёди корхонаҳои нави ҶДММ «Мурғи ҳилол» 63 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок аз Бонки Рушди АвруОсиё ҷалб шудааст.  Акбар Ҳакимов аз сатҳу сифати  ҳамкориҳояшон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгириҳои мунтазами бонки мазкурро ба ҷойгоҳи  хоса ва обруву эътибори  баланди Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста медонад.

- Ин нукта, — мегӯяд номбурда, — зимни мулоқотҳоямон бо раиси Раёсати бонки зикршуда Игор Финогенов  борҳо садо додааст. Мо ният дорем, ки баҳри татбиқи супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парвариши мурғи марҷонро низ роҳандозӣ намоем. Бо мақсади амалӣ кардани ин ҳадаф гуфтушунидҳо бо соҳибкорони Ҷумҳурии Латвия шурӯъ гаштаву ба наздикӣ корҳо дар ин ҷода оғоз мешаванд.  Табиист, ки афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама, иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварда, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватанро рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд. Ин аст, ки наслҳои ҷавони ин хонавода низ дар ҳамин рӯҳия ба воя расидаву дар ободии кишвар саҳмгузоранд. Далели ин Сироҷиддин Дӯстмуродов аст, ки ду маълумоти олӣ доштаву дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар таҳсил намудааст ва айни замон неруи зеҳнии хешро дар радифи падараш — Акбар Ҳакимов барои рушди бахши парандапарварии кишвар харҷ менамояд.

Дар маҷмӯъ, мо муътақид гардидем, ки азми аҳли ин хонавода дар самти саҳмгузорӣ дар бунёдкориву созандагӣ қавӣ буда, нияташон нек аст. Мо ба онҳо барор мехоҳем.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ