ҶДММ «Равғани Сомон» фаъол мешавад?

№92 (4675) 14.07.2023

1016609231_0_218_2867_1830_1920x0_80_0_0_a9b1cd83a1ac7f51399036a2c9fef31eПрезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мунтазам бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ суҳбатҳои хотирмон анҷом медиҳанд. Нуктаи муҳими чунин суҳбатҳои самимии Президент бо мардум аз гузаштаи худ ёд кардану талқини меҳнатдӯстӣ аст. Дар яке ёдовар мешаванд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ чӣ тавр ба гурезагон гандум додаанду дар дигаре аз пешаи деҳқонӣ мегӯянд. Дар сеюмӣ доир ба китобҳои хондаи як донишҷӯ суҳбат мекунанду дар чорумӣ аз хӯроку нонпазиҳои зани деҳотие…

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон охири соли гузашта доир ба фаъол намудани корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусие, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, ба мақомоти дахлдор вазифаҳои мушаххас дода, аз ҷумла таъкид намуданд, ки вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.

«Ҳар вақте ки ба шаҳри Бохтар меравам, маро махсус ба кӯчае мебаранд, ки Корхонаи равғанкашӣ ҷойгир аст. Ҳамон корхонае, ки ман фаъолияти меҳнатиамро аз он шурӯъ кардаам, вале ҳоло валангор аст. Роҳбарияти вилояти Хатлон, соҳибмулкон ва соҳибкорон, ҳадди ақал, ба хотире ки Сарвари давлат фаъолияти меҳнатиашро аз ҳамин корхона оғоз намудааст, корашро барқарор кунед», — таъкид карданд Президенти мамлакат.

Вобаста ба ин супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои гуногуни вилояти Хатлон муроҷиат кардем.

Мудири шуъбаи иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Баҳром Миров гуфт, ки дар ин маврид ягон маълумот надорем. Сармутахассиси шуъбаи саноат ва энергетикаи вилоят Маҳмадрасули Исмоил низ изҳори норозигӣ кард.

Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода иттилоъ дод, ки аз Дастгоҳи иҷроияи Президент барои бозсозию ворид кардани таҷҳизоти замонавӣ мактуб омадааст. Номбурда гуфт, ки агар таҷҳизоти нав ҳам ворид кунанд, мушкили набудани ашёи хом боқӣ мемонад.

ДАР СУҲБАТИ РОҲБАРИ КОРХОНА

Корхонаи равғанкашӣ, ҳоло ҶДММ «Равғани Сомон» ном дорад. Мо бо роҳбари он Карим Раҳмонов доир ба фаъолияти корхонаи мазкур ҳамсуҳбат шудем.

- Кори корхонаи мо мавсимӣ аст. Ҳоло кор намекунем ва кормандонамон дар рухсатии бемузданд, — гуфт дар аввали суҳбат Карим Раҳмонов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ҳоло мушкили асосии корхона набудани ашёи хом аст. Ӯ мегӯяд, ки солҳои пеш хоҷагиҳои деҳқонӣ ба корхона чигит месупориданд, вале ҳозир ин тавр нест. Ҳар кадоме мувофиқи шароит ба корхонаҳои хусусӣ чигиташонро мефурӯшанд.

- Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳамчунин чанд нафар аз ҷумҳуриҳои Чин ва Ӯзбекистон ба корхона омаданд. Умед дорем, ки мушкилоти мавҷуда роҳи ҳал меёбад, — афзуд Карим Раҳмонов.

Мувофиқи маълумоти даст­рас, ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз қонеъ аст.

Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

 

 P.S.    Вобаста ба таъмини ашёи хом, ки дар матлаби мазкур таъкид шудааст, дар шумораи №24 (4607)-и рӯзномаамон аз 13 феврали соли равон зери унвони «Манфиати таҷдиди корхонаҳои равғанбарорӣ кадомҳоянд?» мақола чоп шуда буд. Мутаассифона, то ин дам на аз Вазорати кишоварзӣ ва на аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бораи зиёд кардани майдони кишти зироатҳои равғандеҳ ҷавобе нагирифтаем.