Дирӯзу имрӯзи сирки тоҷик

№70 (4653) 26.05.2023

СИРК_Страница_1Мусоҳиба бо директори генералии Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» Бахтиёр Раҳматуллозода

- Сирки тоҷик то имрӯз кадом марҳилаҳоро пушти сар намудааст?

-Тибқи нигоштаи донишманди асри ХV Ҳусайн Воизи Кошифӣ, дар асрҳои миёна миёни мардуми мо ҳунарҳои чашмбандӣ, масхарабозӣ ва торбозӣ ривоҷ ёфта буд. Ин ҳунарҳо пештар низ вуҷуд доштаанд. Ҳунармандон истеъдоди хешро асосан дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ба мардум намоиш медоданд, вале мафҳуми сирк ва нахустини гурӯҳҳои сиркбозон дар кишвари мо соли 1929 пайдо шуданд. Ҳамон сол дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ аввалин гурӯҳи сирк таъсис ёфт, вале бинои алоҳида надошт. Намоишҳо дар кӯчаву майдонҳо баргузор мешуданд. Аз сабаби набудани шароити мусоид пас аз муддате гурӯҳро ба Ӯзбекистон фиристоданд. Дертар гурӯҳҳои дигар низ ба вуҷуд омада, боз пароканда шуданд.

Соли 1977 дар яке аз мавзеъҳои зебои шаҳри Душанбе, байни кӯчаи Н.Қарабоев ва хиёбони Правда (ҳоло Саъдии Шерозӣ) бинои наву зебои Сирки давлатии Тоҷикистон бунёд ёфт.

Дар давраҳои гуногун дар сирки тоҷик шахсиятҳои наҷиб, мисли Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон П. Юсуфов, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон Т. Давлатов, ҳунармандон А.Турдиев, Р. Ёқубов ва Р. Урунова пурсамар фаъолият намудаанд, ки онҳоро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он низ мешинохтанд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сирки тоҷик муддате дар ҳолати ногувор қарор дошт, аммо ин ҳолат тӯл накашид. Яке аз сарсупурдагони соҳа Сафиаллоҳ Иззатуллоев кори сиркро аз нав ба роҳ монд. Он замон аксар ҳунармандон тарки кишвар карда буданд, вале ӯ тавонист ҳунармандони боқимондаро атрофи худ ҷамъ намуда, барои эшон шароит фароҳам орад. Ман ҳамон айём ба кор омадам.

-Дар даврони соҳибистиқлолӣ сирки тоҷик ба кадом дастовардҳо ноил шуд?

 -Ин давраро метавон марҳилаи нави рушди сирки тоҷик унвон дод. Дар ин марҳила ҳунармандони ҷавону боистеъдод ба кор ҷалб шуданд. Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаҳои ҷолиб ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ва берун аз он сафарҳои зиёд анҷом дод. Чанд сол қабл гурӯҳи торбозони тоҷик қариб як сол дар сафари ҳунарӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср қарор доштанд. Соли сипаришуда ҳунарманди сирк Муҳаммад Шарифзода ҳамчун мутахассиси соҳаи эквилибрис­тика 6 моҳ дар сафари ҳунарӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон буд. Ҳунарнамоии ӯ тамошобинони олмониро писанд омад ва имсол ӯро ба муддати се моҳ барои ҳунарнамоӣ ба шаҳрҳои дигари ин кишвар даъват карданд. Соли гузашта бо даъвати Ҷумҳурии Исломии Покистон гурӯҳи торбозони тоҷик дар ин кишвар ҳунару маҳорат намоиш доданд.

Бояд зикр кард, ки дар ташкили сафарҳои якҷояи ҳунармандони сирк ба хориҷи кишвар ҳанӯз душвориҳо вуҷуд доранд. Барои ин, пеш аз ҳама, маблағи зиёд лозим аст.

Сирки тоҷик имрӯз бо бисёр сирк­ҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои ИДМ, ҳамкорӣ дорад. Қариб ҳар сол дар толори сирки Душанбе сирки кишварҳои гуногун барномаҳои хешро пешкаши тамошобинони тоҷик менамоянд.

Муваффақияти дигари сирки тоҷик ин аст, ки дастпарварони мо Манижа Ҳанифова ва Мадина Назарова дар Фестивали бозиҳои делфӣ, ки соли 2013 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия баргузор шуд, бо медали биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.

- Оё нархи чиптаҳо барои тамошобинон дастрас аст ва умуман имрӯз толор аз тамошобинон пур мешавад?

- Мо тамошобинони худро дорем. Аксари онҳо дар ҳамаи намоишҳо иштирок менамоянд. Масалан, аз 21-ум то 26-уми марти соли равон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаро зери унвони «Наврӯзи Ватан» омода намудем. Толор пур буд, ба баъзеҳо ҳатто чипта нарасид.

Дар хусуси арзиши чиптаҳо ҳаминро гуфтаниам, ки мо арзиши онро паст карда наметавонем, зеро харҷамон зиёд аст.

- Омода намудани мутахассисони ҷавони сирк чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Чанд сол қабл аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 довталаб аз рӯи 8 жанр — эквилибристика, акробатика, жонглёр ва чашмбандӣ дар Омӯзишгоҳи давлатии санъати сирк ва эстрадаи ба номи Румянсеви шаҳри Москва таҳсил карда, пас аз хатми он дар сирк ба кор қабул шуданд. Илова бар ин, соли гузашта 10 ҳунарманд дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин такмили ихтисос намуданд.

Соли 2001 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди Сирки давлатии Тоҷикистон Студияи ҳунарҳои сиркӣ таъсис дода шуд. Ба студия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки истеъдод ва ба сирк шавқу рағбат доранд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»